Маҳфили “Фурӯғ” бо ғолибони озмун дар Китобхонаи миллӣ
Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ пайваста маҳфили “Фурӯғ” –ро бо довталабони ин озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир менамуд. Ин навбат бо ҷамъбаст гардидани даври ниҳоии ин озмун дар соли 2024 маҳфилро бо ғолибони озмун баргузор кард.
Дар маҳфил ғолибони номинатсияҳои адабиёти кӯдакон, адабиёти муосир, адабиёти классикӣ ва эҷоди наср миёни гурӯҳи якуми довталабон ширкат карданд. Азизи Азиз-адиби дӯстдоштаи бачаҳо ва ровии ҳамешагии маҳфили мазкур дар оғоз ба иштирокчиён ғолибияташонро шодбош гуфта, ба онҳо дар таҳсилу фаъолияти минбаъдаашон барору комёби таманно намуд.
Насле, ки ба китоб рӯ овардаасту беиҷбор китоб мехонад аз ояндаи дурахшони миллат дарак медиҳад – иброз дошт Азизи Азиз.
Иштирокдорони дар ҷараёни маҳфил ба меҳмон ва ровии барнома суолҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои дақиқ гирифтанд.
Азизи Азиз ба суоли он ки иштирокдорони даври ниҳоӣ бояд бо чи гуна тайёри ҳозир шаванд чунин посух гуфт: “Даври ниҳоии озмун даври ҳалкунанда буда, аз довталаб дониши дақиқ маҳорати хоси суханвариро талаб мекунад. Ҳамчунин, дафтари довталабон хеле муҳим аст ва онро бояд хуб ҷобаҷогузорӣ кард, то барои ҳакамон фаҳмо бошад. Аз рӯи дафтар алакай маълум мешавад, ки довталаб то куҷо ба озмун омода шудааст”.
Дигар нуқтаи муҳиме, ки мавриди суҳбат қарор гирифт, он буд, ки довталаби “Фурӯғ…” бояд ҳатман номинатсияро дуруст интихоб кунад ва аз рӯи низомнома тайёри бинад,чун мо дар ҷараёни озмун бисёр мушоҳида мекунем, ки довталаби номинатсияи кӯдакона даҳҳо ғазал аз Ҳофизу Бедил медонаду миқдори асарҳои номинатсияи интихобкардааш хеле кам аст.
Азизи Азиз ҳамчунин ба иштирокдорон ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таъкид дошт, ки ҳамеша китобхониро идома диҳанд ва новобаста аз озмун пайваста ҳамнишини китоб бошанд.
Бояд қайд намуд, ки хонандагони шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ пайваста дар озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” яке аз озмунҳои бисёр ҷиддӣ ва пуртарафдор аст, ки ҳамасола даҳҳо чеҳраҳои навро рӯи кор меорад.
Маҳфили “Фурӯғ” дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” баргузор гардида, ҷараёни он тариқи телевизиони мазкур пурра намоиш дода мешавад.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа