Охирин маҳфили “Хандарез” дар соли 2024
Дар шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконоташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили “Хандарез” доир шуд.
Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода оғоз намуда, меҳмонону хонандагони шуъбаро хушомадед гуфт.
Ҳунармандони Театри миниётураи “Ойина” бо барномаҳои ҷолибу зебои солинавӣ хотири аъзоёни шуъбаро шоду хуррам гардониданд.
Ҳамчунин аз ҷониби хонандагону ширкатдорони шуъбаи хидматрАсонӣ ба шахсони имконоташон маҳдуд шеърҳо дар васфи Тоҷикистон, Бобои Барфӣ, фасли зимистон, мактаб, арча қироат шуда, бо туҳфаҳои зебову арзанда ҳавасманд гардиданд.
Шуъбаи хидматрАсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ аз сохторҳои фаъоли Муассиса аст, ки пайваста барномаҳои хубу баёдмонданӣ барои хонандагонаш баргузор менамояд.
Кормандони шуъба тасмим гирифтаанд Соли нави мелодиро низ рӯзи 26-уми декабр соати 14 бо шукуҳи хоса ва бо ширкати ҳунармандону овозхонони аъзои шуъба ва ҳунармандони маъруфи кишвар баргузор намояд. Қарор аст, дар ин барномаи солинавӣ як гурӯҳ сарпарастону хайрхоҳон, ки бо шуъба ҳамкории зич доранд, дасти кӯмак дароз намуда, маълулонро бо тӯҳфаҳои солинавӣ хушҳол намоянд.
Бояд зикр намуд, ки ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва ашхоси сарватманду дарёдил бо шуъбаи зикршуда ҳамкории зич дошта, пайваста дасти кӯмак дароз мекунанд.
Ин шуъба маҳфилҳои гуногунрангу пурмуҳтаво зиёд дорад, ки таҷлили Рӯзи ҷаҳонии маъюбон гувоҳи гуфтаҳои болост. Дар он ҳунармандони пуровозаву маъруф ширкат намуда, ба барнома рангу ҷилои хос мебахшанд. Ширкатҳову шахсони саховатпеша бо туҳфаҳои гуногун, аз қабили маводи ғизоӣ, сару либосу попӯш, маводи беҳдоштӣ, ҷузвдон ва дигар ашёҳои заруриву муҳим шахсони нуқсонҳои ҷисмонидоштаро болидаруҳ мегардонанд.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.