Хидматҳои шоистаи олимони тоҷик дар соҳаи тиб. Бахши дуюм

соҳаи тибАбумансур ибни Алӣ Ҳиравии Азҳарӣ маъруф ба Муваффақи Ҳиравӣ (ваф. 981).Табиб ва дорушиноси маъруфи аҳди сомонӣ. Ӯ зиёда аз 595 навъи доруро бар ҷадвале кашид ва дар он дараҷаи таъсирнокии онҳоро муъайян намуд. Аввлаин олиме буд, ки китоби тиббии порсии дарӣ бо номи “Ал-абния ъан ҳақоиқу-л- адвия” навишт. Он натиҷаи таҷориби чандинсолаи ӯ ҳангоми сафари кишварҳои гуногун буд, ки ба хотири гирд овардани маводди илмӣ сурат гирифта буд. Аз ин китоби ӯ дар аксар манотиқи олами асримиёнагӣ (аз шарқ то ғарб) истифодаи амиқ кардаанд.

Ҳаким Майсарӣ ё Муяссарӣ аввалин табиби тоҷик аст, ки рисолаи тибби худ- “Донишнома”-ро бо назм дар шакли маснавӣ навишт. Вай аз ҷумлаи аввалин шоиронест, ки мавзуъҳои илмиро ба риштаи назм кашидааст.

Абумансур Ҳасан ибни Нуҳи Қамарӣ маъруф ба Абумансури Бухороӣ. Аз ҷумлаи бузургтарин уламои илми тибб дар олами ислом буд. Ҳамзамон Закариёи Розӣ ва устоди Ибни Сино буд. Шуҳрати табибии ӯ то ҳадде мунташир шуд, ки Мансури Сомонӣ (961-976) ӯро бар дигар табибони бузург тафзил дод ва амалии илмии ӯ ба уламои тибб дар қуруни вусто бузург аст. Ба дасти ӯ китобҳои арзишманде чун “Китоб илалау-л-алил”,”Маҷмуаи кабир дар адвияи муфрада”,”Муолиҷоти Мансурӣ”, ”Рисола дар илоҷи амрози садр”, “Мақола дар марази истисқо”,”Китоби ғино ва муно” таълиф шудаанд.

Абуяъқуби Аҳвозӣ яке аз табибони донишманд ва маъруфи беморхонаи Азудуддавлаи Дайламӣ дар Бағдод шуҳрати азим ёфт ва ӯ дар миёни уламои гуногун ба сар бурда, бори дигар собит намуд, ки уламои тоҷик ҳамеша аз ҷумлаи аламбардорониулуми пизишкӣ ҳастанд. Бештаре аз осори илмии ӯ аз миён рафтаанд, магар китоби “Рисола фӣ моа-л-ъасал”-и ӯ ки акнун маълум аст.

Абӯлҳасан Муҳаммади Табарӣ низ аз ҷумлаи табибони маъруфи Дайламиён- табиби дарбории Рукнуддавлаи Дайламӣ буд, ки китоби маъруфи “Ал-муъолиҷоту-л-Буқротия” аз ӯст, ки то ба имрӯз расидааст.

Яке аз бузургтарин донишмандони форс-тоҷик Алӣ ибни Аббос Маҷусии Аҳвозӣ (ваф.994), ки ӯро севвумин табиби бузурги исломӣ донистаанд, аз ҷумлаи табибони бузурги олам аст. Аз ихтироъгарони бисёр варзидаи доруҳои табобатӣ дар олам шинохта шудааст. Ӯ доруҳои ихтироъкардаашро аввал дар ҳайвонот озмоиш мекард ва баъдан ба табобати мардум пешниҳод менамуд ва ҳамеша дар ин роҳ муваффақият ба даст меовард. Яке аз асосгузорони фармакалогияи таҷрибавии Шарқ аст. Китоби “Ал-маликӣ” (ё “Комилу-с-синоъат”)-и ӯро дар тибби амалӣ аз “Ал-қонун”-и Ибни Сино бартар донистанд. Вай дар китобҳои худ қариб ба тамоми табибони машҳури олам интиқод гирифта, ба онҳо баҳои феълӣ додааст ва кам табиб аст, ки аз тозиёнаи танқиди ӯ раҳида бошад. Иддае аз уламо бар инанд, ки баъд аз шуҳрат ёфтани Ибни Сино на осори илмии Аҳвозӣ, балки номи ӯ ба гумномӣ рафтааст, ки бад-ин сабаб аз ӯ камтар ёд карда мешавад. Ӯ аввалин табиби маълуми олам аст, ки бемории бод (рак)-ро дар сатҳи баланди донишварӣ ҷароҳӣ кардааст. Таъсири ӯ ба Аврупо бузург аст ва дар он манотиқ бо номи Ҳалиаббас маъруф аст.

Исо ибни Яҳё маъруф ба Абӯсаҳли Масеҳӣ (ваф.1010). Табиб, файласуф ва мунаҷҷими бузург. Яке аз устодони Ибни Сино буд. Вай ба ҳангоме ки якҷоя бо Ибни Сино аз биёбони Хоразм ба Хуросон мерафт, дар роҳ аз ҷаҳон гузашт. Аз ӯ якчанд китоби арзишманд то имрӯз расидааст. Китоби маъруфи ӯ “Ал-моия фӣ-с-саноъати-т-тиббия” дар илми тибб бисёрсоҳа маҳсуб мешавад, он қариб тамоми абвоби тиббро дар бар мегирад. Дар қуруни вусто ба ин китоб эътибори зиёд дода ва аз он чи табибон ва чи донишҷуёни соҳаи тибб фаровон истифода кардаанд.

Абӯсаъиди Ямомӣ (ваф1030). Табаби донишманд ва мунаҷҷими маъруфи форс-тоҷик, ки дар Басра ба сар мебурд, дар имтидоди умри бобарокати хеш тавонист эътибори илми тоҷикро дар миёни намояндагони миллатҳои дигар боз ҳам баландтар бардорад ва аз худ осори гаронбаҳоеро бозгузорад, ки машҳуртарини онҳо аз ҷумла дар илми тибб иборат аз “Китоб дар муъолиҷаи амрози хосса ва ғайрихосса мувофиқи ҳар шаҳр, мизоҷ ва ҳар синн”, “Рисола дар пиндошти илми тибб”, “Рисола дар имтиҳони атиббо ва кайфияти тамйизи байни табоқати онҳо” ва ғайра аст.

Абӯлхайри Хоразмӣ Хаммор ибни Сивар ибни Бобобаҳром (ваф.1048). Аз бузургони донишмандон. Файласуф ва табиби маъруф, ки дар дарбори Хоразмашоҳиён бо Ибни Сино якҷоя хидмати дарбор мекард. Аз такмилкунандагони илми тибб ва фалсафаи ислому ҷаҳон аст. Агарчи бештари осори ӯ фалсафист, вале боз ҳам китобҳое дар илми тибб таълиф кардааст, ки дорои аҳаммияти хоссаанд. Асарҳои тиббии “Мақола фӣ халқи-л-инсон ва-т-таркиби аъзоиҳи”, “Китобу-л-ҳавомил”ва ғайра, дар такмили илми тибб хидмати арзанда кардаанд.

Абуқосим Абдурраҳмон ибни Алии Нишопурӣ маъруф ба Ибни Абиссодиқ (ваф.ним.дув.қ.XI).Табиби маъруфи форс-тоҷик. Эътибори ӯ дар миёни атиббо то ҷое будааст, ки ба Буқроти Сонӣ мулақаббаш кардаанд. Китобҳои мутаъаддиде навиштааст, ки аз миён рафтаанд, магар ин ду китоб, ки то ба имрӯз расидаанд: “Шарҳи фусули Буқрот” ва “Шарҳи масоили Ҳанин”.

Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ, маъруф ба Ибни Сино (980-1037)- чаҳорумин табиби бузурги олами ислом аст. Дар маҷмӯъ то 400 адад будани асарҳои ӯ маълум аст, ки қисмате аз онҳо нобуд шудаанд. Аз ҷумла илми тиббро дар ҷаҳон тараққӣ дод ва кашфиётҳои зиёд кард. Дар аломатшиносӣ (семиотика), ташхис (диагностика) ва назарияи илмии табобат навигариҳои зиёд ворид кард. Аввалин бор дар ҷаҳон ӯ сохти амиқи чашмро муайян кард. Фарқи миёни вабову тоъун, ҷузом (махав) ва доъулфил, зотулҷанб (варами пардаи шуш) ва зотуриё (варами шуш)-ро маълум намуд. Сирояткунанда будани бемории гул (чечак)-ро собит сохт. Бемориҳои дигаре чун менингит, қанд (диабет) – ро аввалин бор маълум намуд. Усули дардшиносии перкусия (ангуштзанӣ) – ро ҷорӣ кард. Дар илми ҷарроҳӣ ихтирооти зиёде кард, аз ҷумла ҷарроҳии саратон, шикастабандиҳо ва ғайра. Дар улуми терапевтӣ (муъолиҷӣ), вабошиносӣ, фарзия дар бораи мавҷуд будани микробҳо, дар дорусозӣ кушоишҳои азим кард. Ҳоло зиёда аз 70 намуд доруи муъайянкардаи ӯ дар тибби ҷаҳонӣ фаъол аст. Доир ба табобати дил даҳ намуд дору ихтироъ кард. Дар ҷаҳон аввалин китобро доир ба муъолиҷаи дил (Адвияту-л-қалбия) – ро ӯ навишт. Дар бораи бемориҳои рӯҳӣ табобатҳои корӣ пешниҳод кард ва амалӣ намуд.

Китобҳои тиббии ӯ дар тамоми давраи қуруни вусто ҳамчун китобҳои аввалиндараҷаи дарсӣ дар макотиби олии Аврупо омӯзонида мешуд. Китоби “Қонун”-и ӯ ҳанӯз дар қарни дувоздаҳум ба лотинӣ тарҷума шуда, тамоми олами ғарбро ба худ мафтун сохт ва дар имтидои ҳафт қарни баъд асоситарин китоби таълимию амалии табибони Аврупо будааст ва бидуни шакк Синоро қадимтарин шоҳсутуни тибби Аврупо донистаанд ва бисёр истилоҳоти тиббие, ки имрӯз табибони тоҷик ба лотинӣ менависанд, ҳамон офаридаҳои Сино ва дигар табибони бузурги мост, ки акнун дар асари ғафлату бехабарӣ онҳоро моли ғарбиён медонем. Ҳатто имрӯз ҳам мо аз тибби Сино дар донишгоҳи олии тиббии худ огоҳ нестем ва таълим намегирем, дар сурате, ки усулҳои табобатии ӯ дар шароити иқлимҳои худии шарқии мо таҷриба шудаву натиҷаҳои олитарин додаанд ва бидуни шакк имрӯз ҳам барои иқлими мо беҳтар аз дорую давои дигари ақолими бегона хоҳад буд. Ғафлат варзидаем, ки тибби офаридаи ӯ бо дар назар гирифтани мизоҷи мардуми мо ба миён омадааст. Вале чӣ илоҷ, ки рӯҳи миллии мо аз колбуди худ дар ҳолати берун шудан ва дар колбудҳои бегонаи “олами тараққию инкишоф” даромадану мунҳалл гаштан аст.

(Идома дорад)

Ибни Қурбон: “Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим”. Душанбе, соли 2007.

Хонандагони муҳтарам метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.