Маҳфили “Родмардони Ватан” бахшида ба Рўзи Артиши миллӣ
Шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ Рўзи Артиши миллиро имрўз бо ширкати маълулон ва кормандони Китобхона таҷлил намуд. Дар ин нишаст, ки “Родмардони Ватан” ном дошт, муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода Рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба мардуми кишвар табрик гуфта, орзуи осоиштагиву ободии Ватан намуд ва ҷавононро барои ҳифзи ин марзу бум даъват кард.
Раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон Шавкат Мирзоев аз таърихи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қисса намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки соли 1992 бо Фармони Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон Артиши миллӣ Тоҷикистон таъсис ёфт. Мирзоев ҳамчунин идома дод, ки аввалин сафороии ҳарбӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ, ки имрӯз бинои нави Китобхонаи миллӣ низ дар ҳамин қаламрав ҷой гирифтааст, 23-юми феврали соли 1993 баргузор гардид ва ин рўз – Рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ эълон шуд.
Шавкат Мирзоев дар идомаи суханрониаш афзуд: Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо гузашти солҳо ба як неруи муташаккил ва пурқувват табдил шуд. Артиши Тоҷикистон аз аввалин солҳои таъсисаш дар ҳимояи сохти конститутсионии кишвар бо мухолифони мусаллаҳ дар набард шуд ва тӯли ин солҳо таҷрибаи хуби ҷангӣ ҳам ҳосил кард. Аз лиҳози техникаву лавозимоти ҳарбӣ пуриқтидор гардид. Родмардони Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ шомил шуданд ва бо ғизову либос таъмин гардиданд. Ҳоло Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз артишҳои пурқувватарин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
-Мо интернатсионалистон давомдиҳандаи кори иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳастем, – гуфт ӯ ва илова кард, ки мо бо ҷавонон дар ҷузву томҳои Қувваҳои мусаллаҳ вохӯрда, бо онҳо доир ба таърихи ташкилёбии Қувваҳои мусаллаҳ, ҳамчунни корномаҳои падарону бобоёнамон дар набардҳои хунини солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва корзори ҷанги дохилӣ нақлҳо мекунем.
Бояд гуфт Асоосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҷавононро ҳушдор медиҳанд, ки ҳеч вақт зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва таърихи давлатдории тоҷиконро фаромўш насозанд.
Дар бахши фарҳангии маҳфил ҳунармандон аз зумраи хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ҳунарнамоӣ ва хотири иштирокдоронро шод карданд.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.