Маҳфили “Тоҷикшиносӣ”- “Сарнавишти тоҷикон дар асари “Ҷомеъ-ут-таворих”-и Рашидуддини Фазлуллоҳ”
Маҳфили “Тоҷикшиносӣ” ҳамчун фазои муколамаи илмӣ ва бозшиносии арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат, боз як мавзӯи муҳимро мавриди баррасӣ қарор дод.
Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатиро зери унвони “Сарнавишти тоҷикон дар асари «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ” бо иштироки муаррихи шинохта, доктори илмҳои таърих, профессор Сайфуллоҳ Муллоҷонов баргузор намуд.
Нахуст, муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода маҳфилро ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, аз ҷумла асари гаронбаҳои «Ҷомеъ-ут-таворих» андешаронӣ кард. Зикр гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳо, пеш аз ҳама, ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифати таърихӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, махсусан миёни донишҷӯён, роҳандозӣ мешаванд.
Таъкид шуд, ки Маркази “Тоҷикшиносӣ” дар доираи фаъолияти худ пайваста бо баргузории маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ ба тарғиби арзишҳои миллӣ ва шинохти амиқи таърихи пурғановати тоҷикон мусоидат менамояд.
Сипас, профессор Сайфуллоҳ Муллоҷонов бо маърузаи муфассал ва таҳлилӣ баромад намуда, паҳлуҳои мухталифи асари «Ҷомеъ-ут-таворих»-ро мавриди баррасии илмӣ қарор дод. Ӯ зимни суханронӣ ба масъалаҳои марбут ба ҷойгоҳи тоҷикон дар раванди таърих, инъикоси онҳо дар манобеи хаттӣ ва аҳамияти таҳқиқоти муосир дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Қайд гардид, ки «Ҷомеъ-ут-таворих» муҳимтарин осори Рашидуддини Фазлуллоҳ буда, барои нахустин бор дар таърихи ҷаҳон кӯшиши фарогири таълифи таърихи умумиҷаҳонӣ бо диди нисбатан бетарафона анҷом дода шудааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, аз ҷумла Василий Бартолд, ин асар нахустин намунаи таърихи фарогири миллатҳо ва тамаддунҳои умумиҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Дар идомаи маъруза, оид ба рӯзгор ва фаъолияти илмиву давлатии Рашидуддин маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Зикр шуд, ки ӯ дар хонаводаи табиб ба дунё омада, то мартабаи вазири давлати Элхониён расидааст. Хислатҳои баланди инсонӣ, аз ҷумла адолатпарварӣ ва ғамхорӣ нисбат ба мардум, ӯро ба яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърих табдил додаанд. Бо вуҷуди ин, сарнавишти ӯ фоҷиабор анҷом ёфта, бо иттиҳоми марбут ба заҳролудсозии Улҷойту Худобанда ба қатл расонида шудааст.
Ҳамзамон, дар ҷараёни маҳфил фазои фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи кишвар рангоранг гардида, ба он ҳусни тоза бахшид.
Дар қисмати ҷамъбастӣ иштирокчиён суолҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои муфассал ва илмӣ аз ҷониби профессор Сайфуллоҳ Муллоҷонов дарёфт карданд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази “Тоҷикшиносӣ” то имрӯз як қатор маҳфилҳоро дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Забони миллат – ҳастии миллат», «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон», «Нақши сиккаҳо дар шинохти давлати Сомониён», «Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва васоити электронии ахбор дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва таҳкими андешаи миллӣ», «Санъати хонасозии мардуми ориёӣ – аз варҷамкати Ҷамшед то хонаҳои анъанавии тоҷикони Бадахшон» ва «Чакан – мероси шигарфи фарҳанг», «Куруши Кабир-Зурқарнайн» ва «Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар:Таҳаввули таърихии ҳуқуқи инсон ва нақши Пешвои миллат дар эҳёи ин арзишҳо” ва дигар мавзуҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ баргузор намудааст.
Баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ дар замони муосир аҳамияти хоса дошта, ба таҳкими худшиносии миллӣ, густариши донишҳои таърихӣ ва тарбияи насли огоҳу масъулиятшинос мусоидат менамояд. Маркази “Тоҷикшиносӣ” бо идомаи чунин иқдомҳо метавонад ҳамчун минбари муҳими илмӣ дар роҳи эҳё ва тарғиби мероси ғании таърихию фарҳангии миллат нақши боз ҳам муассир гузорад.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа