“Се суоли Нозанин” – барномаи телевизионии тозабунёд

Ровии барномаи тозабунёди  “Се суоли Нозанин” чунин мегӯяд: “Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки суолҳоям зебо, чаззоб ва нозанин бошанд.”

Дар шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  боз як барномаи телевизионӣ тарҳ гирифт. Ин барномаи тозабунёд “Се суоли Нозанин” унвон дошта, дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ гаштааст. Барнома дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони кудакону наврасон – «Баҳористон» баргузор мегардад.

Озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тУли 8 сол мешавад, ки бо роҳандозӣ ва сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишварамон баргузор мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки барнома бесабаб “Се суоли Нозанин” унвон нагирифтааст. Нозанини Шӯҳрат – ровии барнома худ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ҳамчунин ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Ту қалби Тоҷикистонӣ Душанбе” мебошад. Нозанин тасмим гирифтааст, ки беҳтарин суолҳоро барои иштирокчиён ва довталабони Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” омода ва пешкаш созад, то посухгӯяндагон бори дигар дониш ва хотираи худро сайқал диҳанд. Ӯ мегӯяд: “Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки суолҳоям зебо, чаззоб ва нозанин бошанд.”

Нозанин дар рафти барнома бо чаҳор намояндаи чаҳор номинатсияи дар Озмун вуҷуддошта ҳамсуҳбат шуда, ба якояки онҳо мувофиқ ба номинае, ки иштирокчиаш ҳастанд, суолҳо пешниҳод намуд. Воқеан ҳам суолҳои Нозанин суолҳое буданд, ки ҷузъиётҳоро аниқ месозанд, ҷавоб ба ин суолҳо сужаи ассарро дар хотир ҷилвагар менамояд.

Нозанин аз миёни хонандагони толори “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-и шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони Китобхона бо иштирокчиёни номинатсияҳои номбурда ҳамсуҳбат гашт.

Иштирокчӣ аз номинатсияи адабиёти бачагона Усмоналӣ Файзуллозода, аз номинаи адабиёти классик Мирова Айша, аз номинатсияи адабиёти муосир Марям Ҳалимзода ва аз адабиёти ҷаҳон Азизов Эҳсон ба суолҳои Нозанин ҷавоб гуфтанд. Бояд қайд кард, ки ному насаб, ҷавоб ба суол, миқдори ҷавобҳои мусбат – ҳама ба инобат гирифта мешаванд, то дар охири сол дар барномаи ҷамъбастӣ ғолиби барнома муайян гардад. Чуноне ки гуфтем, суолҳо гуногун буданд, аз қабили:

Бо ин сухан яке аз ҳикояҳои маъмули адабиёти бачагон ба итмом мерасад. Ба фикри Шумо сухан дар бораи кадом ҳикоя меравад ва муаллифаш кист? “Ман фаҳмидам, ки барои одам бузургтарин хурсандӣ бо одами нағз вохӯрдан будааст.”(Адабиёти бачагона)

Ба ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ,

В-арна Рустам ба чӣ боис сари Сӯҳроб хурад… – мисраҳои зерин аз кадом навъи шеърӣ гирифта шудаанд ва ба кӣ тааллуқ доранд? (Адабиёти классик)

«Дев бо одам наёмезад, матарс

Як мисраи бисёр ҳам маъруфи Шайх Саъдии Шерозӣ, дар охири яке аз асарҳои муосири точик мисол оварда шуда, вобаста ба ин мавзӯъ суханони хубе низ қайд карда шудааст. Сухан дар бораи кадом асар меравад ва муаллифаш кист? (Адабиёти муосир)

Ду писарбачае, ки аз ду табақаи тамоман гуногуни иҷтимоӣ буда, муддате ҷойҳои худро иваз мекунанду ҳарду ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд? 

Сухан дар бораи кадом асари ҷаҳонӣ меравад ва ба қалами кӣ тааллуқ дорад?

Ба ҳамин монанд суолҳо пешниҳоди хонандагон-иштирокчиёни Озмун гаштанд.

Дар зимн, мақсад аз таҳияи барномаи мазкур як навъ санҷидани донишу маҳорат, ақлу заковат ва сатҳи омодагиву ҳозирҷавобии иштирокчиёни озмуни Ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад.

Дар идома бо таманниёти хуб ва тавсияи пайваста ҳамнишини китоб ва дар ҷустуҷӯи илму дониш будан Нозанини Шуҳрат барномаро ҳусни анҷом бахшид.

“Шояд иштирокчии навбатии барномаи “Се суоли Нозанин” худи шумо гардед!”

Муҳидинова Махфират