Маҷмуаи санадҳои асосии Байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон(нашри сеюм)
Мураттибон: Ализода З., Сафарзода Б., Саъдизода Ҷ., СолеҳзодаА.У. Муҳаррири масъул: Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маҷмуаи санадҳои асосии Байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон(нашри сеюм) дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2012 №678 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гирд оварда шуда, аз нигоҳи забонию имлоӣ таҳрир шудааст.
Таҳиягарон дар пешгуфтори китоб овардаанд, ки Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳадафи худро бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.
Дар ин робита, Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба санадҳои асосии байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамроҳ гардида, қонунгузории миллӣ бо стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон мутобиқ гардонида мешавад.
Яке аз принсипҳои асосӣ дар раванди тасдиқи санадҳои асосии байналмиллаии соҳаи ҳуқуқи инсон тарҷумаи расмӣ бо забони давлатӣ мебошад, ки дастрасии аҳолиро барои шиносоӣ бо матни он осон мегардонад. Ин таҷриба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амалӣ шуда, доираҳои илмӣ – академӣ ва коршиносони соҳа матни санадҳои асосии байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонро бо забони тоҷикӣ тарҷума намудаанд.
Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2008) ва таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (соли 2009) яке аз вазифаҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи инсон муайян карда шуд.
Барои расидан ба ин ҳадаф аз воситаҳои гуногун, аз қабили вохўриҳо бо аҳолӣ, чорабиниҳои омўзишӣ, баромад дар воситаҳои ахбари омма, нашри мақола дар матбуоти чопӣ ва электронӣ, тарҷума, таҳия ва нашр намудани маводи иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи инсон истифода бурда мешавад.
Бо мақсади иҷрои самараноки вазифаи зикршуда Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013 -2020 таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 678 аз 12 декабри соли 2012 тасдиқ гардид. Дар доираи амалисозии Барномаи мазкур соли 2016 санадҳои асосии байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Тоҷикистон тасдиқ намудааст бо забони давлатӣ тарҷума гардида , бо санадҳои асосии миллии соҳаи ҳуқуқи инсон дар шакли маҷмўа ду маротиба нашр карда шудаанд.
Пас аз амалисозии мувафаққонаи Барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 565 аз 30 декабри соли 2021 Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул гардид, ки идома додани фаъолиятро дар самти ташвиқу тарғиби санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон пешбинӣ мекунад.
Аз ин лиҳоз, нашри сеюми Маҷмуаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон бо илова намудани баъзе санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ва қонунгузории миллӣ дар ин самт ва бо дарназардошти зарурияти корӣ ва дархостҳои зиёди алоқамандон нашр ва пешниҳод карда мешавад.
Зебонисо Давлатова,
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон