Забон донӣ – ҷаҳон донӣ!

ФармонИнак, иқдоми навбатӣ ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи забономӯзӣ ва забондонӣ ба тасвиб расид, ки боиси хушҳолӣ ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонист.

Албатта, забономӯзӣ ва илмандӯзӣ дар кишвари маҳбуби мо озод асту ҳар фарди худогоҳ бо маърифат намудани шароиту ҳолати ҷомеаи ҷаҳонӣ худро ба омӯзишу таълим мезанад ва мавқеи хешро дар қадамгоҳи дилхоҳ фаъолият мустаҳкам менамояд. Вале ин ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар амал ҷорӣ шуд, такони бузурге дар роҳи ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаро гирифтани кормандони мақомоти давлатӣ мебошад.

Бидуни шак ин иқдоми шоиста будаву такони ҷиддӣ барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалии муассисаву корхонаҳои давлатӣ мебахшад. Ин ҳам сутуданист, ки мақомоти давлатӣ вазифадор мегарданд, ки дар доираи имконияти худ коллективи хешро дар ин самт ва пардохти маблағи омӯзиши забонҳои хориҷӣ роҳнамоӣ кунанд.

Дар навбати худ роҳбарияти Китобхонаи миллӣ барои кормандони Муассиса аллакай омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро пешниҳод намудаанд, ки дар марҳилаи баъдӣ забонҳои олмонӣ ва куриёӣ низ роҳандозӣ карда мешавад.

Зимнан ёдовар мешавем, ки дар Китобхонаи милли ҳамчунин омӯзиши забонҳои куриёӣ, русӣ, англисӣ ва олмонӣ барои хоҳишмандон чандин сол аст, ки ба роҳ монда шудааст. То имрӯз даҳҳо нафар ин давраҳои омӯзишии забонҳои хориҷиро хатм намудаву соҳиби шаҳодатномаҳо гаштаанд.

Барои омӯзиши ин забонҳо беҳтарин мутахассисон ҷалб шудаанд.

Хоҳишмандон метавонанд ҳар вақти барояшон муносиб худро барои омӯзиши ин забонҳо номнавис кунанд.

Маълумоти иловагиро метавон аз тариқи телефонҳои: 93 569 40 04  ва 221-04-10 дарёфт кард.

Мавзуна Орумбекова, садори шуъбаи менеҷмент ва маркетинги КМТ.