Маъюбон – дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон
Ҳамасола 8-уми июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи шахсони имконияташон маҳдуд (маъюбон) таҷлил мешавад. Мақсад аз таҷлили ин сана ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, ташкилоту идораҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мушкилоти маъюбон ва масъалаҳои маъюбӣ ҳамчунин таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва таъмини шароити муносиб барои онҳо мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 қайд намуданд, ки ҳоло дар мамлакат 5277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор дорад, ки таҳти ҳимояи иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор доранд.
Боиси ифтихор ва намунаи ибрат аст, ки Пешвои муаззами миллат дастгирии ин табақаи аҳолиро меҳвари сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаашон қарор дода, маҳз дар ин замина ятимону маъюбон ва пиронсолони бекасу танҳоро таҳти назорати қатъии худ гирифта, пайваста дар таъмини шароити иҷтимоии ин қишри ҷомеа саҳми арзанда доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон атрофи мушкилот ва дастгирии маъюбон таъкид менамоянд, ки шахсони имконияташон маҳдуд ҳамеша ба дастгирии шахсони бонангу ори миллат ва ҳар фарди худшиносу худогоҳ, ки пешаашон инсондӯстию ватанпарварӣ мебошад, ниёз доранд ва мо бояд нисбати тақдиру ояндаи ҳаёти онҳо бетараф набошем.
Дар Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҳамешагӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” аз 29 декабри соли 2010, № 675 қабул гардида, аз 17 декабри соли 2020 № 1739 ба он тағйиру иловаҳо ворид гардида, такмил дода шудааст.
Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” дар моддаи 29, ки ҳуқуқи маъюбон ба таъминоти иҷтимоӣ ном дорад, дар 4 банд чунин муқаррарот пешбинӣ гардидааст:
- маъюбон ба гирифтани нафақа, кумакпулӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд;
- маъюбоне, ки кор мекунанд, новобаста ба гирифтани нафақа ба тамоми намудҳои кумакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ҳуқуқ доранд.
- маъюбон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафтуомади ройгон ё имтиёзнок ба ҷои табобат вобаста ба протезмонӣ ва тавонбахшӣ ҳуқуқ доранд;
- ба оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, инчунин ба падар ё модари танҳои маъюб, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии иловагии иҷтимоӣ расонида мешавад.
Дар маҷмӯъ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” тамоми масъалаҳои таъминот ва кафолатҳои иҷтимоӣ барои маъюбон пешбинӣ гардидааст ва ин нақши асосӣ доштани сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ин гурӯҳи осебпазири ҷомеа нишон медиҳад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ барои ба мутолиа фаро гирифтани шахсони дорои имконияти маҳдуд, шуъбаи махсус бо номи Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон фаъолият менамояд, ки дар он тамоми шароит барои ин қишри ҷомеа фароҳам оварда шудааст. Дар ин шуъба китобҳо бо хатти брайлӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ муҳайё буда, ҷиҳати болидарӯҳии онҳо пайваста чорабиниҳои гуногуни илмӣ-фарҳангӣ баргузор мегардад.
Алиева Маҳбуба – мутахассиси
шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.