Ман нораму ман нурам, ҳақгӯ лаби Мансурам…  

Имрӯз адиби шинохта, Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ҷашни зодрӯз дорад. Зулфия Атоӣ аз зумраи шоиронест, ки миёни мардум соҳибобрӯст ва аз ҷумлаи пурхонандатарин шуарои асри муосир ба шумор меравад.

Зулфия Атоӣ (Атоуллоева Зулфия) 15 июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1970 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз соле барои таҳсил ба Институти адабии ба номи М. Горкий дар шаҳри Маскав рафт ва дар бахши назм таҳсилро давом дод.

Соли 1977 баъди хатми Институти адабии ба номи Максим Горкий ба шаҳри Душанбе баргашта, то соли 1983 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») бо кори рӯзноманигорӣ машғул гашт. Ӯ аз соли 1983 то соли 1985 дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза») ба ҳайси мудири шӯъба, аз соли 1985 то соли 1990 дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ҳамчун муовини сардабир фаъолият кардааст.

Аз соли 1990 то соли 1993 дар хона машғули корҳои эҷодӣ ва тарбияи фарзандон буд.

Дар солҳои 1993-2015 ба ҳайси сардабири маҷаллаи «Фирӯза» фаъолият кардааст.

Шеърҳои Зулфия Атоӣ ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, руминӣ, қирғизӣ ва дигар забонҳо тарҷума гашта, дар баёзу китобҳои дастҷамъӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои мухталифи кишварҳои дунё интишор гаштаанд.

Зулфия Атоӣ дар наср низ қувва меозмояд. Қиссаи ӯ «Ғамро намефурӯшанд» ва дигар мақолоту ҳикоёташ дар қисми дуввуми дуҷилдаи «Зулфи парешон» гирд омадаанд. Дар сафи аҳли адабиёту фарҳанг ба кишварҳои Эрон, Покистон, Русия, Украина, Ҳоланд, Олмон, Гурҷистон, Амрико, Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон ва ғайраҳо сафари эҷодӣ анҷом додааст.

Асарҳои офаридааш то ба имрӯз «Ҷиҳоз» (1977), «Дидор» (1980), «Меваи сабр» (1982), «Зочаи хушрӯи ман» (1984), «Духтари дарё» (1986), «Ишқи як зан» (1992), «Ситораи ваҳшӣ» (бо ҳуруфи форсӣ, 1997), «Ситораи Муштарӣ» (1998), «Зан агар ошиқ шавад» (2001), «Зулфи парешон» (дар ду ҷилд, 2002), «Парандаи баҳорӣ» (ба забони русӣ, 2004), «Сояи зулф» (2005), «Девони зулф» (2009), «Там, где восходит и заходит солнце» (2013, Санкт-Петербург, бо ҳамроҳии шоираи рус Валентина Сергеева), «Бе ситора нестам…» (2019), «Фасли андешаву орзу» (2020) ва ғайраҳо мебошанд.

Дар маҷмӯаи «Зиндагӣ дар шеър» (2012) мақола, мусоҳиба ва андешаҳои арбобони маъруфи адабиёт оид ба эҷодиёти Зулфия Атоӣ гирд омадаанд.

Инчунин мураттиб ва муҳаррири китобҳои «Ахтари чархи адаб», «Дуруд, эй ишқ» ва ғайраҳост.

Зулфия Атоӣ барандаи ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ (1985) мебошад. Соли 1997 бо ордени «Шараф» мукофотонида шуд. Аълочии маориф ва Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2005 ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ сазовор дониста шуда буд.

Соли 1997-2010 шарафи саҳми арзанда дар рушди адабиёт ба унвони олии адабии Шоири халқии Тоҷикистон сазовор шудааст.

Соли 2011 барои густариши робитаҳои адабии Тоҷикистону Русия ба ордени «Дили Данко» сазовор донистаанд. Барандаи ҷоизаи адабии «Парвини Эътисомӣ» (Эрон), дипломанти озмуни байналмилалии ЮНЕСКО «Ҷабҳаҳои муосири назм» ва мукофоти адабӣ-фарҳангии «Товуси тиллоӣ» (Санкт-Петербург) мебошд.

Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1979, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (1980), Шоири халқии Тоҷикистон (2011) мебошад.

 Маркази ҷирмҳои осмонии Лондон (Англия) 15 июни соли 2018 – дар зодрӯзи адиби тоҷик дар кайҳон ситораеро таҳти рақами 25290_415 ба номи «Зулф» сабти ном кардаанд.

Аз Зулфия Атоӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва шеърҳоро метавонед бихонед:

 

Дидор: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 96 с.

Зочаи хушрўи ман: Шеърҳо. – Душанбе: Маориф, 1984. – 16 с.

Духтари дарё: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 112 с.

Меваи сабр [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе:  Адиб, 1988. – 64 с.

Ишқи як зан [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе, 1992. – 160 с.

Ситораи муштарӣ [Матн]: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе:  Адиб, 1998. – 128 с.

Зан агар ошиқ шавад… [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе: Сурушан, 2001. –  64 с.

Сояи зулф [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 2005. – 256 с.

Девони зулф [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 2009. – 532 с.

Суруди духтар; Хаёл [Матн]: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1970. – 13 ноябр

Ҳафт духтар [Матн]: Шеър // Маориф ва маданият. – 1973. – 8 март.

Андеша [Матн]: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод . – 1974. – 16 ноябр.

Ҳафт пайкар [Матн]: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1975. – №8. – С. 41.

Хоҳарон [Матн]: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1976. – 4  феврал.

Чун ёри манастӣ; Заҳри хиёнат [Матн]: Шеърҳо // Наврўз муборак. – Душанбе, 1985. – С. 96-97.

Забони оташин; Роҳи ман; Эҳсоси дил; Лабханди гул [Матн]: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 10 апрел.

Ватан [Матн]: Шеър // Молия ва ҳисобдорӣ. – 2014. – №7. – С. 4.

Садбарг аз Тоҷмаҳал [Матн]: Доир ба мақолаи «Садбарги Хайём»-и мутахассиси забон ва адабиёти англис, шодравон Алишер Убайдуллоев // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 7 апрел.

Тоҷик нашуд сархам; Тоҷикистон [Матн]: Шеърҳо // Фирўза. – 2017. – сентябр-октябр. – С. 14.

Дар бораи шоира

Мактубҳои устод М. Турсунзода [Матн]: Ба шоира Зулфия Атоуллоева // Маориф ва маданият. – 1978. – 26 сентябр.

Зиёӣ, С. «Ишқи як зан»-и рустоӣ [Матн]: Мавзўи ишқ дар ашъори шоира Зулфия Атоӣ // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 8 июл.

Хуросонӣ, А.М. Зиндагӣ дар шеър [Матн]: Роҷеъ ба мунтахаби «Девони зулф»-и Зулфия Атоӣ // Девони зулф. – Душанбе: Адиб, 2009. – С. 3-16.

Олимзода, Қ. Девони зулф [Матн]: Шеър ба Зулфия Атоӣ // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 12 июн.

Набизода, С. Занам,  бигзор, бошам зан ҳамеша! [Матн]: Роҷеъ ба фаъолияти шоираи шинохта Зулфия Атоӣ // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 15 март.

Фазл, С. «Занам, бигзор, бошам зан ҳамеша!» [Матн]: Порае аз эҷодиёти шоираи ширинкалом Зулфия Атоӣ // Маърифати омўзгор. – 2018. – №3. – С. 14-15.

Ин шеър аз ӯст:

ДУШМАНИ ШЕЪР

Занҷир барои чист? Болу парам оташ зан!

Шеърам чу намехонӣ, бар дафтарам оташ зан!

Ман нораму ман нурам, ҳақгӯ лаби Мансурам,

Андеша барад дурам, фикри сарам оташ зан!

Ман рози ниҳонатро аз чашми ту мехонам,

Беному нишон хоҳӣ? Бому дарам оташ зан!

Оташ ба китобам зан, бар зулфу суробам зан,

Ҳар сафҳаи хунрезам, шеъри тарам оташ зан!

Бо қалби ғазалгӯям чун духти шаҳаншоҳам,

Бадбахт маро хоҳӣ? Тахти зарам оташ зан!

Гар шеъру ғазал гуфтан шарманда маро созад,

Ин қалби гунаҳафзо, хунёгарам оташ зан!

Гар аз қадаҳи лола як ҷуръа бихӯрдам май,

Ту лолаи лабҳоро бо соғарам оташ зан!

Дар байни ҳазорахтар истораи ман ҳам ҳаст,

Гар даст расад алъон, ту ахтарам оташ зан!

Ман лангари худ мондам дар пушти сухансангар,

Ҳар лангарам оташ зан, ҳам сангарам оташ зан!

Як рӯз биёӣ гар бар гӯри хамӯши ман,

Гулҳои хазонгашта, хокистарам оташ зан!

Шуъбаи библиографияи миллӣ.