Маърифат. Истеъдод чист?

ИстеъдодИстеъдод завқ қудрат, лаёқат, маҳорат, мувофиқати дараҷаи баланди қобилиятҳое, ки барои анҷоми бомуваффақияти ин ё он фаъолият имкон медиҳанд. Унсурҳои таркибии истеъдоди инсон; тафаккур, ҳис, ирода, тахайюл, диққат, тамаркуз, таваҷҷуҳ, ҳофиза, таҳлил, ҳадс, тавоноии ҷисмонӣ, неруи зеҳнӣ ва ғайра мебошанд.

Истеъдод дар ҳама арсаҳои фаъолияти инсон: илмӣ-таҳқиқотӣ, корҳои роҳбариву ташкилӣ, омўзгорӣ, ҳарбӣ, варзиш ва ғайра зоҳир мегардад. Моҳиятан истеъдод дар натиҷаи рушди қобилиятҳои фард ба вуҷуд меояд.

Истеъдодро самари илҳоми илоҳӣ (Афлотун, Сенека, Посидонӣ, Плотин, қисман Демокрит), иродаву хиради инсон (Ҳераклит, Эпикур, Арасту, Ибни Сино), неъмати илоҳӣ (асрҳои миёна), қобилияти зотию фитрӣ, ки тадриҷан бо касб кардани маҳорат ва таҷрибаҳои мушаххас ошкор мегардад, маҳсули таълиму тарбия (Ҳелветсий, Т. Рибо) ва ғайра донистаанд.

Аз назари равоншиносӣ ҳар як инсон дар ин ё он соҳа истеъдод дорад. Масъалан, истеъдоди баъзеҳо дар дарки илмҳои дақиқ, ҳуманитарӣ, хонишу таҳсил, баъзе дигар, баръакс дар корҳои ҷисмонӣ ё сурудхонӣ зоҳир мешавад. Ба ақидаи муҳаққиқон, агар тарбия аз хурдсолӣ тибқи талаботи меъёрҳои дурусти илмӣ сурат гирад, имкон дорад, ки фард дар ин ё он соҳа ба дастовардаҳои баланд ноил шавад.

Олимон дар марказҳои мушаххасгардонии истеъдоди кўдакон (дар кишварҳои пешрафта) бо усулу озмоиши содаву дақиқи илмӣ муайян мекунанд, ки кўдак ба чӣ майли бештар ва дар кадом соҳа истеъдод дорад. Дар ин замина барои фароҳам овардани воситаҳои зарурии рушди истеъдоди кўдак ва роҳҳои сайқал додани он тавсияҳо медиҳанд. Ташаккул ва инкишофи исеъдод ба хусусиятҳои анатомӣ-физиологии мағзи сар, узвҳои ҳис, шароити иҷтимоӣ- таърихӣ ва фаъолияти инсон вобаста аст.

Мувофиқати қобилиятҳо, ки асоси истеъдодро ташкил медиҳанд, дар ҳолатҳои алоҳида хусусияти худро дошта, танҳо ба шахси муайян таалуқ доранд. Истеъдод дар ҳар соҳа (масалан, мусиқӣ, рассомӣ, риёзиёт, забон, техника), дар давраҳои гуногун (маъмулан, дар синни бачагӣ ва дар соҳаи адабиёт, илм ва ғайра дар синну соли дертар) зоҳир мегардад.

Истеъдод дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолият чандин қобилиятро дар бар мегирад. Масъалан, истеъдоди омўзгор дар баёни равшани фикр, нутқи мантиқӣ, муошират ва муносибати дуруст бо талаба, ҷустуҷўи воситаҳои зарурии таъсиррасонӣ ба шахсият зоҳир мегардад; истеъдоди бадеӣ мувофиқати қобилиятҳои умумӣ (барои анҷом додани фаъолиятҳои гуногун) ва махсус (барои машғул шудан бо кори муайян – мусиқӣ, рассомӣ, адабиёт ва ғайра)- ро  дар назар дорад. Барои инкишофи истеъдоди бадеӣ тафаккуру ҷаҳонбинии васеъ, мушоҳидаи нозук, маҳорати эҷодӣ ва ғайра нақши муҳим дорад.

Муаллифон: С. Расулов, А. Нуров.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 617.

Таҳияи Марзия Зардодхонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ