Масъалаи бунёдкориҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат

Китоби Насруддин Охунзода “Масъалаи бунёдкориҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат ва инъикоси он дар нашрияи “Ҷумҳурият” (2001-2010)” соли 2024 дар нашриёти Истеъод ба нашр расидааст. Дар он масъалаи бунёди сохтмонҳои азим ва раванди бунёдкориҳои кишвар дар суханронӣ ва Паёмҳои Сарвари давлат ва маводи нашрияи “Ҷумҳурият”, ки дар доираи мавзуи илмии “Инъикоси бунёдкориҳои азим ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар публитсистикаи муосир (1992-2020)” роҳандозӣ шудааст, мавриди таҳқиқу таҳлил қарор гирифтааст.

Китоб ба омӯзгорон, донишҷӯён, пажуҳишгарони публитсистика ва рӯзноманигорон тавсия шудааст.

Дар пешгуфтори китоб муаллиф навиштааст, ки пас аз Истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуқуъ пайваст ва барои рушди онҳо имкон фароҳам омад. Дар зимн, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала дар кишвар корҳои бузург ба сомон расонида шуд. Марҳалаи аввали тақдирсоз ва омили асосии пешрафт таъмини сулҳу субот дар кишвар маҳсуб меёбад Маҳз бо талошу пайкор ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, пеши роҳи хунрезӣ гирифта шуд ва Ваҳдати миллӣ таъмин гардид. Ба ин маънӣ, даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ тантанаи сулҳу субот дар мамлакат мебошад.

Бо расидан ба Ваҳдати миллӣ раванди бунёкориҳо – кандани нақбҳо, сохтмони роҳҳо ва неругоҳҳои барқи обӣ дар кишвар вусъати тоза пайдо кард, ки барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлоли энергетикӣ такони ҷиддӣ бахшида, ба рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуд. Раванди бунёдкориҳо дар кишвар дар воситаҳои  ахбори омма, махсусан, матбуоти даврӣ, ҳамчунин, асарҳои алоҳидаи публитсистӣ мунтазам инъикос меёбад.

Мусаллам аст, нақши ВАО, аз ҷумла, матбуоти даврӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ бузургу мондагор аст, зеро он ҳамчун минбари пахши иттилоъ ва мубодилаи афкор хидмат менамояд. Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” минбари асосии инъикос ва тарғибу ташвиқи қарору қонунҳо, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳбус ёфта, ба инъикос ва барраси масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ, бахусус, бунёди сохтмонҳои азим таваҷҷуҳи хосса менамояд. Ин нашрия раванди бунёдкориҳои кишварро ба таври фарогир инъикос мекунад.

Ба ин мазмун, дар ин китоб зикр ва масъалагузориҳо доир раванди бунёдкориҳо – сохтмонҳои иншооти азимӣ кишвар дар Паёму суханрониҳои Пешвои миллат ва маводи нашрияи “Ҷумҳурият” (солҳои 2001- 2010) мавриди баррасӣ ва таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтааст.

Омӯзишу таҳқиқи ин мавзуъ нишон медиҳад, ки суханрониҳои Сарвари давлат доир ба сохтмонҳои бузурги кишвар, аз ҷумла, кандани нақбҳо, бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва сохтмони неругоҳҳо, ки дар саҳифаҳои нашрияи “Ҷумҳурият” ба нашр расидаанд, неруи таҳрикбахшу пешбарандаи бунёдкориҳои азим дар мамлакат гардидаанд. Маълум мешавад, ки раванди бунёдкориҳо дар кишвар баъд аз соли 2000- ум вусъати тоза пайдо карда, таваҷҷуҳи асосӣ барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ равона шудааст. Барои расидан ба ҳадафҳои бузург Сарвари давлат мунтазам дар суханрониҳои худ ба ин масоил таваҷҷуҳ намуда, бо баррасӣ ва масъалагузориҳои худ роҳҳои идомаи корҳо дар сохтмонҳои бузургро нишон додааст….

Идомаи сарсухан ва матолиби гирдомада дар ин китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Таҳияи  Меҳрангез Муҳаббатова,
сармутахассиси Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон