Як мақолаи хуби Бозор Тилавов бо номи “Омилҳои инкишофи зарбулмасалҳо”, ки 58 сол пеш чоп шудааст
Дар тадқиқи зарбулмасалҳои ҳар халқ, аз ҷумла халқи тоҷик, масъалаи муқарар намудани манбаъҳои асосии пайдоиш ва омилҳои инкишофи онҳо, омӯзиши сайри такомулоти онҳо аҳмияти калони илмӣ дорад. Ҳалли ин масъала дар қатори омилҳои дигар барои кушодани бисёр гиреҳҳо, аз ҷумла барои шарҳи сабабҳои гуногунии услубӣ ва забонии зарбулмасалҳо дорои аҳмияти ҳалкунанда мебошад.
Зарбулмасалҳои тоҷикӣ аз ҷиҳати пайдоиши худ сарчашмаҳои гуногун доранд. Ҳанӯз соли 1940 Абдулғанӣ Мирзоев се сарчашмаи пайдоиши зарбулмасалҳоро қайд карда буд. Чунончи: зарбулмасалҳое ки бевосита дар байни халқ пайдо шуда маъмул гардидаанд; зарбулмасалҳое ки аз адабиёти хаттӣ иқтибос шудаанд, афоризмҳои ходимони барҷастаи партиявӣ ва давлатӣ, ки дар байни халқ интишор ёфта, ба ҳукми зарбулмасал даромадаанд.
Тадқиқот нишон дод, ки ин руйхат дуруст, вале номукаммал нишон дода шудааст. Пас сарчашмаи асосии пайдоишу омилҳои инкишофи зарбулмасалҳои тоҷикӣ кадомҳоанд? Хусусияти ҳар як гурӯҳи зарбулмасалҳо, ки ба ин ё он сарчашма мансубанд, аз чӣ иборат аст?
Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки манбаи асосии пайдоиш ва инкишофи зарбулмасалҳои халқӣ таҷрибаю мушоҳидаҳои дурударози ҳаёти иҷтимоию таърихии худи халқ аст, ки дар заминаи он бевосита дар байни омма тадриҷан зарбулмасалҳои мустаъқил ба вуҷуд омада интишор меёбанд. Ба ғайр аз ин намудҳои дигари фолклор, адабиёти хаттӣ ва фолклори халқҳои ҳамсоя низ аз манбаъҳои муҳими падоиши зарбулмасалҳои халқи тоҷик ба шумор мераванд.
Ба ҳамин тариқ мо чаҳор сарчашмаи пайдоиш ва омили инкишофи зарбулмасалҳои халқи тоҷикро қайд карда метавонем, ки мавзуъ, образҳо, услуб ва забони ҳар як гурӯҳи он аз гурӯҳҳои дигар ба дараҷаи муайян фарқ мекунад.
Манбаи якумро гирем. Зарбулмасалҳое, ки аз таҷрибаи рӯзгор ба вуҷуд омада, тадриҷан ташаккул ва такмил ёфта, дар байни оммаи васеи халқ маъмул гардиданд, қисми умда ва сарвати асосии боигарии зарбулмасалҳои тоҷикиро ташкил медиҳанд. Онҳо аз тарафи оммаи васеи халқ эҷод шудаанд.
Зарбулмасалҳои иморат – ғорат, ҷӯянда – ёбанда, дасти адамизод-гул, обу ободонӣ, об аз сар лой, обмӯрӣ аз боғ калон, офтобро бо доман пӯшида намешавад, мастию ростӣ, дунё ба умед, шайтон ноумед, сукут – аломати ризо, кори шаб – хандаи рӯз, кулол бо мундӣ об мехӯрад ва амсоли инҳо, бо роҳи мазкур ба вуҷуд омада, интишор ёфтаанд.
Ин қабил зарбулмасалҳо аз рӯи қонуни адабиёти лафзӣ, мувофиқи қонуну қоидаи забони гуфтугӯӣ эҷод шудаанд.
Зарбулмасалҳои манзум мисли дигар намудҳои назми халқӣ аз ҷиҳати вазн ва қофия маҳз бо талаффузи гуфтугӯӣ асос ёфта, аз назми китобӣ фарқи ҷиддӣ дорад.
Доноӣ бифурӯшу нодонӣ бихар,
Нодонӣ асал асту доноӣ заҳар.
Панҷ вақт намоз тарк не,
Ҳарому ҳалол фарқ не.
Пӯш, пӯш, муборак,
Каш, каш, медарад.
Сӯҳбати мард мадад кунад,
Сӯҳбати номард сардард кунад.
Зарбулмасалҳои аслан лафзӣ ба таври мустаъқил эҷодшуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти халқро дар бар мегирнад. Ҳодисаҳои гуногуи табиат, ҷамъият касбу кор ва кору кирдори одамон, ақидаҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ, ахлоқу одоби табақаҳои иҷтимоӣ, мазмуну мундариҷаи ғоявии ин қабил зарбулмасалҳои тоҷикро ташкил мекунанд.
Манбаи дуюмро гирем. Намудҳои гунонгуни фолклор ҳамеша дар байни худ алоқа ва таъсир доранд, аз ҳисоби якдигар бой мешаванд, такмил ва инкишоф меёбанд. Ба ин маънӣ мо дигар намудҳои фолклорро яке аз манбаъҳои пайдоиш ва инкишофи зарбулмаслҳо мешуморем. Як гурӯҳи муайяни зарбулмасалҳои тоҷикӣ бо афсонаю ривоят, латифаю ҳикояҳои тамсилии ҷудогона алоқаманданд. Хулосаю ифодаҳои ҳикматомези баъзе афсонаҳо, ки хусусияти панду насиҳатӣ доранд. Латифаҳо, масалҳо, ривоятҳо, сатрҳои алоҳидаи суруду таронаҳо, дубайтаю рубоиҳои халқӣ ва амсоли инҳо рафт-рафта вирди забон гардида, сайқал ёфта, суфта шуда, ба ҳукми зарбулмасал медароянд, ки мо ба онҳо ҳамчун бо асраҳои мустаъқил баҳо медиҳем. Баръакс, бисёр зарбулмасалҳо матни асарҳои манзуми халқиро зиннат медиҳанд, ё ҳатто асоси ғоявии ин асарҳоро ташкил менамоянд. Масалан, зарбулмасли машҳури “Чоҳкан зери чоҳ” моҳиятан асоси мазмуну ғояи бисёр афсонаҳои халқии тоҷикию форсӣ қарор гирифтааст. Як миқдори калони афсона, латифа ва ҳикояҳои тамсилии тоҷикону форсҳо, ки қисман ба табъ расидаанд бо ин ё он зарбулмасл хотима меёбад.
Дар байни тоҷикон доир ба дилозорӣ чунин як байт маъмул аст:
Дил, ки ранҷид аз касе хурснад кардан мушкил аст,
Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст.
Дар баъзе маҳалҳои тоҷикнишин, масалан, Самарқанд, Узун (Ӯзбекистон) вариантҳои гунонгуни шеъре иборат аз чаҳор мисраъ дучор мешаванд, ки зарбулмасали мазкур матлаи онро ташкил медиҳад. Аҷаб нест, ки он аслан аз ҷиҳати ҳаҷм шеъри калоне бошад, вале ба ҳар ҳол метавон тахмин намуд, ки он мутсаъқилона ба вуҷуд наомдааст, балки аз шеъре ҷудо шуда, ба ҳукми зарбулмасал даромадаст.
Чунончи Айнӣ дар романи “Ғуломон” овардааст: “Дар натиҷаи таҷрибаҳои бисёр аст, ки гуфтаанд:
Дил, ки ранҷид аз касе хурсанд кардан мушкил аст,
Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст.
Шишаи бишкастро пайванд кардан метавон,
Мурғи аз каф ҷастаро побанд кардан мушкил аст”.
Зарбулмасали “Писар дар раҳи ишқ афтад, чи парвои падар дорад” низ аз ҷиҳати пайдоиши худ шояд просессеро аз сар гузаронида бошад, ки мисолҳои зерин ин фикрро қувват медиҳанд:
Сафедори баланд як навдаву сад барги тар дорад,
Писар дар кӯи ишқ афтад, чи парвои падар дорад.
Ҷунунаш рафта-рафта аз сари кӯяш хабар гирад,
Куҷо фарзанди ноқобил гиребони падар гирад.
Дар ноҳияи Сари Осиёи вилояти Сурхандарё варианти зерини ин шеър навишта шуд:
Сафедори баланд як навдаю сад барги тар дорад,
Писар дар роҳи илм афтад, чи парвои падар дорад.
Агар фарзанди ноқобил гиребони падар гирад,
Ба илмаш гашта-гашта аз паи кӯяш хабар гирад.
Идомаи ин мақолаи хубро хоҳишмандон метавонанд дар толори хониши матбути даврии Китобхонаи миллӣ аз маҷаллаи “Садои шарқ”, соли 1967 №8 бихонанд.
Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.