Мавлавихонӣ дар барномаи “Фурӯғ”-и Китобхонаи миллӣ

МавлавихонӣТаи чанд сол аст, ки дар ҷумҳурии мо бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” барпо мегардад. Ин озмун ба тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ таъсири хубе расонда, сафи дӯстдорони китобро ба маротиб зиёд гардонид.

Дар ин росто, дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” барномаи телевизионии “Фурӯғ” ҳафтае як маротиба баргузор мешавад. Дар барномаи навбатӣ миёни хонандагони МТМУ-и ш.Данғара ва аъзоёни фаъоли шуъбаи мазкур суҳбат дар бораи ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баргузор гашт.

Ровӣ – барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, нависандаи маҳбуби бачагон Азизи Азиз барномаро оғоз намуда, иштирокдорони маҳфилро хайрамақдам гуфт. Меҳмонони барнома – аъзои Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили адабии “Бонги най” ва роҳбари ҳамин маҳфил Сайҳомиддин Назруллоев буданд.

Сараввал Сайҳомиддин Назруллоев дар бораи фаъолияти маҳфили адабии “Бонги най” сухан намуд. Меҳвари асосии осори Мавлоноро, ки инсондӯстиву иттиҳод ташкил медиҳад, хонандагон маҳз дар ҳамин мавзӯъ бо шавқу завқи тамом бештар шеъру ғазал қироат карданд. Дар идомаи маҳфил иштирокдорон аз шеърҳои дар васфи Мавлоно эҷодкардаи шоирон низ порчаҳо қироат намуданд, ки дар шинохти ашъори  Мавлонои Рум мусоидат мекунанд.

Пӯшида нест, ки барои баланд бардоштани завқи китобхонии бачаҳо, махсусан кӯдакону наврасон, ин гуна суҳбатҳои адабӣ таъсири калон доранд ва барои довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамчун раҳнамо хизмат мекунанд.

Хотиррасон мекунем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади ташвиқ ба китобхонӣ ва рушди маърифати наврасону ҷавонон ва аҳолӣ аз соли 2019 оғоз гардидааст.

Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот
ва
робита бо ҷомеа