Амир Сайиди Мункӣ: “ Се насли суханварони як шаҳр”
Китоби Амир Сайиди Мункӣ “Се насли суханварони як шаҳр” соли 2010 дар нашриёти “Истеъдод”-и шаҳри Душанбе чоп шудааст. Китоби мазкур дар бораи яке аз марказҳои маҳфилу анъанаҳои адабиёти маҳаллии шифоҳии қарнҳои гузаштаи Ховалинги Хатлонзамин, ки дар деҳаи Чуқурак арзи ҳастӣ намуда буд, ҳикоят мекунад. Асар замзамаҳои шеъру шоирӣ ва суханварии се наслу се даврро фаро гирифта, хонандаро бо ҳаёту эҷодиёти як зумра адибу дӯстдорони адабиёту фарҳанг ошно менамояд.
Муаллиф дар сарсухан овардааст, ки Ховалинг, ки дар гузаштаҳои дур бо номи шаҳри Мунк ва ё музофоти Мунк машҳур буд, як гӯшаи фарҳангу адабзойи Хатлони бостонии кишвари тоҷик аст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим дар ин сарзамини ангораҳои зебо адабиёти хаттиву даҳанакӣ дар пешравӣ буд. Маҳфилҳои адабӣ амал мекарданд. Суруду тарона, афсонаву нақл, ғазалу наҳт ва умуман насру назму базм ҳамқадаму ҳамраҳ ва ҳамдами мардум ҳисоб меёфтанд. Масалан, асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар ин гӯшаи зеботабиату бостонӣ адабиёти маҳаллӣ, ки қисми ҷудонашавандаи адабиёти тоҷик аст, нумуъ меёфт. Дар равиши адабиёти хаттӣ адабиёти даҳанакӣ низ мавқеи махсус дошта, анъанаҳои адабии гузаштаро ба имрӯз мепайваст. Дар ҳар як давраи муайян силсилаи адибон ва ҳаводорони фарҳангу адаб чун гулҳои худрӯйи баҳорӣ дар боғи илму адаб тавлиду камол меёфтанд. Иддае аз онҳо новобаста ба саводнокиашон раҳораҳ ва ё дар куҷое, ки набошад, бо назм сухан мегуфтанд, дили мардумро бо суханони шифобахшу тарбиявӣ шод менамуданд.
Умуман, маҳфил назму базм ва дар маҷмӯъ адабиёт бо халқ ва дар хидмати он буда, тарғибгари фарҳангу адаб аъзои маҳфилу ҷамъомадҳо, мутрибу ҳофизон, базлагӯву ҳунармандони мардумианд.
Дар идома муаллиф гуфтааст, ки ин китоб идомаи китобҳои ”Суханварони диёри Восеъ”(асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ, “Адиб”- 2001), “Чашмасори Ховалинг” (Ирфон”-2001) ва “Чашмаҳои Чилчанор” (Эҷод”- 2009) аст. Мо дар китоби “Суханварони диёри Восеъ” то дараҷае кӯшиш намудем, ки дар бораи ҳаёту эҷодиёти адибони зери чанги фаромӯшӣ ҷойдошта маълумот фароҳам биёрем. Китобҳои “Чашмасори Ховалинг”, мураттибонаш Абдулҳамид Самад, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ ва “Чашмаҳои Чилчанор”, муаллифи сарсухан ва мураттибаш муаллифи ин сатрҳо аз ҳаёту эҷодиёти адибони баркамол то ба навқаламон – зодагони диёри Ховалинг намунаҳоро дар бар мегиранд.
“Чашмаҳои Чилчанор”маҷмӯаи дастҷамъии аъзои маҳфили адабии ҳозираи “Чилчанор” аст.
Дар пешравии адабиёти маҳаллӣ нақши маҳфилҳои адабӣ калон мебошад. Дар гузашта дар ҳар гӯшаи диёри кӯҳистон, аз Ховалинг аъзои ин маҳфилҳо дар деҳаву хонаҳо ҷамъомадҳо ташкил карда, рози дили худро бо сухан, асосан бо назм ифшо менамуданд. Ин анъана, ки аз гузаштагон ба мерос монда буд, ҳамеша нумуъ меёфт. Масалан, маҳфилҳои адабии асри ХIХ бо роҳбарии Хотириву Мизроб, шоирони халқ бо иштироку роҳбарии Одинахӯҷаи Маҳмуди Хоҷашаҳриёриву Валӣ Исо (падари Сайдалӣ Вализодав) баъдтар бо роҳбарии Сайдалӣ Вализодаву Қодири Достӣ мавқеи махсусро доро буданд.
Китоби “Се насли суханварони як шаҳр” аз яке аз марказҳои маҳфилу анъанаҳои адабиёти маҳаллии шифоҳии қарнҳои гузаштаи Ховалинг, ки дар деҳаи Чуқураки Суфӣ Маҳмуди Хоҷашаҳриёрӣ арзи ҳастӣ намуда буд, сарчашма мегирад. Асар замзамаҳои шеъру шоирӣ ва суханварии се давру се наслро фаро гирифта, хонандаро ба ҳаёту эҷодиёти як зумра адибу дӯстдорони адабиёту фарҳанг ошно менамояд.
Дарвоқеъ, дар деҳаи Чуқурак шоирони халқӣ ва шахсони сохибистеъдоду адабдӯст сари чанд муддат ҷамъ омада, базми сухан барпо менамуданд, ки сарпарастиву сарварии маҳфилро Эшони Одинахӯҷабой ба ӯҳда дошт.Ҷои гузаронидани чунин маҳфилу ҷамъомадҳо асосан яке аз ҳуҷра хонаи ин шахси адабу фарҳангдӯст, ки бо номи “Ҳуҷраи лав” шӯҳрат дошт.
Баъзан ҷамъомадҳои адабии мазкур дар хонаи эшони Валӣ (падари Сайдалӣ Вализода) ва Достии Файзулло ва баъдтар дар хонаи Усто Абдураҳим ва Қодири Достӣ низ мегузаштанд…
Хоҳишмандон метавонанд китоби “Се насли суханварони як шаҳр”-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Нигина Қурбонова,
сармутахассиси шуъбаи абонементи
байни китобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ.