Мавло Махфии Раштӣ кӣ буд?

Соммирзои мағфур дар тазкираи худ – «Туҳфаи Сомӣ» ин қитъаро аз вай зикр карда:

Махфиё, духтарони хиттаи Рашт

Чун ғизолони маст мегарданд.

Аз пайи муштарӣ ба ҳар бозор

Банди тунбон ба даст мегарданд.

 

Ва Мирзо Тоҳири Насрободӣ дар тазкираи худ зикри вай карда, ба ин тарз, ки дар хидмати Имомқулихони бегларбегии Форс мебуд, чун бисёр ҳақирҷусса буду ба кўкнор одати муфрите (аз андоза берун) дошт, ки он низ иловаи заъфу коҳиши баданаш гашта буд. Рўзе хон ба вай мегўяд, ки бештар мўҷиби коҳиши бадани шумо мудовимати кўкнор аст. Вай дар ҷавоб ба арз мерасонад, ки ба сабаби кўкнор нест, ҷиҳати он ин аст, ки азбас мардум дар судури макотиб ба якдигар менависанд, «махфӣ намонод», лиҳозо, ба нафрини халқ ман ба ин сурат шудаам.

Ва Тақии Авҳадӣ дар тазкираи «Каъбаи ирфон» навишта, ки дар ин авқот дар Ҳинд мебошад. Ҷамъ дар сиҳҳати ақволи онҳо ба ин наҳв метавонад метавонад шуд, ки аз замони шоҳ Таҳмосби мағфур то замони шоҳ Аббоси мабрур боқӣ монда бошаду баъд аз мусоҳибати Имомқулихон ба Ҳинд омада бошад.

            Ўрост:

Зи сўзи ишқи ту з-он гуна дўш тан месўхт,

Ки ҳар нафас зи тафи сина пираҳан месўхт.

Ҳадиси ҳаҷри ту бар нома сабт мекардам,

Сипандвор нуқат бар сари сухан месўхт.

Шаҳиди ишқи туро шаб ба хоб медидам,

Ки ҳамчу шўълаи фонус дар кафан месўхт.

Зи сўзи синаи Махфӣ шуд ин қадар маълум,

Ки хамчу хас мижааш дар гиристан месўхт.

 

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

 

Таҳияи Уғул Бобораҳимова,

мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.