Муаррифӣ: Қаҳрамон Бурҳон. “Тараннуми эҳё”
Китоби табиб Қаҳрамон Бурҳон бо номи “Тараннуми эҳё” соли 2009 дар чопхонаи “Балоғат” нашр шудааст ва шомили ашъори солҳои охир эҷодкардаи муаллиф аст. Шоири халқии Тоҷикистон, устоди марҳум Гулназар Келдӣ бо номи “Атри сухан” ба ин китоб як сарсухани хеле самимие навишта, ӯро барои хонанда муаррифӣ кардааст. Матни ин сарсухан, ки хеле кутоҳ аст, тақризи кӯчаке ба китоб низ мебошад, ки ҳоло мехонед:
Ман Қаҳрамонро ҳанӯз аз овони донишҷўи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буданаш мешиносам. Ў шеърҳои шогирдони худро ба идораи рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (имрўза “Ҷавонони Тоҷикистон”) меоварад ва мо чанд шеъри ўро чоп ҳам карда будем.
Ў табиб аст, аммо пайваста ба сухан сару кор дорад. Худи қаламкаш фармудааст, касби ў барои густурда бо шеър машғул будан имкон надодааст.
Вақт кам буд шеър то гўям,
Банд дар кору амал будам,
Бандаи бемору бандаи темораш,
Пеша чун куштани аҷал будам
Аммо навиштаҳои Қаҳрамонро дар ҳаҷми як китоб хондаму ба худ гуфтам, ки «на, ҳамеша бо сухан будааст!»
Касе, ки адабиётро, билхоса, шеърро дўст медораду бо он ошноӣ дорад, аз сурудаҳои Қаҳрамон хоҳад дарёфт, ки ў чӣ мегўяд аз мушоҳидаҳо, аз ҷаҳони худ мегўяд. Албатта, дар тарзи баён камбудиҳо ҳастанд, аммо муҳим он аст, ки вай сухани худро мегўяд.
Калимаву ибораҳои «Каломи ёсинӣ», «Вожаҷарроҳӣ», «Кишвари бо ору бо номусҳо», «Рўзи сарди ашколуд», «Хубони чодарпӯш» ва даҳҳои дигар шоҳиди ҷустуҷў ва бозёфтҳои Қаҳрамонанд.
Орзу дорам, ки чун дар касби ҷарроҳӣ дар роҳи сухан низ умри Қаҳрамон бобарор бошад.
Гулназар
Барои хондан ва дастрас намудани китоби «Тараннуми эҳё» Шумо, дўстдорони китоб метавонед аз шўъбаи кўдакон ва наврасони «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» муроҷиат намоед.
Таҳияи Шаҳноза Дониёрова.