Меҳргон  иди  фаровонист

Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

                               Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи мардуми мо, ки яке аз шохаҳои умдаи қабилаҳои ориёӣ аст, аз замонҳои бисёр куҳан, вақте ки ориёиҳои бостон дар сарзамини афсонавии Ориёвиҷ зиндагӣ мекарданд, оғоз меёбад. Давлатдории ин қабилаҳо, аз силсилаи подшоҳони Мод ва баъдан Ҳахоманишиҳо сар шуда, ба ҳазораи аввали пеш аз давраи ҳазрати Исо баробар меояд. Вале Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ қабл аз Модҳо ва Ҳахоманишиҳо боз аз ду силсилаи подшоҳон, ки дар таърихи куҳан ва тамаддуни халқи мо нақши барозандае  доштаанд, ном мебарад, ки Пешдодиҳо ва Каёниҳо мебошанд. Аз имкони мавҷудияти ду сулолаи охир дар қаламрави Осиёи Миёна ва Хуросон бисёр муаррихон ва аз ин ҷумла  муҳаққиқи америкоӣ  Ричард  Фрай  ва академик Бобоҷон Ғафуров низ ҷонибдорӣ мекарданд. Агар чунин фарзия воқеият дошта бошад, давлатдории мардуми ориёӣ боз ба чанд садаи таърих  амиқ меравад. Сангпояи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ, ки ин давлатҳоро ба вуҷуд оварда, баъзеи онҳоро ба империяи ҷаҳонӣ мубаддал дода буд, идеологияи ойини Маздаясно мебошад.

         Маълумотномаи пешниҳодшудаи «Ҷашнҳои хуҷастаи  ниёгон» аз сарчашмаҳои гуногуни дохилию хориҷӣ ҷамъоварӣ шуда, роҳи таи ҳазорҳо сол паймудаи халқи мо дар арсаи таърих, тамаддун бо омехтаи ривоятҳо, афсонаҳо ва эҷодиёти шифоҳии мардум аст. Бисёр маълумот ва номҳое, ки бо онҳо рўбарў мешавед, ҳанўз дар забони падару бобоёни мо зиндааст. Вале санги маҳак ва назму тартиби ин суннату анъанаҳои ойини куҳани мардуми Эронзаминро Маздаясно ба вуҷуд меоварад.  «Авасто» – китоби ойини Маздаясно  дар баробари Ведоҳои ҳиндуён – осори қадимтарини таърихӣ ва мадании на танҳо ҳамаи халқҳои ҳинду аврупоӣ, балки саросари ҷаҳон мебошад. Мардуми бостонии тоҷик ифтихор мекунад, ки гузаштагони мутамаддини он ҳам чун яке аз шохаҳои умдаи қабилаҳои ориёӣ – дар тадвини чунин мероси гаронбаҳо ҳиссаи барозандае гузоштаанд. Таҳқиқ ва омўзиши ин мероси гаронбаҳои даврони куҳан, ки  пешиниёни халқи мо ба вуҷуд  овардаанд, на танҳо ба саҳифаҳои норавшани таъриху тамаддуни гузашта равшанӣ меандозад, балки халқҳои муосирро, ки дар Осиё ва Урупои кунунӣ зиндагӣ мекунанд, наздик ва хешовандии  онҳоро эҳё  месозад.

Матни комили мақоларо ин ҷо бихонед: МЕҲРГОН  ИДИ  ФАРОВОНИС