«Медиатека – ганҷина ва бойгонии нодири миллат»
Таҳти ҳамин унвон субҳи рӯзи душанбе, 11-уми июл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сарпарасти раисони вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Дар мизи мудаввар лоиҳаи «Бунёди осори электронии библиографии Пешвои миллат барои солҳои 2019-2021» натиҷагирӣ шуд.
Дар ҷаласа ҳисоботи роҳбари лоиҳа, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол, роҳбари гурўҳи корӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Пайшанбезода аз натиҷаи сафарҳо ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷиҳати омӯзишу иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» аз 26 декабри соли 2011, №792, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 453 «Дар бораи Номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» гирдоварии маводи чопиву электронӣ ва мусаббат (аудио-видео) шунида ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ Нуқра Аҳмадова коркарди маводи гирдоваришударо аз нигоҳи китобдорӣ таҳлил намуд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи мазкур 10 дастури электронии мавзўӣ таҳия гардидааст. Ҳамчунин дар доираи ин лоиҳа зимни сафарҳои хидматӣ аз шаҳру ноҳияи вилоятҳои номбурда 3037 мавод, аз ҷумла 1725 маводи чопӣ, 946 маводи мусаббат, 346 маводи электронӣ гирдоварӣ шуд.
Ногуфта намонад, ки махзани маводи мусаббати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Медиатека соли 2021 ташкил карда шуд.
Дар поёни мизи мудаввар барои ҳамкориҳои пурсамар якчанд нафар бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Маврид ба ёдварист, ки Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 бо мақсади фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст.
Вазифаи асосии Медиатека бунёди фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатии дар воситаҳои ахбори омма интишорёфта: анъанавӣ (нашрияҳои чопӣ), электронӣ, гӯё, маҷозӣ, таъмини амният ва истифодабарии дарозмуддати фонди эҳтиётии ҳуҷҷатҳои электронии (микрофилмҳо, микрофишаҳо, микрочиптаҳо, дискҳои оптикии гуногунҳаҷм, маъхазҳои компютерӣ, саҳифаи интернетӣ ва дигар навъҳои воситаҳои электронӣ) мавҷудбуда; гирдоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, коркарди илмӣ ва нигаҳдории маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст
Медиатекаи фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриии ҳуқуқии дахлдор, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» амалӣ менамояд.