Меҳрнома. Бахши 4
Сатрҳо аз китоби дархосту таманноҳо, китобе, ки ҳикоят аз ҳарфҳое дорад, ки дар ин бештар аз 10 соли ахир меҳмонони дуру наздик назари худро аз диду боздидашон аз Китобхонаи миллӣ навиштаанд. Онҳо лаҳзае чанд сатр навишта, ки Китобхонаро гаштанд, бо кумаки роҳбаладон бо он аз наздик ошно шуданд, таърихашро донистанд ва осорхонаҳои китобро ҳам диданду тамошо карданд.
Ин сатрҳо лаҳзаҳои таъриханд, ки то ин бино барҷост, мемонад.
Мо то кунун дар се бахш иқтибосҳо аз он навиштаҳо овардем ва ҳоло идом аи онро мегузорем.
***** ***** *****
Таҳсин аз умқи фарҳанги асил, адабиёти мардуми тоҷик. Барпоии чунин маъбади адабӣ танҳо шоистаи мардуме аст, ки дорои суннат, фарҳанг, мутолеа ва афзоиши дастовардҳои ниёгони худ барои насли ҷавон бошад.
Бо беҳтарин орзуҳо ва имон ба ояндаи дурахшон, Ҷонишини аввали Додситонии кулли Федератсияи Русия Александр Эмануилович Буксман.
06.06.2012
***** ***** *****
Боздид аз маъбади барҷастаи фарҳанг, илм, омӯзиш, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтихори бузурге аст. Ман муътақидам, ки зеҳни кунҷков, ки ба дунболи истеъдоди насли тоҷик аст, посухе барои суолоти замони муосир, рӯйкардҳои шинохт ва воқеъияи хоҳад ёфт.
Бо як ҷаҳон эҳтиром Узви Шӯрои Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия В.А. Лопатников.
25.10.2012.
***** ***** *****
Барои кормандони муҳтарами Китобхонаи миллӣ орзуи саодат ва хушиҳо ба расолаташон ҷиҳати ҳифз ва афзун намудани таъриху фарҳанги халқи тоҷикро дорам. Ва Худованд ҳатман ба Шумо аҷр хоҳад дод.
Бо беҳтарин орзуҳо Додситони кулли Қирғизистон Аида Солянова. 07.06.2012
***** ***** *****
Ҷаҳони сипос барои меҳмоннавозӣ, барои ёрӣ дар ташкил кардани комиссия. Ба шумо бурдбориҳо дар илм, хонандагони хуб ва китобҳои зиёдро хоҳонам.
Раиси комиссия оид ба фарҳанг,
иттилоот,варзиш ва сайёҳӣ,
доктори илмҳои ҳуқуқ
Е.Г. Тарло.
Таҳияи
Адиба МИРЗОБАДАЛОВА