Меҳрнома. Бахши дуюм
Ҳамчуноне ёдрас шуда будем, ёздаҳ сол пеш дар остонаи Наврӯз бинои нави Китобхонаи миллӣ бо ҳузури гарми зумрае аз зиёиёни кишвар, шахсиятҳои маъруфт ва ширкати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд. Аз нахустин рӯзи оғози кор Дафтари назароту пешниҳодот ҳам ташкил шуд, то меҳмонони олиқадри Китобхона дар он назари худро бинвисанд ва соядасти худро гузоранд.
Китобати бахши дигар аз ин китоб:
Он чӣ дидам, мафтунам кард ва эҳтиромам ба мардуми тоҷик афзуд
Н.Евдокимов
ш.Москва ,16.10.2012 с
Бигзор ин неъмат (китоб) дар хидмати мардуми Тоҷикистон қарор бигирад.
Иброҳим Жунусев
Вазири фарҳанг ва сайёҳии
Ҷумҳурии Кыргизстон
Ба шумо барои садоқататон ба анъанаҳои маънавии халқи тоҷик ташаккур изҳор менамоям, боварӣ дорам, ки ин хазинаи фарҳангу тамаддун ба маркази ҳамоиши байни миллатхо ва баъд аз он муттахид шудани халкҳои бародар табдил меёбад.
Бо эҳтиром вакили
Думои давлатии Федератсияи Русия
Николай Николаевич Иванов. 25.10.2012