Мирзо Турсунзода аз дӯстӣ бо Николай Тихонов
Ин навиштаи Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон дар бораи шоири маъруфи рус Николай Тихонов бахшида ба 70-солагии ӯ дар маҷаллаи “Садои Шарқ” соли 1966 чоп шудааст. Аз он пайдост, ки устод Турсунзода бо Тихонов сафарҳои зиёди хориҷӣ доштааст ва инсонияту истеъдоди шоири ӯро хуб шинохтааст.
Онро дар таҳияи ҳамкорамон пурра меорем:
ДИЛИ БУЗУРГ
Инак, ман бо номи дӯсти азизи худ Николай Семёнович Тихонов қалам ба даст мегирам. Ҳар як боздиду мулоқоти мо барои ман бо тулуи офтоби саҳар монанд аст, ки онро бесаброна интизорӣ мекашам. Николай Семёнович шоири бузурги рус аст. Вақте ки ашъори ӯро мехондам, гумон мебарам ки аз чашмаи илҳомбахшу суруроваре нӯш дорам. Ман ҳар каломи ӯро бо эҳтироси тамом дар дили худ ҷой медиҳам.
Николай Семёнович пири хирадманд аст. Ӯ ҳафтод баҳорро дида бошад ҳам, шавқу ҳаваси қаламронӣ ва эҷодкорӣ, ки ҳанӯз дар шеъри “Ӯрда” изҳор карда буд, осудааш намегузорад.
Мехоҳам, ки бори дигар аксандозии шафақро дар яхҳои шиновари Нева,
Бо таҳаммул дамидани субҳро,
Ки дар водии осудаи Муҳрон сафо мерезад,
Тасвир кунам.
(Тарҷимаи таҳтуллафзӣ)
Ман Николай Тихоновро дӯст медорам ва ин эҳсос моро водор мекунад, ки ҳамвора ба дӯстии ӯ сазовор бошам. Ман ӯро намунаи адиб, ватнапараст ва гражданин ҳисоб мекунам.
Николай Тихонов аз зумраи он адибони рус аст, ки барои такомулот ва ҳампайвастии адабиёти гуногунзабон ва гуногунтоифаи ҳамаи республикаҳои советӣ хидматҳои босазое кардаанд. Шоирони советӣ Қайсин Қулиев ва Расул Ғамзатов, Ираклий Абашидзе ва Самад Вурғун, Ғафур Ғулом ва Георгий Леонидзе ва дигарон аз бисёр ҷиҳатҳо аз ӯ миннатдоранд.
Николай Тихонов ба назди дӯстони худ, ба республикаҳои бародарӣ, на ҳамчун меҳмон, балки ҳамчун мушоҳидагари дақиқиназар ва маслиҳатгари боақл меояд.
Ман инро аз таҷрибаи худ медонам. Ӯ дар бораи ашъори ман бо як хайрхоҳӣ ва серталабӣ сухан гуфта, нисбат ба эҷоди шоирони тоҷик эродҳои ҳаққонӣ гирифтааст. Вақте ки ба роҳи тай кардаи эҷодии Тихонов менигарӣ, ҳангоме ки аз асрҳои нахустини ӯ “Ӯрда” ва “Бӯза” то охирин маҷмӯаҳояшро варақ мезанӣ, пай мебарӣ, ки домони эҷоди бисёрсолаи ӯ асри тамому олами тамомеро дар бар гирифтааст.
Писари косиби петербургӣ аз овони наврсӣ дар хусуси тақдири инсоният фикру андеша мекард. Ҳанӯз дар ҳамон айём таъриху маданияти бои халқҳои Шарқ дили ӯро рабуда буд.
Тихонов ҳанӯз дар солҳои аввали барқароршавии Давлати Советӣ достони “Сами”-ро навишта, Машриқзаминро ба таври навин ба чашми миллионҳо хонандагон боз намуд. Писараки ҳинду Сами дар дил қарор медиҳад, ки ниҳонӣ ба назди Ленни (Ленин) меравад ва аз он марди доно “нобудии тамоми соибон”-ро илтимос мекунанд. Сафари Туркманистон ки дар соли 1930 ба вуқуъ омада буд, барои эҷодиёти Тихонов аҳмияти калоне дошт. Табиати ба худ хос ва вусъати сохтмони ҳаёти нави Осиёи Миёна, ки бо як ҷӯшу хурӯш давом дошт, шоирро асири хеш сохтанд.
Дар сарҳадди сарзамини советӣ, дар назди дарвозаи ҷаҳони озод истода орзу мекунад, ки рӯзе мерасад.
Ҳамчун бародарон, аз дарвозаи Гаудон
Одамон аз соҳилҳои баҳри Ҳинд хоҳанд гузашт.
(Тарҷимаи таҳтуллафзӣ)
Худи ӯ ба назди онҳо ҳамчун бародар омад. Ӯ Ҳиндустону Покистон, Сурияву Миср ва бисёр дигар мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёнаро дидааст. Ӯ хеле хуб медонист, ки барои дарёфтани дили миллатҳои гуногун аз ҳавои кишвари ӯ нафас гирифтан, аз дарёҳои сарзамини ӯ об нӯшидан ва орзуҳои ниҳонии ӯро фаҳмидан лозим аст.
Николай Семёнович бисёр мамлакатҳоро дидааст. Ба туфайли истеъдод ва ҷидду ҷаҳди худ ба адабиёт он қадар нафъ овардааст, ки акнун дар бораи онҳо ҳамчун “анъанаи Тихонов” сухан гуфтан меарзад. Ӯ тақдири худро бо тақдири мардуми Шарқ абадӣ пайваст.
Вақте ки ҳамроҳи ӯ ба сафари мамолики Шарқ баромадем, ман хеле хушбахт будам. Хусусан, аз сафари нахустини мо ба Покистон, ки соли 1949 сурат гирифта буд, хотираҳои фаромӯшнашуданӣ боқӣ мондаанд. Ман аз андешаҳои эҷодӣ ва ашъори тозаи ӯ, ки дар пеши назарам ба миён меомаданд, ба ҳаяҷон ва изтироб меомадам.
Мо шабенро дар Дуоб дар кулбаи похсагие гузаронидем. Дараи тангу шаби торе буд. Моҳи декабр ҳукмфармоӣ мекард.
Николай Семёнович даст пеш бурда оташро кофтан гирифт, ки шарораҳои кабуд аз оташдон қасар-қусуркунон ба ҳар сӯ мепаридан.
Шарораҳо ба рӯи остину панҷаҳои ӯ мерехтанд, вале ӯ боз ҳам оташро мекофт чӣ тавр ба ду тараф паридани онҳоро бо завқ тамошо мекард. Баъд аз ин мо рахти хоб соз кардем, аммо Тихонов ким-чи навиштан гирифт.
Маълум буд, ки он шеърест дар васфи ду оби дараи Шикорӣ, дар шаъни дӯстӣ ва қаробати бардавоми инсонӣ.
Николай Тихонов нисбат ба тақдири шоирон муносибати самимӣ ва ҷиддие дорад. Тихонов бо Файз Аҳмади Файз, Нозими Ҳикмат, Прем Чанд, Алӣ Сардор Ҷафрӣ, Мулк Роҷ Ананд алоқаи эҷодию шахсӣ ва равобити ҷамъиятӣ дорад.
Беҳад шод ва ниҳоят хушбахтам, ки дар рӯзҳои ҷашнгирии 1100 солагии таваллуди устод Рӯдакӣ Николай Семёнович меҳмони халқи тоҷик буд.
Дар Шарқ мегӯянд: рӯзи хуб ҳамон рӯз аст, ки ту бо шоир рӯ ба рӯ мешавӣ. Мо хушбахт ҳастем, ки бо Тихонов, бо одаме, ки дили бузурги русӣ дорад, одаме, ки бо хидмати халқҳои бародар, ҳамчун ба хидмати халқи худ омадааст, рӯ ба рӯ омадем.
Николай Тихонов мубориз аст. Дар рӯзҳои инқилоб ва дар рӯзҳои бунёдгарӣ, дар рӯзҳои муҳосираи Ленинград ва ҳоло ҳам ӯ ҷӯшу хурӯше дорад, зеро зодаи оташи ягона ва такрорнашавандаи Октябр аст.
Октябри аъзам тақдири халқҳо ва одамонро ба куллӣ таййир дод. Бо шарофати ҳокимияти советӣ дилҳои мо бо ҳам роҳ ёфтанд. Ман дар зери партави Октябр мебинам, ки ҳамдилии мо бо халқ ва назми рус, ки дар ин хусус кӯмаки Николай Семёнович бузург аст, ҳаёти халқи моро бойтар гардонд. Ман аминам, ки ин ҳамдилӣ дар навбати худ шоири русро, ба туфайли эҷодиёти ӯ тамоми халқи русро бойтар намуд, мо аз ҳамдигар хеле чизҳоро омӯхтем ва ибрат гирифтем.
Бигзор дили мо чун шӯълаи октябр фурӯзон бошад.
Манбаъ: маҷаллаи “Садои шарқ”, соли 1966, №12.
Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ