Мизи мудаввар дар мавзуи илмҳои дақиқ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори  шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ мизи мудаввар бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  таҳти унвони “Омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимии мамлакат: вазъ ва дурнамо” баргузор  гардид. Дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон, кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Сипас, Файзуллозода Эркин Фатҳулло – декани факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фарҳод Истамов – номзади илмҳои физика, дотсенти факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷамила Обидова – омӯзгори фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Душанбе ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Меҳмонон доир ба вазъи омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимии мамлакат андешаҳояшонро иброз дошта, баҳри ҷалби бештари насли наврас ба омўхтани фанҳои дақиқ пешниҳодҳо намуданд.

Дар мизи мудаввар гуфта шуд, ки имрўз ҷомеаи кишвар ба ихтирооту навоварӣ ниёзи бештар пайдо кардааст ва аз худ намудани илмҳои дақиқ роҳи ҳалли масъалаи зикргарида ба ҳисоб меравад.

Сурайё Одинаева, шуъбаи тарѓиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.