МО АЗ ХУДОЕМ ВА БА СӮИ Ӯ БАРМЕГАРДЕМ!  

Бо камоли таассуф иброз медорем, ки рӯзи 4-уми майи соли 2022 қалби ҳамкори гиромии мо РАҲМУДДИНОВ ИНЪОМУДДИН АЙНУДДИНОВИЧ аз тапидан боз монд.

РАҲМУДДИНОВ ИНЪОМУДДИН АЙНУДДИНОВИЧ 22 –уми июни соли 1965 дар ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омада, соли 1983 Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №39 дар ноҳияи Тоҷикобод ва сипас соли 2007 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро бо ихтисоси таърихнигор-ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Фаъолияти кориашроо аз соли 1988 дар вазифаи муҳандис-танзимгари АТП №1 ССО Таджикводстрой оғоз намуда, солиёни дароз дар вазифаҳои ҷониши директор оид ба хоҷагӣ, корманди Раёсати хоҷагии гази корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгаз” ва ғайра фаъолият намудааст.

Марҳум аз соли 2018 то ба ин дам масъулияти сардори шуъбаи истифодабарии техникӣ ва хизматрасонии коммуналии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-ро бар уҳда дошт.

Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ҷиҳати даргузашти РАҲМУДДИНОВ ИНЪОМУДДИН АЙНУДДИНОВИЧ изҳори тасаллият намуда, ба марҳум аз даргоҳи Худованд раҳмату мағфират ва ба пайвандонашон сабри ҷамил масъалат менамоянд.

Рӯҳат шод ва хонаи охиратат обод бод!