Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бармегардем!

Музаффара УмароваИмрӯз қалби яке аз собиқадорони Китобхонаи миллӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Музаффара Умарова аз задан бозмонд. Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз марги бармаҳали собиқадори соҳаи китобдорӣ Умарова Музаффара адуҳгин буда, ба марҳум аз даргоҳи Худованд Фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бармегардем!

МУЗАФФАРА УМАРОВА 79 сол умр дид ва аз ин 47 сол дар вазифаҳои гуногуни соҳаи китобдорӣ дар Китобхонаи миллӣ кор кард. Соли 2014 ба нафақаи меҳнатӣ баромад ва бознишаста шуд.

Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 1967 ба кор омада, то соли 1975 дар вазифаҳои китобдори калони шуъбаи китобнигоҳдорӣ, сипас дар вазифаҳои библиограф, сарбиблиограф ва баъдан сармутахассиси шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхона кор кардааст.

Саҳмаш дар рушди шуъбаи зикршуда, фароҳамоварии китобҳои хаттию чопи сангӣ, танзиму ба низом даровардани феҳристҳои алифбоӣ ва соҳавӣ, баргаҳои мухталиф, таблиғу ташвиқи осори гаронбаҳои гузаштагонамон ва хидматрасонӣ ба хонандагон назаррас мебошад. Дар тарбия ва баланд бардоштани савияи дониши тахассусии китобдорони Китобхона доимо мусоидат намуда, ҷиҳати омода ва ба чоп ҳозир намудани дастурҳои илмию библиографӣ ва феҳристу корҳои методии шуъба ёрии худро дареғ надоштааст.

Музаффара Умарова дар мураттаб сохтани қисмати дуюми нишондиҳандаи «Тоҷикистон дар матбуоти даврии Афғонистон ва Эрон», феҳристҳои шарҳиҳолии «Раҳим Ҳошим», «Абдуллоҷон Юнусов» фаъолона ширкат варзидааст.

Хидматҳояш бо унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

Ёди ҳамкор, дӯст, мутахасис ва донандаи хуби асрори китобдориву китобхонашиносӣ Музаффара Умарова дар ёдҳо хоҳад монд!