Мо ба озмун тайёрем!

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», бо ташабусси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мизи мудаввар бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рўзи китоб” дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фўруғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти унвони «Мо ба озмун тайёрем» баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директори Китобхонаи миллӣ Нурзода Ҷалолудддин ифтитоҳ намуда, дар бораи дастовардҳои замони истиқлол, нақши ваҳдати миллӣ, шоҳкориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронд. Вай аз ҷумла бунёди бинои Китобхонаи миллиро ёдовар шуда онро як дастоварди бузурги замони истиқлол номид, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат қомат рост кардааст.

Инчунин дар чорабинӣ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Зарина, директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» Зувайдуллозода Муҳибулло Ҳабибулло, чанде аз ширкаткунандагони озмуни «Фўруғи субҳи доноӣ китоб аст» ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 Меҳмонон дар бораи санаҳои муҳимми таърихи давлатдории тоҷикон, солҳои мушкили ҷанг, расидан ба ваҳдату якпорчагӣ ва саҳми беандозаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои Пешвои миллат барои беҳбуди шароити зисту зиндагии мардум, рушди иқтисодиву фарҳангӣ ва илмӣ ибрози назар намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиёни озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»  аз ашъори шоирони классик ва муосир шеърҳо дар васфи Ватан-модар, Тоҷикистон, Пешвои миллат қироат намудаанд.

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.