Моҳпайкар Ёрова: Вақте одам китоб мехонад, дунёи ў дигар мешавад
Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе хунармандону шоирон ва дигар зиёиён бо унвонҳои баланди давлатӣ сарфароз гардиданд, ки дар ин миён ҳунрапешаи театру синамо Моҳпайкар Ёрова низ буд. Бо баҳонаи табрик бо Моҳпайкар Ёрова суҳбате анҷом додем ва дар оғоз аз ӯ пурсидем, ки ҳунари имрӯз ба чӣ чизе бештар ниёд дорад?
– Зиёдтар ба коргардон ниёз дорад. Ба драматургияи хуб ниёз дорад. Чун мо ҳунармандони хеле хубе дорем, ки дар ҷодаи театр хеле бахусус дар ҷавонҳо. Коргардонҳои хуб дарокр аст, ки онҳоро дар як роҳ намонанд. Имрўз манфӣ, пагоҳ мусбат. Пагоҳ драма пагоҳ мазҳака. Ин гуна бояд бошад. Мутаасифона, мо аз ин ҷиҳат танқисӣ мекашем, аз ҷиҳати коргардонӣ ва драматургия.
– Аз ҷиҳати бозигарӣ чи?
– Бале дорем, метавонам бигўям, ки дар ҳама театрҳои пойтахт ва музофотӣ ҳунармандони хуб ҳастанд, ки коргардонҳо онҳоро ҳоло кашф накардаанд. Ҳунармандоне ҳастанд, ки синнашон боло рафтааст, вале онҳо дар хомўшиянд.
– Вазъи театри миллӣ ва тамошобин имрўз дар кадом поя қарор дорад?
– Мехоҳам таваҷҷўҳ ба театр зиёдтар шавад. Орзуи чандинсолаам ин аст, ки билетҳо аз театр харида шаванд ва навбат аз бинои театри Ҷавонон то истгоҳ бошад (механдад). Чиптахои мо гарон нест, ҳамагӣ 10 сомонист.
– Ҳатто пули як шоколад.
– Арзонтар аз шоколад, чун ҳоло шоколад 15-20 сомонист.
Мехоҳам бинандаи театр аз субҳи содиқ пушти дарҳои театр навбат бипояд. Умед дорам чунин ҳам мешавад. Ҳастанд, ҳар театр мухлиси худро дорад. Ва гоҳе рўзхои шанбе дарҳои театр боз аст. Меоянд, аммо як кас, ду кас, се кас. Таблиғ зиёд кардан даркор. Тарғиб бисёр кам аст. Дар рўзномаҳо, шабакаҳои телевизион. Вақте мебинам дар таблои электронӣ рекламаи Қадами Қурбон меравад, дар ҳайрат мемонам, ки Қадами Қурбон дар таблои электронии маркази пойтахт ҳаст, аммо театр не. Театрҳо ин имконро надоранд.
Яъне таблиғ кам аст. Ҳол он ки театру синамо бузургтарин тиҷорат дар тамоми ҷаҳон аст…Вақте сафарҳои ҳунарӣ ба хориҷӣ кишвар мекунем ва мебинем чӣ гуна таблиғ аст дар он ҷо чӣ гуна толоҳои онҳо пуродам аст. Билети қимат, масалан дар Русия то 50000 рубли русӣ аст ва мардум мехаранд. Умед дорам ба он рўз ҳам бирасем.
- Тарбияи як ҳунарамнд чӣ қадар замон мехоҳад?
– Ҷавононе, ки дар театри Ҷавонон кор мекунанд, ҳамааш хатмкардаи донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода ҳастанд ва он мактаб аст. Вақте ба театр ворид мешаванд, мутахассис ҳисоб мешавад. Дар дафтарчаи меҳнатиаш ҳунарманд навишта шудааст, донишҷў не. Албатта театр барои ҳунарманди ҷавон як муддат мактаб мешавад. Яку якбора ворид шудан душвор аст. Донишкада дигар аст, театр дигар. Қадам мондан дар театр, амал кардан, сухан гуфтан тамоман дигар мешавад. Ин ба бачаҳои ҳунарманд соли аввал душвор аст. Охиста-оҳиста унс мегиранд, ворид мешаванд. Шукр ки ҳунарамандони ҷавони боистеъдод хеле зиёд дорем.
– Масалан?
– Аҳлиддин Ҳасанов, Ватандор Шеров, Фаридун Раҷабов, Манучеҳр Ҳабибов, Далер Мирхонов. Дилашон ҷавон аст, вале солашон миёнсол аст. Бо вуҷуди ин дар намоишҳои кўдакон заҳмат мекашанд, сафарҳои ҳунарӣ мекунанд дар вилоятҳо ва бо сари баланд ва сипосномаҳои зиёд бармегарданд, ки барои мо бениҳоят хурсандиовар аст.
– Дар театри Ҷавонон патенсиали эҷодӣ чӣ гуна аст?
– Патенсиали мо хеле бой аст. Ҳунарпешаи бузургсол дорем, ҷавон, миёнсол. Агар муйсафед даркор бошад, дорем, миёнсол бошад, дорем, бачаи ҷавон ё духтари ҷавон даркор бошад, дорем.
– Ниёзҳои як ҳунарпешаи имрўзи миллӣ чӣ метавонад бошад?
– Коргардонҳо ҳунари ҳунармандро зиёд истифода баранд, чӣ дар филм, чӣ дар театр. Вақте ҳунари ҳунраманд дар театру синамо бисёр истифода шуд, рўҳаш болида мешавад, зиёдтар талош мекунад барои омўхтану барои дарфту кашфи ҳунари худ. Мутаасифона, коргардонҳои синамо ҳунармадони ҳирфаӣ мондагӣ аз кўча мегиранд бадбахтона. Шояд онҳое, ки берун аз ҷодаи ҳунар ҳастанд, бе маблағ кор мекунанд. Вақте филмро мебинӣ, мегуӣ ин чӣ аст? Таваҷҷўҳи бинандаро ба худ ҷалб намекунад. Бисёр ба ман суол медиҳанд, ки апаҷон барои чӣ ҳозир филмҳои тоҷикӣ кам аст? Чаро шумо ё фалон ҳунарманд дар филмҳо нестед. Ба ин суол ман чӣ гуфта метавонам?
Мегўянд вақте зиндаам, ҳунарамро истифода баред.
Нагўед, ки мо мехостем як филм бигирем, ҳамкорӣ кунем, пас аз мурдан хоҳ биё, хоҳ наё. Ҳунармандони хирфаиро зиёд истифода баранд. Ҷавонҳои ҳунармандро зиёд истифода баранд. Коргардонҳои ҷавон таваҷҷўҳашон ба маблағ зиёд мешавад.Шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям. Мутаасифам, ки синамои хусусии мо худашон филм мегиранд, худашон ва дўстонашон дар нақшҳои асосӣ бозӣ мекунанд. Оқибаташ чӣ мешавад? Ҳунармандони ҳирфаӣ ҳастанд дар ин гуна филмҳо, вале барои пур кардани кадр. Ман ҳам дар чанде аз чунин филмҳо ширкат кардам. Чаро? Чун маблағи хуб дошт.
– Барои он театр хоҳад як намоишномаи навро ба саҳна гузорад, ки сертмошобин шавад, ба чӣ ниёз дорад?
– Оҳ (механдад). Боз ҳам ба асари хуб, ороиши хуб, либосҳои хуб, мусиқиву ороиши мусиқӣ, таблиғот.
– Дар як суҳбатати телевизиониатон гуфтед мо наметавонем ва ҳақ ҳам надорем, бинандаи имрўзро фиреб бидиҳем. Фиреб ба кадом маъно?
– Дар саҳна дуруғ бозӣ накунем, сохта бозӣ накунем, сохтакорӣ накунем. Бинандаи имрўзро фиреб дода ҳам намешавад. Бениҳоят зираку доно шудаанд. Ҳамсояҳо бисёр вақтҳо мегўянд Моҳпайкар мо як филмро дидем, ҳамиқа актёр безеб бозӣ кард. Чӣ хел?, мепурсам ман. Намедонам ҳамин қадар гап мезанаду гап мезанад, намефаҳмӣ , на аксуламал дорад, на эҳсос. Сохтакорӣ. Бубинед, занҳои хонашин, ки дарк мекунанд, сериалҳои туркиро тамошо карда ҳамин хел аз мунакқидон ҳунрапеша шудаанд. Механдад. Ҳар як сухану ҳаракат ва амали ҳунрамандро мебинаду бахо медиҳад, барои хамин мо ҳақ надорем, вақте ба саҳна мебароему намоиш иҷро мекунем, дурўғ гиря кунем, дурўғ бихандем, дуруғ ҳарф занем. Ҳамаи ин маълум аст. Дурўғ гуфта намешавад. Чун мо дар кафи дасти биннада ҳастем ва зинда нақш меофарем.
– Дар суҳбате гуфтед таваҷҷуҳи ҷавонон ба театр хуб аст. Аммо дигар ҳамкасбонатон баръакис инро мегўянд. Аз кам будани бинандаи театр ва толорҳои холӣ шикоят мекунанд.
– Ҳолатҳое мешаванд, ки бинанда кам аст, ҳолатҳое мешавад ки толор пур мешавад, бинанда бо чунон қарсакҳои баланд пешвоз мегиранд, вақте намоиш тамом шуд, бо қарсакҳои баланд гуселат мекунанд. Дар театри мо бениҳоят намоишҳои хуб аст, вақте бинандагон бахусу ҷавонон ба театр меоянд, бо табъи болида аз ин ҷо мераванд. Чун як намоишро дидӣ, мисли як роман хонда наст.
– Дар ҳамон суҳбат гуфтед ҷавонон китоб бихонанд ва ба театр бираванд. Дар 5 соли ахир кадом китобҳоро хондед? (Ў китобҳояшро ба ман нишон дод. Болои мизи пардозхонааш китобҳои зиёд буд. Яке аз онҳо Алиф Шафақ, Равшани Махсумзод, куллиёти Фуруғ).
– Мана он ҷо низ китобҳои ман аст, ки онҳоро хондаам. Вақте одам китоб мехонад, дунёи ў дигар мешавад, саводнокиаш баланд мешавад, тарзи суханронияш, дидаш, суҳбатҳояш дигар мешавад. Дар ягон нишаст ё баҳс оид ба ягон шоир нависанда ё мавзуе мисол биёрӣ. Китобҳои ҳаҷвӣ, детективӣ дўст намедорам. Роман хонданро дўст медорам. Дар бораи ватан, оиладорӣ бошад. Як китоб доштам, “Бодбарак”-и Холид Ҳусайнӣ, нависандаи афғон, онро дуздиданд. Дар бораи ҳаводиси Афғонистон қисса мекунад, бахусус вақте Толибон бори аввал Афғонистонро гирифта буданд. Вақте китобро хондам, дар пеши назарам ҳамон воқеаҳо ба ҷилва омаданд. Вақте китоб мехонӣ, ба ҳамон дунё ворд мешавӣ, фикр мекунӣ ту ҳам он ҷо ҳастӣ.
– Аз сарпараст надоштани соҳаи синамо мегуфтед. Иброз дошта будед, ки бо 1000 доллар филм гирифта намешавад. Барои филми хуб гирифтан маблағ муҳим аст?
– Вақте сарпараст набошад, бачаҳои ҷавони коргардон филмҳои кутоҳмуддат мегиранд. Маблағи зиёд сарф кардан даркор нест, бо маблағи муайян филми кутоҳмуддат мегиранд. Вақте ба ҷашнвораҳо пешниҳод мешаваду дар ҷашнвораҳо иштирок мекунад, мартабаи филм баланд мешавад, аммо аз ҷиҳати маблағ не.
– Пас чӣ кор кунем, чӣ роҳҳал вуҷуд дорад?
– Сарватмандоне, ки мо дорем ва шукр, ки кам нестанд, бояд ба соҳаи синамо таваҷҷуҳ кунанд. Ширкатҳои бузурге, ки дорем таваҷҷуҳ кунанд. Синамо на моли ман аст на моли шумо, моли миллат аст. Дар таърих мемонад. Кино ҳеч вақт гум намешавад. Дар бойгонӣ мемонад, баъд аз чандин солҳо набераву аберааш мегўяд бобои ман сарпарасти ин филм буд. Магар ин бад аст?
– Театрро машинаи таблиғот мегўянд. Аз ин машина барои тарғиби фарҳанги миллӣ ва арзишҳои он чӣ гуна ба таври кофӣ истифода кунем?
– Таблиғот намерасад дар театрҳо, на танхо дар театри давлатии Ҷавонон, ҳамаи театрҳо пойтахт ва музофт. Худатон дар “Парасту”ширкат намудед. Бубинед, дар ду сол як бор барпо мешавад ва дар ду сол як бор мо дидорбинӣ мекунем ба ин баҳона. Чун мо наметавонем ҳар рўз Хуҷанд ё дигар минтақаи кишвар биравем. Малика Ҷурабекова аз забони як мунақидди рус гуфта буд, ки театри тоҷик Маккаи театрҳост.
Дар Парастуҳои замони шуравӣ рақобати солим байни коргардонҳо, театрҳо, ҳунармандон вуҷуд дошт. Ҳунармандоне, буданд, ки дар чанд театр кор мекарданд, даъватшон мекарданд, ки дар намоишҳо, синамо ва дубляж ширкат кунанд. Яъне бубинед, ки театр самтҳои худашро дошт. Рисолати театр тарбияи бинанда аст.
Дар як филми Русия нақш офаридам, коргардони он гуфт дар Русия бимон, соҳиби хона, мошин, дача ва шаҳрвандӣ мешавӣ. Туро бо коргардонҳо ошно месозам, дар силсилафилмҳо нақш меофарӣ. Ман гуфтам не, ман ватандӯстам. Чун нози маро дар ватани худам мебардоранд, меҳру муҳаббат ба мухлисонам дорам. Бигзор Моҳпайкарро дўст надоранд, нақшҳоямро, қаҳрамонҳоямро дўст бидоранд. Мухлисонам ба ман лутф доранд, аз ин зиёд намешавад. Шукрона мекунам, ки дар ватане зиндагӣ мекунам, ки тинҷиву ободиву оромӣ асту шумо озодона метавонед ин гуна либос бипўшеду ман ин тавр. Чӣ гуна метавонам ватанамро тарк карда ба дигар ҷо рафта, ғуломи касе шавам? Ба ватанам хизмат мекунам.
– Оё намоишҳои театрӣ ва синамоии мо бо назардошти манофеи миллӣ таҳия мешаванд?
– Фикр мекунам бале.
– “Парасту”-ҳо меоянду мераванд, чӣ ҷанбаҳои моҳиятӣ дорад? Сарусадоҳои зиёд шуда буд дар хусуси тақаллуб дар таини номинаҳо. Шумо чӣ андешаҳо доред дар ин хусус?
– Парастуи имсол аз Парастухои гузашта беҳтар буд.
– Аз кадом лиҳоз?
– Аз лиҳози бозигарӣ. Бисёриҳо гуфтанд, ки театри русӣ барои ҷоиза гирифтан арзанда набуд. Вале ман бар зидди ин гапҳо ҳастам, арзанда буданд. Боз гуфтанд, ки Мохпайкар Ёрова арзандаи “Беҳтарин нақши занона” набуд. Бигзор. Қабул дорам. Ҳар кас фикри худашро гўяд. Аммо Худои бузург худаш тақсим мекунад. Ҳама чӣ дар дасти Худост. Дар гўшаи хаёлам низ набуд, ки ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона”-ро мегирам. Талош ҳам накардам. Баъзеҳо гуфтанд ҳама намоишномаҳоро дидем, ту арзандаи беҳтарин нақши занона будӣ. Ҳамин тавр ҳам шуд. Беҳтарин нақши занонаро ман гирифтам ва шоҳҷоизаро театри Маяковский. Якум чандин сол дар озмуни Паратсу иштирок кард ва боре ҳам соҳиби шоҳҷоиза нашуд. Ё ҷои якум мегирифт ё дуюм ё сеюм. Намоиши мо ҳам хуб буд. Намоиши мо ҳам арзандаи шоҳҷоиза буд. Қазоват аз ҳакамон аст.
– Оё ҳамин фестивал-озмуни “Парасту” зарурат дорад ё не? Агар зурурат дошта бошад, низомномаашро тағйир додан лозим аст, ки ҷоизаҳо ба ҳама дода шаванд, то ҷанҷолҳо нашаванд? Чӣ кор кунем? Ин озмун дар шароити имрўзӣ чӣ моҳият дошта метавонад, ки ин қадар суолбарангез мешавад? Интиқодҳо зиёд шуда буданд.
– Розӣ нестам, ки ҷоизаҳо ба ҳама дода шаванд. Бигзор рақобат бошад. Мо чандин ҷашнвораҳои байналмиллалӣ меравем, дар он ҷо ин хел гапҳо нест, ки чаро онҳо гирифтанду мо не. Дар Қазоқистон байни туркзабонҳо “Дирафши коваёнӣ”-и Фирдавсиро нишон додем. Бо шоҳҷоиза баргаштем. Онҳо метавонистанд гўянд, ки барои чӣ шоҳҷоизаро ба тоҷикон медиҳед ба қирғизҳо не, ба қазоқҳо ё ба узбекҳо. Он ҷо ин хелл нест. Оне ки арзанда аст, аз рўи ҳақиқат қадр мешавад. Бо “Шабе дур аз Ватан” чандин кишварҳоро гаштем. Дар Русия Абдумуъмин Шарифӣ беҳтарин нақши мардона гирифт. Дар он ҷо ҳам ягон кас даъво накард, ки чаро ба тоҷик ҷоиза додеду барои мо не. Аъзои ҳакамон аз рўи адолат интихоб шуданд…
– Сипос барои суҳбати ошкорову пурмуҳтаво.
– Саломат бошед.
Суҳбаторо Раҳима АЪЗАМ