Муқаллидҳои “Шоҳнома”
Муқаллидҳои “Шоҳнома” бисёранд. Машҳуртарини инҳо аз шуарои усмонии асри даҳуми ҳиҷрӣ Фирдавсии Тавил номи як шоир аст, ки бо номи султон Боязиди Усмонӣ дар ҳаҷми 380 ҷузъ як “Шоҳнома” навиштааст.
Вақте ки ин шоир китоби худро ба султони мазкур тақдим мекунад, султон интихоб кардани 80 ҷузъи онро ва маҳв кардани бақияашро ба шоир амр мефармояд. Ин маънӣ ба шоир гарон меояд. Бино бар ин, ӯ ҳам ба Фирдавсии Тӯсӣ тақлид карда, султонро ҳаҷв намуда, ба тарафи Хуросон мегурезад. Аммо на “ Шоҳнома“-и ӯ, на ҳаҷви ӯ, на гурехтани ӯ ба касе на ба султон ва на ба мардум, таъсире намебахшад.
ТАҲСИНИ ШУАРОИ КЛАССИКИ ЭРОН ФИРДАВСИРО
Саъдӣ мегӯяд:
Чи хуш гуфт Фирдавсии покзод,
Ки раҳмат барои он турбати пок бод!
Шайх Низомии Ганҷавӣ мегӯяд:
Сухангӯи пешин-дорои Тӯс,
Ки орост рӯи сухан чун арӯс.
Анварии Абевардӣ, ки дар соли 547 ҳиҷрӣ вафот кардааст, дар ҳаққи Фирдавсӣ мегӯяд:
Офарин бар равони Фирдавсӣ,
Он ҳумоюннажоди фархунда:
Ӯ на устод буду мо шогирд,
Ӯ Худованд буду мо банда.
Аз тарҷумаиҳолнависони усмонӣ Шамсуддини Сомибек дар ҳаққи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар “Қомус-ул-алъом”гуфтааст:
“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ як асари тақлиднопазир аст, ки монанди Гомери Юнон, Вергилии румиён, Дантеи италиявиён ва Милтони англисон аз ҷумлаи шоирони доҳӣ беназир будани соҳибашро нишон медиҳад”….
Сомибек таҳсини худро давом кунонида мегӯяд: “Салосати ”Шоҳнома” ба дараҷаест, ки агар ба наср нақл кардани ҳар кадом аз байтҳои он хоҳиш карда шавад, ғайр аз суханҳое, ки худи ҳазрати устод кор фармудааст, сухани дигаре ёфтан мумкин нест; устод, мисли ин ки ба тарзи одӣ сухан мегуфта бошад, бо як салосати табиӣ шеър иншод кардааст”.
Худи Фирдавсӣ дар ҳаққи “Шоҳнома”-и худ менависад:
Биноҳои обод гардад хароб
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бад-ин нома-бар умрҳо бигзарад,
Бихонад, ҳар он кас ки дорад хирад.
Дар охири китоб менависад:
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Танқид ва тақризчиён ҳар қадар кӯшиш карда бошанд ҳам, “Шоҳнома”- ро ба тарзе ки худи ҳазрати устод бо ин чор байти худ тавсиф кардааст, тавсиф карда натавонистаанд…
ЗАБОНИ “ШОҲНОМА”
Забони “Шоҳнома” содатарин ва софтарини забонҳои классикони Эрон аст. Ин забон ҳарчанд (чунонки тазкиранависон мегӯянд) тамоман беарабӣ набошад ҳам, бо вуҷуди ин дар замони истилои Араб бар Аҷам навишта шудааст, ба дараҷае, ки беарабӣ гуфтан тавон, камарабист. Бештарини арабиҳои дар ин китоби бузург корфармудашуда ҳам монанди ҳадя, аҳсан, ғам, навбат, арабиҳои ба даруни форсӣ ҳазмшуда ё ин ки монанди малак, фалак, қазо қадар исмҳои ба ҳар форсизабон фаҳмо мебошад. Ба ҳар ҳол, арабиҳои авомнофаҳмаш кам андар кам аст.
Аз китоби Садриддин Айнӣ: “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ таҳияи Манижа Ибрагимова, мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.