Дафтари довталаб бояд чӣ гуна бошад?
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхона барномаи телевизионии “Фурӯғ” дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” баргузор гашт, ки дар он хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва довталабони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуданд.
Барномаи навбатии Фурӯғ аз барномаҳои пешина фарқ мекунад, зеро он на ба таҳлилу баррасии ин ё он асари бадеӣ, балки ба чи гунагии Дафтари довталаб бахшида шуд. Ровии ҳамешагии барнома нависандаи хушбаён Азизи Азиз ба бачагон дар посух ба суолҳои:
- Дафтари довталаб тибқи Низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” чӣ гуна бояд бошад?
- Довталабон чӣ мегӯянд?
- Ҳакамон чӣ мехоҳанд?
- Чаро ва дар куҷо мо (довталабон) хато мекунем?
- Хатои ҳакам чӣ аст?
- Хатои довталаб дар чист?
ва амсоли инҳо кӯмак намуда, ҷавобҳои муфассал гуфт.
Адиб сараввал андешаи довталабонро нисбат ба ҳар як суол гӯш карда, баъдан бо тавзеҳот пурра кард. Ба бачаҳо мисолҳо оварда, бо истифода аз намуна фаҳмонд, ки тарзи пур кардани Дафтари довталаб чӣ гуна бояд бошад. Масалан, агар дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон номи асар, номи муаллиф ва мазмуни мухтасари асар ҷой дошта бошад, пас дар номинатсияи адабиёти бачагона ин чиз лозим нест.
МИСОЛ: Номи асар – Мактаби кӯҳна; Муаллифи асар – Садриддин Айнӣ; Жанр – повест.
Ё худ дар мавриди шеъру достонҳо, бояд ду ва ё чор мисраи аввали асар дар дафтар ҷой дода шуда бошад. Ин ҷо дарҷ кардани мазмуни мухтасари асар зарурат надорад, зеро дар номинатсияи адабиёти бачагона бояд фақат рӯйхати адабиёти хондашуда оварда шавад.
Ҳамчунин, адиб аз Низомномаи довталаб иқтибос овард: “Дар даври IV озмун довталаб шарҳи ҳоли мухтасари худашро пешниҳод мекунад. Рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (номи шеъри аз ёд кардашуда ва номгӯи асарҳои насрии мутолиа кардашуда)-ро бо зикри номи муаллиф ба комиссияи озмун дар се нусха ба таври ҳатмӣ ва дар шакли хаттиву электронӣ пешниҳод менамояд”.
Дар Низомнома оварда шудааст, ки зикри маълумоти зиёдатӣ лозим нест, аз ҷумла мазмуни мухтасари асар, номи қаҳрамонони он ва шакли пурраи шеъру достон шарт нест. Ҳакам бояд доно бошад ва донад. Аъзоёни ҳакам дар ин давр бояд маҳз адибони бачагона бошанд, то ки бо мазмун, мундариҷа ва қисмати қаҳрамонони асар шинос бошанд.
Ба гуфтаи Нозанини Шуҳрат – барандаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довталабонро зарур аст, ки номгӯи асарҳои хондаашонро тибқи тартиби Низомнома ҷой диҳанд, яъне аввал Садриддин Айнӣ, баъд Абулқосим Лоҳутӣ ва ба ҳамин минвол адибони дигар бо тартиби муайян оварда шаванд. Нуқтаи муҳими дигареро, ки Нозанин ба довталабон тавсия медиҳад, ин аз рӯи жанр – назм ва наср ҷудо ва ҷой дода шудани асарҳои мутолиашуда. Вагарна ёфтани номи асар дар мобайни рӯйхати овардашуда мушкил мешавад. Барои ҳамин ҳам хуб мешуд, ки довталабон ҳамаи ин нозукиҳоро ба инобат гиранд, то дар вақти муайяни барояшон ҷудокардашуда посух дода тавонанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки барномаи “Фурӯғ” барои кумак ба довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” равона карда шудааст ва хоҳишмандон метавонанд онро тариқи телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” тамошо кунанд.
Махфират Муҳиддинова