Муаррифӣ: Ҳасани Муродиён. Такрори дарсҳои гузашта
Ин китоб соли гузашта дар шаҳри Бохтар зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Рустами Тағоймурод (Хомарахш) чоп шудааст. Дар муаррифии он мехонем:
Дунё ба монанди мактабхона аст ва мо тифли дабистонаш ҳастем. Ҳар як лаҳзаи зиндагӣ дарс аст. Хуш ба ҳоли касе, ки аз ҳар дами ҳаёт сабақ гираду аз рўзҳои гузашта хулосаи дуруст барорад ва таҷрибаи андўхтаашро ба ояндагон омўзонад. Дар иртибот ба ин рисолаи мазкур аз рўзгори пур аз шебу фароз ва ибратомўзи омўзгори собиқадор, олими адабиётшинос ва рўзноманигори варзида, доктори илмҳои филологӣ, номзади илмҳои педагогӣ, профессор, корманди шоистаи Тоҷикистон худобиёмурз Муродиён Ҳасан Ғуломзода, ки «такрори дарсҳои гузашта» – и зиндагии ўст, қисса мекунад.
Рўзгори шоиста ва осори пурғановати мавсуф барои онҳое, ки майл ба фаъолияти илмию омўзгорӣ ва рўзноманигорӣ доранд, раҳнамо ва омўзномаи хубест.
Рисола баъд аз шаҳодати муаллиф (09.11.2020) бар асари вируси нави аср чоп шуд.
Мавзуна Назарова