Муаррифӣ: “Фарҳангшиносӣ”
Муаллифони ин китоб Ф. Турсунов, Д.Ҷонназарова, С.Саидова буда, соли 2017 ба ифтихори истиқболи ҷашни 25 солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф шудааст. Дар муқаддим аи китоб о мадааст, ки тадриҷан афзудан нақши фарҳанги дар ҷомеа вазифаи омўзишу тадқиқи илмии назария ва таърихи фарҳангро, ки қонуниятҳои инкишофи маданиятро дар арсаи таърихи инсонӣ нишон медиҳад, саривақтӣ ва зарурӣ мегардонад. Дар қатори дигар фанҳои ҷомеашиносӣ назария ва таърихи фарҳанги дар ҷаъмият вазифаҳои маърифатӣ ва ҷаҳонбниро иҷро менамояд. Он моҳият ва самти равандҳои фарҳангиро муайян намуда, усулҳою мақсадҳои рушди минбаъдаи фарҳангро асоснок менамояд ва баробари ин арзишҳои воломақоми инсонгароиро таҷассум менамояд.
Назария ва таърихи фарҳанг барои муайяни сохтани моҳияти фарҳанг, нақш ва вазифаҳои он баромад мекунад. Он чунин самтҳои муҳими ҳаёти фарҳангиро ба монанди ахлоқ, эҷодиёт муносибат ба мероси фарҳангӣ, вусъат додан ва азхуднамоии арзишҳоии фарҳангӣ таҳқиқ менамояд. Дар қиёс бо дигар соҳаҳои мушахас ва махсуси донишҳои иҷтимоӣ, ки ҳамчунин бо падидаҳои фарҳангӣ сарукор доранд, назария ва таърихи фарҳанг таълимоти мукаммалро оид ба фарҳанг медиҳад. Илми фарҳангшиносӣ шаклҳо ва намудҳои маданиятро омўхта, робитаҳои онро бо ҷамъият ва шахси мавриди баррасӣ қарор медиҳад,
Мусаллам аст, ки танҳо ба маводи фарҳангӣ рў овардан барои офаридани ягон соҳаи дониш, ки ба назарияи мустақили маданият мансуб бошад кофӣ нест. Дар вақти ҷудо намудани маданият ба фанни махсуси тадқиқот аз сарчашмаҳои назариявӣ ва метадологӣ бояд истифода намуд.
Вале муаммо дар он аст, ки фарҳанг чунин падидаи иҷтимоӣ мебошад, ки онро аз дигар соҳаҳои фаъолияти инсонӣ ба монанди истеҳсоли моддӣ, робитаҳои сиёсию иҷтимоӣ, ташаккул ва такомули маънавӣ, муносибати инсонӣ ҷудо намудан амру маҳол аст. Ҳар як соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ метавонад аз нуқтаи назари аҳамият ва арзиши он баҳо дода шавад. Агар ин тавр бошад, пас куҷост он ҳадде, ки доираи таҳқиқоти назарияи фарҳангро аз таҳқиқоти дигар илмҳои ҷомеашиносӣ намояд. Ин савол доимо дар мадди назари тадқиқотчиёни муосири назария ва таърихи фарҳанг меистад.
Назария ва таърихи фарҳангро танҳо бо омўзиши маданияти маънавӣ маҳдуд намуда, мавҷудияти маданияти модиро нодида гирем, он гоҳ унсурҳои соҳаҳои модии фаъолияти ҷамъиятӣ ба монанди маданияти меҳнат, маданияти маишию фароғатӣ, маданияти экологӣ ва ғайра аз назари омўзиш дар канор хоҳад монд.
Назария ва таърихи маданият ҳамаи намудҳо ва тарзҳои фаъолияти одамро аз диди камолоти инсонӣ таҳқиқ менамояд. Аз ин лиҳоз, дар дастури таълимӣ мазкур маҳзи нишон ҳамин нуқта кўшиш ба харҷ дода шудааст.
Низоми кредитии таҳсилот нисбати эҷоди китобҳои дарсӣ талаботи навро ба миён мегузорад. Маҷмўаи таълимии мазкур матни лексияҳо, инчунин силлабус (барномаи кории таълимйа), саволҳои санҷиши дониш дар охири ҳар як мавзўъ, мавзўъҳои дарси амалӣ, супоришҳои кори мустақилона, тестҳо ва схемаҳои таълимиро фарогир аст.
Омўзиш ва тартиби таълим дар низоми кредитии таҳсилот хусусиятҳои худро дорад. Матнҳои лексия сарфи назар аз мухтасар будан аз ҷиҳати мантиқу илмият комил, пурмазмун ва моҳияту тарафҳои муҳимтарини ҳар як мавзўю масъалаҳоро дар бар мегирад. Кўшиш ба харҷ дода шудаст, забони матнҳо фаҳмову мушаххас бошад.
Низоми кредитии таҳсилот эҷодкорӣ, таҳқиқи амиқи фанни таълимӣ, такмили дарсҳои назарӣ, ҷўстуҷўи шаклу усулҳои нави машғулиятҳои амалӣ (семинарӣ)-ро талаб менамояд. Бо мақсади таҳкиму такмили донишҳои дар лексия андўхта, дар раванди дарсҳои амалӣ шаклҳои мусоҳибаи гурўҳӣ, семинар –диспутҳо (баҳс), мизҳои мудаввар низ истифода мешаванд.
Вазифаи муҳими устод дар он аст, ки шогирдонро пайваста ба роҳи мустақилона амиқу мукаммалтар омўхтани мавзўҳои фанни таълимӣ ҳидоят намояд. Инчунин, аз онҳо иҷрои супоришҳои берун аз дарсиро талаб менамояд ва иҷроиши онро назорат менамояд. Донишҷўёнро ба мутоилаи адабиёти дарсӣ, иловагӣ, сарчашмаҳо, мақолаву моногирафияҳои нав одат мекунонад, ба онҳо консепекти китоб, навиштани маърузаҳои илмӣ, реферат, сохтани луғати тафсириро аз рўи мафҳумҳои асосии ҳар як мавзўъ меомўзонад.
Мавриди таҳияи дастури таълимии мазкур муаллифон ба маводҳои илмии фарҳангшиносони ватанӣ–устодон Сафар Сулаймони,Ҷонибеки Асрориён, Нурулло Сайвалиев, Назри Яздонӣ, Далер Баҳромӣ, Ибодулло Бобоқулов рў овардаанд.
Китоби “Фарҳангшиносӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Гулрӯ ИСМОИЛОВА,
мутахассис Маракази такмили ихтисос