МУАРРИФӢ. Гулчеҳраи Зоиддухт. “Муйсафеди гавҳорабардӯш”
Зарраҳо ва резаҳо бо ҳам меоянду чизеро шакл медиҳанд. Ҳар даму ҳар соату ҳар рўз ва воқеоти вобастаи он ба ҳам омада, умри инсонро таҷассум мекунад. Бонуе бо номи Гулчеҳра зарра ва реза ва пораҳои зиндагиро ба ҳам овардан хостааст. Ҳарчанд чанд зарраест, вале гўянда аз ҳаёти одамист, аз рўзгори дар такопўш муҳиту атроф буда бошад.
Итминон дорем эҳсосу ҳикмату самимияти ин зарранавиштаҳо аз даруни ин китоб ба вуҷуди шумо хушгувору форам медавад ва шуморо таскини осудаоваре мебахшад….
Ин сатрҳо аз сарсухани кутоҳе иқтибос шуданд, ки дар китоби Гулчеҳраи Зоиддухт “Мӯйсафеди гаҳварабардӯш” омада. Китоб дар нашриёти “Ашӯриён” соли ҷорӣ чоп шудааст.
Гулчеҳраи ЗОИДДУХТ кист?
Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Дар рўзномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Садои мардум», «Ҷумҳурият» («Тоҷикистони советӣ»), «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Мароми пойтахт» ифои вазифа кардааст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ, дорандаи медали «100-солагии матбуоти тоҷик».
Шарофат Мирзоева