МУАРРИФӢ: “Саразм хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик”

Чунин ном дорад китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли гузашта ба ифтихори ҷашни 5500 солагии ин шаҳри бостонӣ чоп шуда буд. Пешвои муаззами миллат ташаббускори аслии оғози кофтуковҳо ва пажӯҳишҳои ҷиддии илмӣ дар мавзеъи шаҳри бостонӣ ҳастанд ва маҳз бо ташаббуси ин марди хираду андеша ҷаҳониён аз таърихи шаҳрсозиҳои гузаштагони некноми мо огоҳии бештар пайдо карданд.

Дар китоб Пешвои миллат ба таҳлили амиқу илмии Саразм пардохта аз ҷумла навиштаанд:  

            Истиқлоли давлатӣ неъмати бебаҳо ва гардиши куллӣ дар ҳаёти халқи тоҷик мебошад. Ин арзиши муқаддас ҳастиву бақои миллат ва пойдории Тоҷикистон ба шумор рафта, барои тараққиёти бомарому устувори мамлакат роҳи васеъ кушод.

            Мардуми кишвари мо дар як муддати начандон тӯлонии таърихӣ ба шарофати истиқлолу озодӣ дар самти ҳалли вазифаҳои муҳимми стратегӣ ва ислоҳоти бунёдии низоми иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр иқдомоти бузургро амалӣ намуда, ойину суннатҳои арзишманди аҷдодиро эҳё карданд ва ҷиҳати ҳифзи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ қадамҳои устувор гузоштанд.

            Дар ин давра як қатор санаҳои муҳимми таърихӣ, бузургдошти чеҳраҳои мондагори миллат ва солгарди шаҳрҳои бостонӣ таҷлил гардиданд, ки намунаи олии онҳо 1100-солагии давлатдории Сомониён, 2700 солагии Авасто, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб ва 3000-солагии Ҳисор мебошад.

            Бузургдошти 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки ба руйхати ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст, боз як иқдоми муҳим дар роҳи шинохти гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик мебошад.

            Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамини аҷдодиамон ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.

            Мо дар оғози давраи истиқлол барои ҳифзи ин ёдгории куҳан ва мероси бузурги таърихиамон саъю талоши зиёд кардем. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид.

            Солҳои 2003 ва 2005 ман ба ин мавзеъ сафар карда, ҷиҳати обод ва барқарор кардани он дастуру супоришҳои мушаххас додам. Дар ин асос, то соли 2008 панҷ ҳафриёти Саразм болопӯш ва атрофаш бо панҷара иҳота карда шуд.

            Бо вуҷуди мушкилоти сангини молиявӣ мо аз фонди эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1, 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда, ба ин восита бисёр масъалаҳои ҳалталаби ин мавзеъро ҳаллу фасл намудем.

            Дар давоми ин солҳо маводу далелҳои зарурии илмии таърихиву бостоншиносӣ дар заминаи таҳқиқоти олимони ватаниву хориҷӣ барои ворид сохтани Саразм ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО омода ва пешниҳод гардиданд ва созмони мазкур 31 июли соли 2010 Саразмро ба ин рӯйхат шомил намуд.

            Сипас қарори дахлдори Ҳукумат аз 2 майи 2019 “Доир ба ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразми бостон” қабул гардид. Дар доираи ин санад дар шаҳри Панҷакент корҳои зиёди созандагиву ободонӣ ба анҷом расида, як қатор иншооти нави иҷтимоӣ бунёд ёфтанд ва маводи зиёди илмиву пажӯҳишӣ интишор ёфта, корҳои бостоншиносӣ вусъати тоза касб намуданд.

            Олимони бостоншинос муқаррар намуданд, ки Саразм ёдгории нодири давраи энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказист. Ин давра, ки онро асри сангу мис меноманд, тақрибан ҳудуди ҳазораҳои V-III то мелодро фаро гирифта, дар баъзе минтақаҳо то ҳазораи II пеш аз мелод идома ёфтааст.

            Шаҳри Саразми бостонӣ дар водии Зарафшон 15 км ғарбтар аз шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ шимолтарин бошишгоҳи мадании муқимии кишоварзии минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Тамаддуни Саразм қариб 1500 сол идома ёфта, марҳалаи рушди он ба давраи охири энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ, яъне ҳазораи IV-III пеш аз мелод рост меояд.

            Ин мавқеи таърихӣ маркази рушди ҳунармандӣ, шаҳрсозӣ ва кишоварзии минтақа ба ҳисоб рафта, бояд ба сифати яке аз зодгоҳҳои тамаддун ва осорхонаи таърих ба оламиён хизмат намояд ва пайвандгари дирӯзу имрӯзи наслҳо бошад.

            Моро зарур аст, ки ин ёдгории қадимро ҳифз намоем, корҳои илмиро идома бахшем ва ҳафриёти боқимондаро ба таври амиқ мавриди омӯзиш қарор дода, асрори нуҳуфтаи Саразмро барои ҳамватанон ва тамаддуни ҷаҳонӣ равшан намоем…

Китоби “Саразм – хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик” – ро шумо метавонед дар дилхоҳ толори хониши Китобхонаи миллӣ фармоиш диҳед ва мутолиа намоед. 

 Бунафша Раҳмонова