Рўнамоии китобномаи тозанашри «Лоиқ Шералӣ ва маҷмўаи мақолаҳо» дар Китобхонаи миллӣ

Имрўз ба ифтихори 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгохи иљроияи Президенти Љумхурии Тољикистон  рўнамоии китобномаи «Лоиқ Шералӣ ва маҷмўаи мақолаҳо», ки шуъбаи библиографияи миллӣ омода кардааст, баргузор гардид. Нишаст бо ҳузури гарми зумрае аз ҳамқаламони устоди шодравон, пажӯҳишгарон, рӯзноманигорон ва кормандони китобхонаву хонандагон доир шуд.

 Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода бо сухани ифтитоҳӣ маҳфилро оғоз намуда, аз нақши Лоиқ Шералӣ дар рушди адабиёти тоҷик сухан ронд.Ҷумахон Файзализода ҳамчунин  дар бораи чигунагии китобномаи«Лоиқ Шералӣ ва маҷмўаи мақолаҳо» ва талошу заҳматҳои нигорандагони он мухтасар нақл кард.

Директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла гуфт:  Лоиқ Шералӣ ягона шоире дар қарни 20 буд, ки бе он, ки китобе чоп карда бошад, ба тариқи истисно ва бурун аз оиннома танҳо барои шеър дар ситоиши Модар бо  пешниҳоди устоди шоирони тоҷ ик Мирзо Турсунзода ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд. Ин ҳодиса дар таърихи Иттифоқи нависандагон шояд дигар такрор нашавад.

 Лоиқ аз ҷумлаи бузургтарин суханварони кишвар аст, ки баъди 20 соли реҳлаташ низ яке аз пурхонандатарин шоирон боқӣ мондааст. Шеъри ў имрўз дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ  аз ҷумлаи серхонанадатринҳост ва китобҳояш аз ҷумлаи пурфуруштаринҳост, ки  аз маҳбубияти ў дар миёни мардум ҳикоят мекунад.

Ҳамчунин дар маҳфил номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулмаҷид Қурбонов  суханронӣ намуд. Вай гуфт: Вақте ба осор ва шахсияти Лоиқ рў меорем, симои шахсияте пеши назар меояд, ки дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон ҳамто надорад. Ба кам касон рўй медиҳад, ки сазовори маҳбубияти камназири хонандагони худ гардад. Миллате, ки соҳибтамаддун аст, ба қадри шоираш мерасад ва дар ҳама давру замон аҳли қалам аз сарнавишти миллате, ки ҳамзабон аст, ҳамтаърих аст, ҳарф мезанад. Имрўз рўҳи устод Лоиқ моро ҷамъ овард, ки дар бораи сарнавишти миллати ҳазорсолаву соҳибфарҳанг назар андозем. Шеъри Лоиқ тарғибкунандаи миллат аст. Миллате, ки дар сарнавишташ ҳазорсолаҳо зери тозиёнаи қавму миллатҳои дигар монда буд, тавассути чунин бузургонаш аз нав зинда гардид.

Ба воситаи  тарҷумаҳои устод Лоиқ моро миллатҳои дигар низ шинохтанд. Масалан Ҳуте, ки аврупоиён ўро пайғамбари назм гуфтаанд, шеърҳо дар васфи бузургони мо гуфтааст. Шеърҳои зиёде дар тавсифи Мавлавию Ҳофизу Саъдӣ иншо кардааст, вале ин қадар ҳадафрас набуд, ки устод Лоиқ он шеърҳоро аз назари худ баргардон ва пешниҳоди хонанда кард.

Ромиш Шералӣ-писари устод Лоиқ Шералӣ, ки дар ҷамъомад ҳузур дошт, як пора хотираи ҷолибе аз рӯзгори хонаводагии худ нақл кард: Ин сўҳбати падарам бо модарам ҳанўз дар ёдам ҳаст. Модарам падарамро мири шаб мегуфтанд. Модарам ба падарам гуфтанд мири шаб бо классикони худамон машғул шавед, ин гуна шеърҳо аз дастатон беҳтар меояд. Хотирмонтар аст. Ман аз кўдакӣ китобдори падарам будам. Рав фалон китобро биёр, фалон луғатро биёрам, маънои фалон калимаро ман бояд донам, ки чӣ паҳлуҳо дорад. Фарҳанги форсии Муъин, Амид,  Фарҳанги забони тоҷикиро биёр.  Меовардаму мебурдам.

Афзалшоҳ Шодиев як субҳи барвақт хона омад, дари мо ҳамеша кушода буд. Субҳ соати 5 омаду падарам ҳамин шаб ғазал эҷод карда буданд. Дафтар пӯшида набуд. Он ғазали падарамро гирифт, гуфтам «ако, охир мумкин нест». Гуфт «сюрприз» мекунам. Бегоҳ консерт дошт, дар он консерташ он ғазали падарамро ба оҳанг дароварда хонд. Падарам дар консерт нишаста буданд, ҳайрон шуданд, ки ин шеърро ҳоло худам дуруст нахондам, Афзалшоро бинед, хонда истодааст.

Тавассути эҷодаш тавонист мардуми зиёдро тасхир кунад, шеър мехонд, овозхонҳо сурудҳояшро месароиданд, китобҳояш нашр мешуд, мусоҳибаҳояш дар радиову телевизион пахш мешуд.

Вақте мо ин ҷо падарамро ёд кардем, пораҳои бишкастаи дилашро дар Китобхонаи милии Тоҷикистон васл кардем. Шарораи нигоҳашро дар чашмони шумо дида истодаам. Устоди азиз ҳама вақт нигаҳбони мо буданду ҳастанд.

Ҳамчунин дар ин нишаст ҳунарманди варзида ва яке хонандагони хуби таронаву ғазалҳои устод Лоиқ Афзалшоҳ Шодиев ширкат ва суханронӣ намуд.

Рӯнамоии китобнома ба як маҳфили хотирмон табдил шуд, ки то дергоҳ дар хотири ширкаткунандагонаш боқӣ хоҳад монд.

Хотиррасон мекунем, ки китобномаи «Лоиқ Шералӣ ва маҷмўаи мақолаҳо” бахшида ба 80 – солагии шоири маъруф аз ҷониби шуъбаи библиографияи миллӣ таҳия ва зери назари профессор Ҷумахон Файзализода чоп шудааст. Ин аввалин ва мукаммалтарин китобнома аз осори шоири шинохта мебошад, ки рӯи чоп омадааст ва беҳтарину комилтарин манбаъ барои касонест, ки мехоҳанд дар бораи устод Лоиқ пажӯҳишҳо анҷом бидиҳанд.

Раҳима Аъзам