Муаррифӣ. Таронаҳои Самарқанд
Суруди тарона рубоиёту дубайтӣ, зарбулмасалу мақол ва чистонҳо дар эҷодиёти даҳанакии мардуми Самарқанд мавқеи хоса дошта, дар онҳо орзуву умед, расму оини мардум ифодаи худро ёфтаанд. Дар онҳо дар тарбияи маънавӣ, ахлоқии одамон, парваридани ҳисси ватандӯстӣ, пос доштани Истиқлоли Ватан, меҳнатдӯстӣ, ишқи вафо, ростию растагорӣ, эҳтироми калонсолон, мақоми сухан дар ҷамъият, муносибати инсон бо табиат ва ғайра мавқеи арзанда доранд.
Нашри илмии «Таронаҳои Самарқанд» аз ҷониби фолклоршиноси тоҷик Баҳром Шермуҳаммадов соли 1966 тавассути нашриёт «Дониш» ба сомон расонида шуда буд. Бо дархости хонандагони сершумор нашри оммавии ин китобро профессор А. Ⱪамарзода бо таҳрир, такмил ва иловаҳо ба чоп тайёр намудааст, ки соли 2013 дар нашриёти “Муҳаррир”-и шаҳри Тошканд чоп шуда, ҳоло ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ ворид шудааст.
Дар маҷмӯа инчунин намунаи шеъру таронаҳои мардумӣ, ки баъди нашри аввалаи «Таронаҳои Самарқанд» ҷамъоварӣ карда шудаанд ва ашъори дигар шоирони маҳаллӣ интихобан ҷой дода шудаанд.
Дар пешгуфтор омадааст: Самарқанд бробари дар соҳаи иқтисодиёт, ҳунармандӣ, кишоварзӣ, савдо ва тиҷорат мавқеи хоса доштанаш, ҳамчун маркази илму фарҳанг ва адабиёт низ машҳур аст. мардуми ин ҷо аз азал шеъру адабдӯст буда, осори зиёди адабиёти шифоҳии мардуми Самарқанд ва атрофи он низ хеле маъмулу машҳур аст. Аксар маросимҳои халқии мардуми ин ҷойро ҳоло ҳам бидуни назми халқии анъанавӣ ва тозаву нав тасаввур намудан мумкин нест.
Самарқанд ҳоло низ макони аҳлу адаб, фарҳангу ҳунар ва шоирон буда, аксар тӯю маъракаҳои мардум ин ҷо бо суруду тарона, рақсу бозиҳои мардумӣ танинандоз мегардад.
Мардуми ин ҷо номи ҳофизону овозхонон ва мутрибону оҳангсозонро ҳамчун Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов, Ⱪорӣ Сироҷ Юсуфов, Ⱪорӣ Камол, Ҳоҷӣ Там-Там, Шариф Акрам, Михоэл Толмасов, Насим Ҳошимов, Гавриел Муллоқандов, Мавлуда Аъзамова, Ⱪодири Най, Шокарим, Тӯлқин Собиров, Муродҷон Шукуров, Аминҷон Шарифов, Темур Шаҳобов, Неъматҷон Раҳматов, Муродқул Ашӯров, Раҳматҷон Неъматов, Аврам Толмасов, ширинкори номӣ Ислом Низомов мулаққаб ба Исломи Найранг ё худ Найзонгул, бибихалифа-гӯяндазанҳои машҳур Ⱪулмурод Садриева, Ҷураой Абдусамадова, Саломат Ҷӯраева, Мақсад Шамсиева, Офтобой Бибихалифа, Султон Бибихалифа, Маъқулой Бибихалифа ва даҳҳо дигаронро ҳамеша дар ёд доранд. Ҳоло беҳтарин анъанаҳои онҳоро ҳофизону овозхонони нозукадо, бибихалифаҳои замонавӣ идома медиҳанд…
Китоби “Таронаҳои Самарқанд”-ро дӯстдорони эҷодиёти халқӣ метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Малика Абдуллоева