Муаррифии китобҳои тозавуруд. Ҳ.А. Зайтметов. “Психологияи умумӣ”
Китоби мазкур чун дастури таълимӣ-методӣ соли 2017 дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд ба чоп раисдааст. Дар пешгуфтори он муаллиф мегӯяд: Писхология қонуниятҳои инкишоф ва зуҳуроти ҳодисаҳои психикиро омўхта, моҳияти инъикоси олами объективиро дар қишри мағзи сар ошкор месозад. Бо назардошти он, ки ҳар як фаъолияти одам (таълимӣ, меҳнатӣ, ичтимоӣ) аз рўи қоида на танҳо аз шароитҳои объективии ҳаёту фаъолияти одам, балки аз ҷанбаҳои субъективяӣ (муносибат, мақсадгузорӣ, таҷрибаи шахсӣ)низ асос мегирад, дар назди писхология вазифа гузошта мешавад, ки хусусиятҳои амалигардии фаъолият ва натиҷаҳои онро дар вобастагӣ аз таносуби шароитиҳои объективӣ ва ҷанбаҳои субъективӣ муайян намояд.
Омўзиши психология имконият медиҳад, ки донишҷў қонуниятҳои ташаккули шахситятро муайян намуда, дар ҳамкорӣ бо педагогика ташкили дурусти тарбияро ба роҳ монад, қонуниятҳои пайдоиш ва инкишофи ҳолатҳои ногувори рўҳро ошкор созад, ба пешгирии ихтилофи асабию руҳӣ мусоидат кунад. Ҳамчунин қонуниятҳои шаклгирии тағйироти психикаи беморро муайян карда, бо раванди табобат таъсири мусбат расонад.
Афзун бар ин, маърифати қонуниятҳои писхология дар ҳалли масъалаҳои ташкили меҳнат, омўзиши техникаи нав ва усулҳои пешкадами кор, баланд бардоштани самараноки фаъолияти истеҳсолӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо, тақсими дурусти меҳнат ва қувваи корӣ, ташкили муҳити созгори кору муносибат ва ғайраҳо мусоидат менамояд.
Психологҳо бо назардошти қонуниятҳои псхологӣ барои такмили хусусиятҳои мусбат, бартарафсозии хислату одатҳои бад ва дигар масъалаҳои шахсию байнишахсӣ метавонанд тавсия ва маслиҳатҳои муфид пешниҳод намоянд.
Донистани донишҳои психологӣ дар пешрафти таълиму тарбия, тиб, варзиш, саноат, суд ва системаи ислоҳоти меҳнати ҳарбӣ, корҳои идоракуӣ, институтҳои ташвиқотӣ таъсири мусбат дорад. Дар ҳалли низоъҳои ботинию байнишахсӣ низ нақши равоншиносҳо назаррас мебошад. Аз ин рў, омўзиши қонуниятҳои ин фан дар писихологияи умумӣ омўхта мешавад.
Таҳияи ин дастури таълимӣ барои тайёр намудани мутахассисони оянда ва ташкили самарабахши идоракунии гурўҳҳои иҷтимоӣ, бунёди муҳити солими байнишахсӣ ва корӣ дар коллективҳои меҳнатӣ, барои омўзиши боз ҳам амиқтари шахс ба мақсади ташаккул додани фардияти ў, инчунин расонидани ёрии психологӣ ба ў дар муайян кардани роҳи асосии ҳаёташ заруранд.
Дар ин дастури таълимию методӣ матни лексия, тестҳо, саволҳо барои корҳои мустақилона ва истилоҳоти фаннӣ барои ошноии донишҷўён бо мафҳумҳои асосии фан, баҳодиҳӣ ба вазъияти гузаштаю имрўзаи психология, ошкор намудани ҳолатҳои мухталифи рўҳиву равонӣ ва ғ. маводи арзишаманде гирд оварда шудааст, Инчунин дар ин дастур маълумот оид ба таърихи таҳаввули психология ҳамчун илм, пайдоиши истилоҳоти фаннӣ, меъёрҳои баҳодиҳӣ нисбат ба ҳолатҳои равонӣ ва ғ..,оварда шудаанд.
Ин дастур на танҳо фарогири иттилоот перомуни фанни мазкур аст, балки ҷанбаҳои илмии матни лексияҳо низ ба назар гирифта шудааст. Мо кўшиш кардем, ки матни лексияҳо танҳо аз маводи хусусияти ахборидошта иборат набошад. Аз ин рў, бо истифода аз адабиёти арзишманди ватаниву хориҷӣ масъалаҳи муҳими равоншиносии муосирро мавриди пажўҳиш ва муаррифӣ қарор диҳем.
Ба тақозои таълими замонавӣ мазмун ва мундариҷаи лексияҳо дар таблитсаҳо ҷой дода шудааст, ки ин гуна пешниҳоди мавод муфид мебошад. Илова бар ин, дар ин дастур аз шабакаи интернет низ васеъ истифода бурда шудааст.
Мураттиб ҳангоми таҳияи ин дастур дастовардҳои илмии психологияи муосири ҷаҳонӣ ва таҷрибаи илмӣ-педагогии худро низ васеъ истифода бурдааст. Равшан аст, ки китоб ё дастури таълимие бидуни камбуд ва навоқис вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, муаллиф барои боз ҳам такмил ва таҷдиди ин дастур пешниҳод ва мулоҳизоти арзишманди мутахассисонро мунтазир аст.
Гулрӯ Исмоилова.