Муаррифӣ. “Ахтарони илми таърих”

Ахтарони илми таърихИн китоб маҷмўаи мақолаҳо-маърўзаҳоеро фаро мегирад, ки дар барномаи конференсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони «Саҳми академик Мулло Эркаев ва профессор Одил Маҷлисов дар рушди илми таърихи ватанӣ», бахшида ба 110-солагии Мулло Эркаев ва Одил Маҷлисов дохил шудаанд. Конференсия 28-уми ноябри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида, маводи он фарогири ҳаёту рўзгор ва мероси илмии ин ду тан муаррихони мактабдор мебошад.

Профессор А.Ҳусейнов дар муқаддима менависад:

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд, ки Пешаи омўзгорӣ муқаддастарин касби рўи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машақатқати омўзгорон мебошад».

Вақеан, миллате, ки омўзгори асил надорад, ба мартабае намерасад. Ҳамин аст, ки бузургони мо – Камолиддини Биноӣ “устодро аз падар беш», Саъдии Шерозӣ “ҷабри устодро беҳ зи меҳри падар» гуфтаанд.

Тасоддуф нест, ки яке аз нахустин муассисаҳои олии кишвар ин Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ (Собиқ Донишкадаи педагогии ба номи Т.Г.Шевченко) мебошад. Бешак дар масири таърих донишгоҳ мақому манзалати хосаро соҳиб буда, аввалин олимону сиёсатмадорон, ҷомеашиносон ва омўзгорони кишвар маҳз парвардаи ҳамин даргоҳанд.

Яке аз факултаҳое, ки баробари донишгоҳ таъсис ёфтаву шахсиятҳои муътабару маъруфи илму маорифи мамлакатро тарбият кардааст, факултети таърих мебошад. Бешак гуфтан мумкин аст, ки факултети таърих натанҳо дар тайёр кардани соҳаи омузгорӣ, балки ҳамчун ниҳоди илмӣ низ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мақому манзалати хосаро соҳиб аст. Дар факултет олимони маъруфи кишварчун Б.Ғафуров, А.Семёнов, Б.Искандаров, М. Эркаев, О. Маҷлисов, Р. Масов, Ҳ. Пирумшоев ва чанде дигарон фаъолият намуда, ба мактаби мукаммали таърихнигории миллӣ замина гузоштанд. Аз ин рў, арҷ гузоштан ба ин омўзгорону донишмандон ва абадӣ нигоҳ доштани номи неки онҳо қарзи фарзандии омўзгорону шогирдони ин даргоҳ мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад садорати факултети таърих конференсияи илмӣ-назарявиро зери унвони “Саҳми академик Мулло Эркаев ва профессор Одил Маҷлисов дар рушди илми таърихи ватанӣ» бахшида ба 110-солагии Мулло Эркаев ва Одил Маҷлисов баргузор намуд.

Воқеан фаъолияти илмиву омўзгории ин муаррихон-омўзгорони забардаст ба факултети таърих иртибот дошта, дар тайёр намудани садҳо олимону мутахассисони соҳа саҳми арзанда гузоштаанд. Ба назари мо омӯхтани паҳлуҳои ҳаёту зиндагонии ин олимону омӯзгорони варзида намунаи ибрат хоҳад буд барои омўзгорону олимони насли ҷавон.

Ин маҷмўа пахлуҳои гуногуни фаъолияти илмиву омӯзгории академик Мулло Эркаев ва профессор Одил Маҷлисовро инъикос намуда, мақолаҳо, маърўзаҳоеро фаро мегирад, ки дар барномаи конференсияи илмӣ-назарявии мазкур роҳ ёфтаанд.

Китоби “Ахтарони илми таърих”-ро шумо дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа кунед.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассии шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.