Тарҷумаи олмонии “Марги сӯдхӯр”-и устод Айнӣ дар Китобхонаи миллӣ

Der-Tod-des-WucherersҚатори дигар китобҳои нодир як нусха тарҷумаи олмонии повести “Марги судхӯр”-и устод Садриддин Айнӣ дар толори хониши адабиёти хориҷӣ мавҷуд аст. Ин китоб соли 1966 дар Берлин интишор ёфтааст, вале маҳз кай ба Китобхонаи миллӣ расидааст, маълум нест.

Тарҷумони китоб шарқшиноси маъруфи Олмон, профессор Манфред Лоренс мебошад ва аҷаб нест муаллифи тарҷума дар ҷараёни кадом сафараш ба Тоҷикистон ин китобро бо худ овардаву ба китобхона тақдим кардааст.

Айни замон китоби мазкур таҳти №50088 дар шуъбаи адабиёти хориҷи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Manfred-LorenzМАНФРЕД ЛОРЕНС шарқшиноси бузурги Аврупо буда,  яке аз аввалин донишҷӯёни хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошад, ки соли 1957 пас аз хатми факултаи эроншиносии Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) роҳхат гирифтаст. Баъди бозгашт Манфред Лоренс дар баробари забону адабиёти форсии тоҷикӣ ба омӯзиши Осиёи Марказӣ низ машғул шуд. Соли 1967 дар ҳамкорӣ бо пажӯҳишгар Бузурги Алавӣ «Китоби дарсии забони форсӣ» – ро таҳия ва чоп кард.

Соли 1977 устоди забони тоҷикӣ ва забонҳои осетӣ ва соли 1987 профессори бахши шарқшиносии Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин таъйин гардид. Бахши мазкур забонҳои тоҷикӣ (форсии дарӣ), пашту, осетӣ, курдӣ, инчунин, дигар забонҳои қадимаи эрониро дар бар мегирифт. Баъди муттаҳид шудани ҷумҳуриҳои федералӣ ва демократии Олмон бо ташаббуси Лоренс дар Донишгоҳи Ҳумболдт самти нави таҳсил: «Илмҳои Осиёи Марказӣ» таъсис ёфт. Ӯ дар баробари роҳбари ҳайати таҳририяи тарҷумаи китобҳои устод Садриддин Айнӣ «Марги судхӯр» ва «Ёддоштҳо» будан, муаллифи даҳҳо мақолаву гузоришҳои пажӯҳишӣ, тарҷумони сад ҳуҷҷати таърихӣ, ҳикояву афсонаҳои мардумии форсу тоҷик буд.

Соли 2011 Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни сафари расмии худ ба Олмон дар вохӯрӣ бо ҳамватанон ва равшанфикрон профессор Манфред Лоренсро бо ордени «Дӯстӣ» қадр карданд. Қаблан ӯ доктори ифтихории ДМТ ва Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон гардида буд. Лоренс дар мусоҳибаи соли 1989, ки дар шумораи рузномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шудааст, мегӯяд: «Баъди Тоҷикистон ба Эрону Афғонистон сафар кардам, кишварҳои бисёр ҳам аҷибанд, аммо Тоҷикистон ҳамчун аввалин муҳаббати ман дар дилам боқист!».

Лоренс бори охир соли 2014 ба ифтихори 3000- солагии Ҳисори бостон ба кишвари мо ташриф овард ва бо нутқи ҷаззобу пурмазмуни худ паҳлуҳои норавшани таърихро равшан кард.

Манфред Лоренс 25 майи соли 2017 аз олам чашм пӯшид. Пеш аз марг китобхонаи шахсии худро ба Сафорати Тоҷикистон дар Олмон супорид, ки бидуни шубҳа, ганҷинаи шойгони миллати мост. Имрӯз вақти он расида, ки пажӯҳишгарони ҷавони мо дастхату китобҳо ва осори аз Лоренс бозмондаро омӯзанд, асарҳои чопнашудаашро нашр кунанд ва дар зинда гардондани номи як тан сарсупурдаи миллати тоҷик ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву адабии Тоҷикистон ва Олмон хидмат намоянд.

Таҳияи Мадинаи Худойдод,
с
армутахассиси шуъбаи
адабиёти хориҷӣ.