Муаррифӣ: Бадриддин Мақсудзода. “Камолнома”. Ҷилди 1

kamolnomaИн китоб, ки таҳқиқот дар бораи Камоли Хуҷандӣ ва шеъри ӯст, соли 2021 дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст ва маҷмӯаи мақолот дар бораи Камоли Хуҷандӣ ва шеъри ӯ буда, ба истиқболи 700-солагии шоир бахшида шудааст. Аксари мақолоти ин маҷмӯа дар солҳои гуногун дар мавзӯоти мутанаввеъи марбути Камол ва осору афкори ӯ таълиф шудаанд, вале муаллиф онҳоро бо таҷдиди назар дар ин китоб ҷой  додааст. Мутолиаи он дар шинохти бештари шахсияти шоир, ҷаҳонбинӣ, мавзӯъу муҳтаво ва ҳунари адабии ӯ мусоидат хоҳад кард.

Китоб барои адабпажӯҳон, донишҷӯён ва оммаи васеи дӯстдорони каломи бадеъ пешниҳод мешавад.

Баҳром Раҳматов, Директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, номзади илми филология дар сарсухан ба китоб менависад:

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», ки тайи чанд соли охир дар рушди камолшиносонӣ кишвар ва умуман адабиётшиносӣ дар кишвар саҳм мегирад, тасмими наверо ба роҳ монд, ки робитаи Муассисаро аз ҳар ҷиҳат бо камолшиносони кишвар ва берун аз он бештару пурзӯртар мекунад. Ба ин васила, муассиса мехоҳад қаламкашону муҳаққиқонро бештар ба рӯ овардан ба ашъору орои Камоли Хуҷандӣ-ориф ва шоири беҳамто тарғиб ҳам намояд.

Барои он ки таҳқиқоте, ки то имрӯз роҷеъ ба ҳаёту фаолияти ин шоири номвари хуҷандӣ рӯи кор омадаасту дар он саҳми камолшиносоне, чун Шарифҷон Ҳусейнзода, Саъдуло Асадулоев, Атахон Сайфулоев, Абдулманони Насриддин ва дигарон бузург аст, дар силсилаи дигре, ки алҳол чаҳор ҷилди он интишор ёфт, нашр хоҳанд шуд. Он «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» ном дорад, ки аз даҳ ҷилд ва бист китоб иборат хоҳад буд ва бисёр таҳқиқоти гузашта ва ҷадидро бо ҳам  хоҳад овард.

Силсилаи ҷадиди «Камолнома», ки бо пешниҳод ва ибтикори устод Бадридин Мақсудов—аз камолшиносони нухбаи имрӯзини Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, пайомадҳои илмии хубе хоҳад дошт, чун имрӯз ҳам масоили зиёди камолшиносӣ ҳаллу фасли худро наёфтаву шинохти дуруст ва  дарки матолиби шеъри шоир бо вуҷуди он ки нигоштаҳое аз муосирон дар ин ҷода вуҷуд дорад, ба таври шоиста ба роҳ монда нашудааст.

Вижаги дигаре, ки бояд таҳқиқи бештар ёбад, ҳунари шоирӣ ва сабки шеъри шоир аст, ки дар ҷилди аввали силсила-дар мақолаҳои  устод Бадридин Мақсудов «бисмиллоҳ»-и он гуфта шудаву фикр мекунам то «омин»-аш хеле роҳ аст. Ҳамчун ният дорем, ки дар ин силсила маҷмӯаи мақолоти дигар камолшиносон, ки ба ҷиҳатҳои  дигари камолшиносӣ, аз ҷумла ирфони шоир, забони шеъри ӯ масоили таърихи замони зисти шоир, фалсафаи орои ӯ ва амсоли ин таҳқиқ мекунаду то ҳанӯз дар қайди ҳаёт ҳастанд, шомил намоем, то дар зарфи чанд соле, ки ин силсила нашр мешавад, ҷиҳатҳои гуногуни камолшиносӣ таҳқиқ гардад ва манзараи куллии шинохти шеър, шоир ва андешаи ӯ  ба вуҷуд биёяд.

Китоби “Камолнома”-и Бадриддин Мақсудзодаро шумо метаовнед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Гулистон ЛУНДИШОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.