Муаррифӣ: Машқҳои табобатӣ барои беморони гемофилия

Машқҳои табобатӣ барои беморони гемофилияИн китобча соли 2020 чоп шуда ва ҳоло дар Китобхонаи миллӣ ҳам расидаву дар хидмати хонандагон қарор гирифтааст. Тавре муаллифон менависанд, лозим ба ёдоварист, ки тайи се даҳсолаи охир таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан Созмони умумиҷаҳонии  тандурустӣ (СУТ)  нисбат ба бемороне, ки дараҷаи  лахташавии хунашон паст аст ё ба истилоҳ бемории гемофилия хеле зиёд шуд.

Тайи ҳамин муддат дар минтақаҳои  гуногуни ҷаҳон аз табобати маводдҳои зидди гемофилӣ (аз қабили плазма ва криопресипитат) ба  хотири пешгирӣ аз Гепотити С даст кашида, ба табобати факторӣ FVIII ва FIX гузаштанд. Шакли ингибитории ин бемориро бо фактории  FVIIа муолиҷа  менамоянд.

Дар аксари мамалакатҳои ҷаҳон барои табобати бемории гемофилия «Барномаи миллӣ» қабул шуда, миқдори хариди факторҳоро ба сари аҳолӣ то 10 -11МЕ (Фаронса, Шведсария) расониданд. Ин нишондод дар Русия 8МЕ Казоқистон 5МЕ, Ӯзбекистон ва Ⱪирғизистон мутаносибан 3-2,5МЕ-ро ташкил медиҳад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ номгӯи  доруҳои дар боло овардашударо  ба сархати феҳрести доруҳои  барои ҳаёт ва саломатӣ ниҳоят муҳим дохил намудааст. Чунин муносибати некбинона имкон медиҳад, ки беморони гемофилия низ нигоҳи хешро ба зиндагӣ беҳтар намоянд.

Машқҳои табобатӣ барои беморони гемофилияБоварӣ ҳаст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи доруҳои дар боло зикршударо, ки ташкилоти умумуҷаҳонии тандурустӣ онҳоро эътироф намудааст, ба рӯйихати феҳристи тасдиқнамудаи хеш, ки барои ҳаёт ва саломатӣ ниҳоят муҳиманд, дохил менамояд ва лоиҳаи қонунро оид ба роҳҳои «Табобат ва пешгирии бемории гемофилия» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Итминони комил дорем, ки мақомоти қонунбарор ва иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сарнавишти беморони гемофилияро мавриди таҳлилу санҷиш қарор дода дар ин самт баҳри қабули «Барномаи миллӣ» саҳм мегузоранд.

Аммо бояд зикр кард, ки ҳеҷ гуна дорую дармон бе кӯшиш худи бемор натиҷаи  дилхоҳ нахоҳад дод. Аз ҳамин лиҳоз  мо чунин мешуморем, ки  варзиши дуруст ягона ҳаракатест, ки моро аз ҳама хавфу хатарҳо метавонад эмин нигоҳ дорад.

Дастурамалеро, ки Шумо дар даст доред иструктор методисти ЛФК (маҷмӯи варзиши табобатӣ) бахши реконструктивӣ – барқарорсозии ортопедӣ шуъбаи гемофилӣ ва дигар коагулоапатии ФГБУ (муассисаи буҷавӣ федералии давлатӣ) ГНС  (Маркази тадқиқоти илмӣ) – и вазорати тандурустии Русия – Р.О.Осипова, ки собиқаи кории 37 – сола  дорад, рӯи чоп овардааст.

Маҳз ҳамин собиқаи кории муаллиф таваҷҷуҳи  моро ба ин Дастурамал бештар намуд ва бо ҳидояти каломи гузаштагонамон:

                   Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

                   Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

онро барои Шумо ба забони тоҷикӣ бозгардон намуда, рӯи чоп овардем ва ҳамчун армуғон баҳри аз байн бурдани ҳама гуна мушкилоти рӯзгор пешкаш мекунем.

Ба варзиш машғул шавед ва саломатии худро  ҳифз намоед!

Бо арзи эҳтиром ба шумо:

Наҷиб Азизӣ,

Раиси ташкилоти ҷамъиятии

Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Китоби “Машқҳои табобатӣ барои беморони гемофилия” ва чанд китоби дигар дар ин мавзӯъро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

         Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА, мутахасси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷмент