Муаррифӣ. “Сурудҳои занона”
Ин китоб гирдовардаи Сорбон Норбадалов аст, ки соли 2021 чоп шудааст. Дар он, тавре аз номаш ҳам пайдост, намунаи сурудҳои халқии тоҷикии занона аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҷамъоварӣ гардида, ба нота гирифта шудааст. Китоб бо ин сарсухан нашр шудааст:
Сурудҳои халқии занона як қисми ҷудонопазири фарҳанги мусиқии мардумист. Аслан, сурудҳоро достонҳои хурди лирикӣ низ мегўянд,ки аз сужетҳои алоҳида иборатанд. Сурудҳои занона низ шодиёна ва ғамангез мешаванд, аммо таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар аксар ҳолатҳо сурудҳо омехта шудаанд. Яъне, сурудҳои шодиёна, ки дар тўю маърака суруда мешаванд, аз мисраъҳои ғамангез, дурӣ, ноумедиву нокомӣ низ қисса мекунанд. Суруди “Алла” – ро ҳама модарон бо ифшо кардани рози худ ва хос ба зиндагияшон месароянд.
Намунаи сурудҳои занона ба он хотир дар шакли алоҳида ҷамъ оварда шудааст, чун вақти иҷрои онҳо масъала ва мавзўъҳои муҳимми рўзгори бонувони тоҷик, ки онҳоро ба ташвиш меоварад, бо сўзу гудоз ва дарду ҳасрат, ҳассосона ифшо мегардад. Ҳамчунин, дар сурудҳои шодиёна низ аз урфу одат ва анъанаҳои қадимии занони тоҷик қисса карда мешавад. Масалан, суруди “Тори абрешим”, ки суруди ошиқонаи занона мебошад ва аз ҳунари зардўзии занҳои тоҷик қисса мекунад. Ба ҷанбаи ахлоқии он назар кунем, арўсони ҳунарманд барои шавҳарони ояндаи худ ҷомаву рўймол медўхтанд ва аз он ифтихор ҳам мекарданд. Ин эҳтироми занҳо боиси қавӣ ва мустаҳкам гардидани ҳаёти оилаии онҳо мешуд. Дар суруд гуфта мешавад :
Тори абрешим овардаст ёрам,
Руймол мебофам ширинҷон, рўймоли зебо ёри ҷон,
Барои шумо, азизам, бо оби тилло.
Сурудҳои занонаи ба забони яғнобӣ сурудашуда, асосан, мавзўи дур афтодани онҳо аз ватани бобоӣ ва ба азобу шиканҷаву ғурбат гирифтор шудани онҳоро инъикос мекунад. Аксари сурудҳои яғнобии ҷамъовардаи олимони соҳа низ ҳамин мавзўро дар бар мегирад. Суруде, ки яғнобиёни ноҳияи Зафаробод иҷро кардаанд, чунин аст:
Уқоби чалакрез чалактиш гардун,
Рисқат рузий бахша навим саргардун.
Ҳамаи wатини тинҷит амони вотӣ,
Овора навонт одамт ғарибат сарсун.
Дар ин суруд, шикояти заноне, ки хешовандонашон ҷудо буданд ва зодгоҳи худро тарк кардан намехоҳанд, равшан инъикос ёфтааст.
“Уқоби чалакрез” ибораи таъбиршуда ба маънии чархбол омадааст, ки солҳои 70-уми асри гузашта мардуми яғнобзаминро бо чархболҳо ба дигар минтақаҳо кўчонида буданд.
Сурудҳои занона аксарият дар дойрабазмҳои духтарона, ки пеш аз маросими тўй баргузор мешуд, эҷод шудаанд. Як нафар дойранавоз аз ҳисоби занҳо дар васфи арўс, зебоии ў абрўю мижгону чашму қадду басти ў сурудхониро шурўъ мекунад ва дигар мавзўъҳо дар рафти маросим аз ҷониби иштирокдорони базавқомада эҷодшуда, дар ҳамин зарб рубоӣ ва байтҳои дигарро зам мекунанд. Аз ин рў аксари сурудҳои занонаи маросимӣ аз дубайтиву рубоиҳо иборатанд. Мисли суруди “Ёр-ёр” ва “Дугонаҷун”.
Як қатор маросимхои оилавӣ ва тўйи тоҷикон танҳо ба занҳо тааллуқ дошта, дар он мардҳо тамоман ширкат намекунанд. Ин маросимҳо аз гавҳорабандони кўдак шурўъ мешавад ва бо ордбезону чойгаштак, ҳинобандону рўйбинон идома ёфта, то маросимҳои мазҳабии “Мушкилкушо” ва “Бибисешанбе” рафта мерасад. Аз ин ҷост, ки аксарият сурудҳои халқӣ бо сурудани занҳо хос шудааст.
Суруди “Ман намерам, оча” – ро қариб дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Ин суруд дар ҳар минтақа зарб ва лаҳни сурудани махсус ва фарқкунанда дошта, дар сужети он маыбуран ба шавҳар додани арӯс инъикос ёфтааст, ки тоҷикон онро никоҳи хешутаборӣ, гавҳорабахш унвон кардаанд. Дар тифлии арўсу домод волидайни онҳо ба ҳамдигар аҳд мекунанд, ки қудо мешаванд. Аммо вақте ки ҷавонҳо ба воя мерасанд, аз тасмими падару модар норозӣ мешаванд ва мехоҳанд аз рўи интихоби худашон издивоҷ кунанд. Дар ин суруд ҳасрати арӯсшаванда хеле равшан ба чашм мехура:
Ман намерам, очае, ба Худо намерам, очае,
Нони мардум хурдай, ночор мерам очае…
Ҳамин тавр, сурудҳои занонаи тоҷикӣ аз ҳар ҷиҳат миёни жанрҳои фолклорӣ фарқкунанда ба чашм мехурад. Барои ҳамин зарурати дар шакли алоҳида гирдоварӣ намудани онҳо ба миён омад. Аксарияти сурудҳо дар фонди шахсии гирдоварандаи ин сурудҳо архивизатсия шудаанд, аммо намунаи онҳо дар ин маҷмўа ба нота гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар шабакаи Ютуб – саҳифаи “Эҳёи жанрҳои мардумӣ” сабти видеоии сурудҳо пешкаши ҳамагон гардидааст. Барои ба ояндагон интиқол кардани шакли дурусти сурудҳо мебояд ҳамаи онҳоро ба нота гирифт. Дар лоиҳаҳои оянда ин мавзўъро комилтар ва васеътар хоҳем кард. Зеро оҳанги дили ҳар як зан ва модар оҳанги дили тамоми мардуми олам буда метавонад.
Сорбон Норбадалов.
Таҳияи Саодат НАБИЕВА