Мулоқоти директори Китобхонаи миллӣ бо намояндагони Донишкадаи миллии таҳқиқоти рушди алоқаи Русия
Имрўз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мулоқоти директори Китобхона доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода бо Алина Гасумянова – муовини фаъолиятҳои расонаии директори Донишкадаи миллии таҳқиқоти рушди алоқа оид ба Русия ва Ирина Оганесян сардори шуъбаи алоқаҳои берунии нашрия ва расонаи Perspctum баргузор шуд. Зимни вохўрӣ тарфаҳо дар мавриди ҳамкориҳои судманди дуҷониба табодули назар намуданд.
Дар ин суҳбат зикр гардид, ки Тоҷикистон соҳиби тамаддуну таърихи бою қадим буда, ба муаррифии бештар аз ҷониби кишварҳои дигар ниёз дорад. Зеро, афзуд Алина Гасумянова тоҷикон таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дорои адабиёту фарҳанг ва тамаддуни қадимианду бою рангин. Нобиғаҳоеро ин миллат ба олмиён дода ва ҳамаи ин тақозо мекунанд башарият аз ин тамаддуну ин фарҳанг ва ин адабиёти ғанӣ бештар огоҳӣ дошта бошад. Ва албатта, халқи рус ҳам бояд ошноии бештар дошта бошад. Албатта, дастае аз мардуми зиёӣ бобати таъриху гузаштаи пурифтихори миллати бошарафи тоҷик маълумот доранд, вале ин кофӣ нест. Барои мардуми одӣ низ аз ин фарҳангу адабиёт, китоб, ва таърихи ифтихорофари тоҷик гуфту дар саҳифаҳои маҷаллаҳо навишт.
-Мо бо муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо, театрҳо, китобхонаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои фарҳангии на танҳо Русия, берун аз он низ ҳамкорӣ менамоем. Масалан мо имрўз дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон вохўрӣ доштем. Дирўз бо директори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мулоқот доштем. Имрўз вохўрии дигар дар Осорхонаи мардумшиносии Академияи миллии илмҳоро дар нақша дорем.
Меҳмонон иброз доштанд, ки хоҳони дидани муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон ҳастанд ва омодаанд, ки аз ин дидаҳояшон дар саҳифаҳои маҷаллаашон бинависанд. Дар сомонаашон, ки дар рўз беш аз 20 000 хонанда вориди он мешаванд, ҳамзамон шабакаҳои иҷтимоӣ доири Китобхонаи миллӣ мавод омода намоянд. Дар маҷмуъ хоҳони муносибатҳои мутақобила бо Китобхонаи миллӣ ҳастем, таъкид намуданд меҳмонон.
Дар баробари ин конференсияву мизҳои гирд анҷом медиҳем. Мехоҳем маҷаллаи «Человек и мир» -ро бо 2 забон: русӣ ва тоҷикӣ ба нашр расонем.
-Мо бо Китобхонаи давлатии Русия, Китобхонаи миллии Русия Китобхонаи давлатии умумирусиягии адабиёти хориҷӣ ба номи М. И. Рудомино ҳамкориҳои хуб дорем, изҳор дошт дар навбати худ директори Китобхонаи миллӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода.
Ў аз пешниҳоди ҳамкориҳо изҳори хушҳолӣ намуда, барои ҳамкориҳои судманди дутарафа эълони омодагӣ намуд. Дар ҳамин ҳол роҳбари муассиса доир ба бозомўзии кормандони Китобхона, барномаи ALEPH, ки китобхонаҳои Русия низ дар гузашта бо ин барнома фаъолият менамуданд, суҳбат кард.
Профессор Файзализода дар идомаи суҳбаташ гуфт имрӯз дар Китобхонаи миллӣ 18 номзади илм фаъолият мекунанд. Китобхонаи миллӣ на танҳо муассисаи фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ ва методӣ низ ҳаст.
Сипас, профессор Файзализода доир ба маҷаллаи «Паёми Китобхонаи миллӣ», ҳадаф аз таъсиси он ва вазифаҳои он ба меҳмонон иттилоъ дод.
Дар поёни мулоқот директори Китобхонаи миллӣ, Ҷумахон Файзализода китоби Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Забони милат- ҳастии миллат» ва китоби сардори Маркази тахсилот ва инновасияҳои китобдорӣ Муҳаммадиқбол Атозодаро бо номи «Бухорои Шариф» ва ташаккули жанрҳои публитсистӣ» тақдим намуд.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот
ва робита бо чомеа