Мусоҳибаи солинавӣ.Устод Сотим Улуғзода:«Худшиносии миллӣ донистани миллат аст таърихи худро».

ulugzodzhaИн мусоҳиба бо устоди каломи бадеъ, яке аз маъруфтарин нависандагони тоҷик Сотим Улуғзода 40 сол пеш дар “Газетаи муаллимон чоп шудааст. Ба хотири ёди накуи он азиз, суҳбатро бознашр мекунем.

Устод, Шуморо аз номи кормандон ва хонандагони Соли Нави ҳуҷаста аз самими дил, аз мағзи ҷон табрик мегўем ва бароятон тани дуруст, бахти ҳумоюн ва комгориҳои беназири эҷодӣорзу мекунем.

-Ташаккур.

Қариб 50 сол боз Шумо дар арсаи эҷод заҳмат мекашед. Осоратон ганҷҳои шайгони хазинаи адабиёти сеҳазорсолаи тоҷик аст. Бо вуҷуди ин пурсидан айбнест, муродатон аз навиштан чист?

– Хидмат ба адабиёт ба тарбияти рўҳӣ ва маънавии насли ҷавон, инчунин ба тараққии забони адабии миллӣ.

Ба ақидаи шумо адабиёти бадеӣ оё вазифаашро, ки тарбияи инсон аст, ба ҷо меоварад? Бисёр идеологҳои буржуазӣ дар ин боб ақидаи хеле афтодарўҳона доранд…

– Таъсири адабиёти советӣ ба тарбияи инсони нав хеле қавист.  Бе китобҳои Горкий, Айнӣ, Лоҳутӣ, Маяковский, Фадеев, Николай Островский ман он тавре ки ҳастам, намебудам. Инро миллионҳо марду зани мамлакати мо (ва нафақат мамлакати мо) дар ҳаққи худашон гуфтан метавонанд.

Худшиносии миллиро чӣ гуна мефаҳмед ? Сабаби дар солҳои охир  ба таърих рў оварданатон чист?

– Худшиносии миллӣ, ба фаҳми ман, донистани миллат аст, таърихи худро донистани ўст ҳиссаи ба тамаддуни ҷаҳон ва ба ҷунбишҳои озодихоҳии башарият гузоштаашро, донистани он чи дар анъанаҳо, расму оинҳои ў фойданок ё зарарнок аст, пазируфтани фоиданок ва дур афкандани зарарнок; кўшиши бошуурона барои муҳофизат ва инкишофи забони миллӣ, донистани ўст мавқеи худро дар байни миллатҳои дигар, эътироф кардани таъсири муфиди маданияти халқҳои дигар ба маданияти вай, донистани қадри иттиҳоду бародарии миллатҳо. Садокат ба дўстии халқҳо, ки дар мамлакати мо пойдор шудааст, муҳимтарин нишонаи худшиносии миллист.

Мақсад аз рў овардани ман ба таърих – ба таври бадеӣ таърихи халқамро дарк кардан, бузургони гуманист ва тарақихоҳи гузашаамонро, ки ифтихороти миллии моро ташкил мекунанд, ба халқамон аз тариқи дил ва ҳис, ҳамон тавре ки ман худ шинохтаам, шиносондан аст

Дар таърих ва дар фаъолияти арбобҳои тараққипарвари басе нуқтаҳо,хикматҳо, таълимҳо, пандҳо ҳастанд, ки барои замони мо ҳам қиматашонро гум накардаанд. Ҳамин чиз адабиёти бадеии дар мавзўъҳои таърихӣ эҷодшударо бо афкору ғояҳои замони мо ҳамоҳанг мегардонанд.

Дар  бораи идеал чӣ ақида доред? Аз мардони таърих киҳо идеали Шумоянд?

– Аз шахсиятҳои таърихӣ идеали ман Фирдавсӣ ва Навоӣ мебошанд.

Нависандаи таърихнигор олим аст. Боре гуфта будед, ки барои таълифи «Ривояти суғдӣ»-нахустин манбаъҳои фаровоне, аз ҷумла «Таърихи Табарӣ»-ро дар чандин ҷилд омўхтаед. Камтар аз ин хусус нақл мекардед.

-Олими таърихшинос воқеаҳои таърихро, сабабҳои онҳоро бо омўхтани санаду ҳуҷҷатҳои саҳеҳ тадқиқ мекунад: адиби таърихнигор он воқеаҳо ва сабабҳои онҳоро ба тавассути омўзишу тасвири хулқу атвор ва рафтору кирдори мардумони давраи муайяни таърихӣ дарк мекунад. Вазифаи ҳардуяшон ҳам душвор аст, аммо адиб як имтиёз дорад, ки олим надорад, ҳуқуқи тахайюл (фантазия). Тахайюл бояд бар пурраву пухта донистани ахлоқу атвор, расму ойини ҷамъияти ҳамон давра асос ёбад. Надонистан ба тахмин навиштан таърихро вайрон ба қалам додан аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст намебошад. Вақоеъномаҳо, сафарномаҳо, назму насри муаллифони давраи мавриди тасвирро бо диққат омўхтан зарур меафтад.

-Ба кадом суханварони адабиёти ҷаҳонӣ ихлоси калон доред ва мудом ба онҳо рў меоред?

-Ба Фирдавсӣ, Лев Толстой, Горький, Бальзак, Чехов.

Шумо тарҷумони мумтоз ҳам ҳастед.Бо вуҷуди  ин дар ин боб кам изҳори андеша кардаед.Тарҷумаи бадеӣ чӣ гуна бояд бошад?

-Услуби соҳиби асарро бояд нигоҳ дошт. Тарҷума бояд ба дараҷаи бадеияти асл бошад. Агар тарҷумон ҳис кунад, ки аз ўҳдаи ин намебарояд, аз тарҷума даст кашиданаш авлост. Баъзе фаслҳо, бобҳо ва ва ҳатто як асари томро гоҳо бо мақсади фаҳмо баромаданаш ба хонандаи тоҷик як қадар озод тарҷума кардан равост, аммо дар ин маврид ҳам ба риояи услуби нависанда кўшиш бояд кард. Ва дар ҳама ҳол аз боигариҳои забони модарии худ, аз имкониятҳои баёну ифода ,ки вай дорад, пурра истифода бурдан лозим аст.

Маълум аст, ки касби як гурўҳ тарҷумонист. Дар баробари ин суханвароне низ мавҷуданд, ки дар давоми умри худ ду се китобро тарҷума мекунанд. Шумо дар ҷавонӣ китоби «Ғурмагас»,(«Занбўр»)-ро ба тоҷикӣ бар гардонидед, ки нашри нави он ба қарибӣ дастраси хонандагон шуд. Дар солҳои камоли эҷодӣ «Дон Кихот», «Ҳамлет» ва «Достони Уле Шпигел»-ро тоҷикӣ кардед. Оё ба ин шоҳасарҳои ҷаҳонӣ рўй оварданатон тасодуф буд? Ва магар аз ин тарҷумаҳо баҳра бардоштаед?

– «Дон Кихот» ва «Тил Уленшпигел» аз ҷумлаи дўстдоштатарин китобҳои  монанд. Ҳар дуро аз ғайри супориши нашриёт бо ташаббуси худам тарҷума кардам, «Ҳамлет» бо супориши Управленияи (Раёсати) санъати Вазорати маданият барои марҳум Маҳмудҷон Воҳидов тарҷума карда шуда буд. Ин санъаткори пурҳунар дер боз орзуи бозӣ кардани роли Ҳамлетро дошт, лекин ба бадбахтии мо, ба ин орзуи худ ноил нашуда рафт.

Кори тарҷума барои такмили забону услуби ман ёрӣ дод ва медиҳад.

       -Ба ақидаи Шумо мард чӣ гуна бояд бошад?

– Ҷавоби ин суол фақат яктост: бояд мард бошад, ҳама умр ва дар ҳама маврид.

Кадом хислатҳои занонро хеле азиз медонед? Оё зан ҳам барои мард идеал буда,метавонад?

– Бомаърифат, боҳаё, меҳрубон. Оё марде ҳаст, ки занеро идеали худ накарда бошад, гарчанде он идеал ҳаёти набуда,тасаввурӣ, хаёлӣ ҳам бошад?

        -Аз нақшаҳои эҷодиатон каме  нақл мекардед?

– Ҳаракат дорам, ки дар бораи Фирдавсӣ роман нависам, лекин дар пеш душвориҳои азим мебинам (дар бораи ҳаёти ў ғайр аз ду-се пора ахбори афсонамонанд чизе нест). Намедонам душвориҳоро рафъ карда метавониста бошам ё не. Агар натавонам…чӣ бояд кард? Ҳоло маълум нест.

Бознашр аз “ГАЗЕТАИ МУАЛЛИМОН”, соли 1983, 1 январ.

Таҳияи Зебонисо ДАВЛАТОВА, мутахассиси шуъбаи маркетинг ва менечменти фаъолияти китобдорӣ.