Мустафо Шарқӣ. Сабақи аввалин. Ҳикоя
Намедонам, мусиқӣ чӣ сеҳре дорад, ки оҳанги фораму дилрабои он ҳушу ёдамро рабуда, мафтун мекунад. Ман бо чашмони нимпўш сукут карда менишинаму дар зери мавҷҳои савти ҳаяҷонбахш, шўхҷанг ё форами аллагўии он соатҳои дароз ба баҳри фикру хаёл ғутавар мешавам, дам солҳои бебокии кўдакӣ, дам ҷавонии пурҷўшу хурўш ва дам одамони ба дил азизамро дар пеши назар тасаввур менамояму мондашавиамро фаромўш мекунам, дам мегирам.
Ҳамаи аҳли хонаводаамон дилбастагии маро ба мусиқӣ хуб медонистанд ва ҳангоми сар то по гўшу ҳуш шуда мусиқӣ шунавиданам кўшиш менамуданд, ки ба ман халал нарасонанд. Танҳо духтарчаам Гуландоми ҷингиламўю шўх, эркаю нозпарвар ин майлу ҳаваси маро ба эътибор намегирифт: вай бо болғачаи қандмайдакунӣ ба лаълӣ ва ё сатилча зада, садои дилбеҷокунандаи онро бо садои мусиқӣ ҷўр мекард.
Ман норозиёна сар мебардоштам, вале сар ҷунбондаю қош парронда «мусиқӣ» навохтани Гуландомро медидаму оташи ғазабам паст мешуд. Ноилоҷ наздаш мерафтам ва мўйҳои ҷингилаашро силакунон ба илтиҷо мегуфтам:
– Духтарам, мон камтар мусиқӣ гўш кунам. Ман бисёр монда шудам…
– Ин ҳам мусиқӣ-кў, -мегуфт Гуландом чашмонашро калон кушода .
– Ана гўш кунед.
Вай бо болғача боз ба сатил ё лаълӣ бошиддат мезад ва садои пештара ҳам дабардўққию гўшхароше мебаромад.
– Хуб-а, дадо? – мепурсид Гуландом аз «мусиқии» эҷодкардааш ба шавқ омада. – Ман ҳам мусиқичӣ мешавам. Майлаш?
– Майлаш, духтарам, майлаш, – ҷавоб медодам ба ў.
– Лекин худам ба андеша афтода фикр мекардам: чӣ кор кунам, ки Гуландоми ман мусиқии ҳақиқиро аз ҳар хел садоҳои дилгиру гўшкаркунанда фарқ карда тавонад.
Як рўз писарбачаи ҳамсояамон – Юнус аз мағоза моҳичаҳои зинда харида оварду дутоашро, ки нисбатан хурд будан, ба Гуландом ҳадя кард.
Мо як зарфи қарабоиро об пур карда, моҳичаҳоро дар он сар додем. Моҳичаҳои ба назар нимҷон якбора ба ҳаракат даромаданду шиппикунон худро ба қаъри об заданд ва аз он ҷо каҷ-каҷ ба мо назар карданд.
Гуландом ангушташро ба об ғўтонда, ба моҳичаҳо расонданӣ шуд, лекин онҳо думҳояшонро ҷунбонда зуд худро дур гирифтанд.
– Метарсанд, – гуфт Гуландом аз ман пурсид: – Онҳо чӣ мехўранд?
– Кам – кам нонреза, ҷавоб додам.
Гуландом пораи ноне оварда, майда карда ба об партофт. Аммо моҳичаҳо, ки ба мо ва ба ҷои нави худ одат накарда буданд, ба ин лутфи Гуландом аҳамият надоданд…
Аз байн чанд рўз гузашт. Моҳичаҳо рафта – рафта ба Гуландом одат карданд. Ҳатто дар мавридҳое , ки вай ба онҳо даст мерасонд, намегурехтанд ва ҳатто бо майл тахтапушташонро дошта меистоданд.
Боре аз радио садои ҷаз – бӯм-буму тақар- тақари нақора, ҷарангоси тақсимии мисину карнай ба ҳам омехта баланд гардид. «Аҷаб мусиқии гўшкаркунанда ва асабрас!» – аз дил гузарондам.
– Дадо, дадо! – фарёд кард Гуландом баногоҳ.
-Моҳичаҳоро бинед, ҷои гурез мекобанд.
Наздик омада ба моҳичаҳо назар кардам. Онҳо ба ҳаяҷон омада, худро ба ҳар канор мезаданд ва ҷои гурез меҷустанд. Даррав манзараи дигар – чи тавр ба филҳо таъсир расондани мусиқӣ, ки аз навори синамое дида будам, ба хотирам расид. Филҳо низ ҳангоми баланд гардидани садои ҷаз айнан мисли моҳичаҳо ба ҳаяҷон омада , гўё девона шуда бошанд, дар панҷара худро ба ҳар тараф мезаданд. Аммо ҳамин ки садои мусиқии равону форам баланд мегардид, зуд ором мешуданд ва ба зарби он сар ҷунбонда, ба рақс медаромаданд.
Ман радиоро хомўш кардам. Моҳичаҳо низ ором шуданд. Он гоҳ ба воситаи радиола мусиқии дилпазире шунавондам. Моҳичаҳо дар таҳти садои форами мусиқӣ дар об ҳамвор шино шино карда, оҳиста – оҳиста ба рақс даромаданд. Гуландом шодикунон фарёд кард:
– Дадо, моҳичаҳоро бинед, рақс мекунанд!
Ман ҳам фурсати қулайро аз даст надода, ба вай гуфтам:
– Дидӣ, мусиқии хубро моҳичаҳо низ дўст медоранд. Ту чӣ? «Мусиқичӣ мешавам» гуфта ҷарангоси лаълиро мебарорию ба ман халал мерасонӣ.
– Дигар халал намеоасонам, дадо, – ҷавоб дод Гуландом ва мисли одамони калонсол нигоҳи маънидоре карда, илова намуд:
– Лекин мусиқичӣ мешавам.
– Албатта!
Аз байн ду сол гузашт. Имрўз Гуландом ғиҷҷак дар даст аввалин бор ба остонаи мактаби мусиқии бачагона қадам гузошт, аммо вай сабақи аввалинро он рўз аз моҳичаҳо гирифта буд.
Мустафо Шарқӣ. “Сабақи аввалин”. Маҷмӯи қисса ва ҳикояҳо. Душанбе, 2020.
Ин китобро шумо, хонандагони азиз метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Шабнами Мустафо, мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.