Мутолиа: равишҳо ва аҳаммияти он (натиҷаи таҳқиқ)

Гузориш-1Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва гиромидошти корномаҳои наҷибонаю мондагори ў дар рушду нумуи илму фарҳанги миллати тоҷик, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Қабл аз ҳама, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998, таҳти №105 дар зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров Осорхонаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Соли 2019 дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши мондагори китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат чунин ибрози андеша намуданд: “Арзиши илмии ин асари бунёдӣ (“Тоҷикон” – Ҳ. А.) бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022 таҳти рақами №АП-227 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузории озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” эълон карда шуд. Мутобиқи банди 3-и Амри Президент вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуданд, ки барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” аз 24-ум то 28-уми декабр дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки 115 нафар аз манотиқи гуногуни мамлакат дар ин давр ширкат варзиданд.

Кормандони шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ тасмим гирифтанд бо истифода аз ҳузури иштирокчиёни озмун, ки манотиқи мухталифи кишварро намояндагӣ мекарданд ва дар баробари 115 нафар иштирокчии озмун инчунин омўзгорон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ва волидайни довталабон иштирок доштанд, таҳқиқоти сотсиологӣ баргузор намоянд. Дар раванди баргузории таҳқиқот кормандони шуъба: Насиба Даниярова, Исмоил Саидзода, Зуҳро Забирова, Сафаргул Ҳусайнова, Учул Бобораҳимова, Гулру Исмоилова ва Нушин Абдураҳимова саҳми муносиб гузоштанд, ки аз эшон сипосгузорем.

Вобаста ба шумора ва синну соли ширкаткунандагон, ки аз хонандагони синфи 1-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногунро дарбар мегирифт, таҳқиқот барои 250 нафар дар назар гирифта шуд, ки аз ин шумора 50 нафар ба шаҳри Душанбе, 50 нафар ба вилояти Хатлон, 50 нафар ба вилояти Суғд, 50 нафар ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва 50 нафар ба ноҳияҳои тобеи марказ тақсим карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории таҳқиқот муайян намудани сатҳи мутолиа, усул ва равишҳои китобхонӣ ва аҳаммияти мутолиа дар миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва манотиқи мухталифи кишвар маҳсуб меёфт.

Натиҷаҳои назарсанҷӣ нишон доданд, ки аз 250 нафари дарназардошташуда, 243 нафар иштирок намуданд, ки 97,2%-и иштирокчиёнро ташкил медиҳад ва 2,7%-и дигар дар назарсанҷӣ ширкат накарданд. Вобаста ба дарсади ширкаткунандагон аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бошад 110 нафар (45,26%) аз шаҳри Душанбе, 35 нафар (14,40%) аз вилояти Хатлон, 35 нафар (14,40%) аз вилояти Суғд, 17 нафар (6,99%) аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва 46 нафар (18,93%) аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ буданд.

Иштирокчиёни пурсишнома аз лиҳози ҷинсият 122 нафарро мардҳо (50,2%) ва 121 нафарро занҳо (49,8%) ташкил доданд. Аз лиҳози синну сол бошад 39 нафар (16,04%) аз 7 то 14-сола, 144 нафар (59,25%) аз 18 то 25-сола, 29 нафар (11,93%) аз 25 то 35-сола ва 31 нафар (12,7%) аз 35-сола боло мебошанд.

Ҳамин тавр 34,97%-и ширкаткунандагон дорои маълумоти миёна, 6,58% –дорои маълумоти миёнаи махсус, 38,27% – дорои маълумоти олӣ ва 20,16% – дорои маълумоти олии нопурра мебошанд. Бо ин тартиб чаҳор суоли аввали пурсишнома масъалаҳои ҷойи зист, ҷинсият, синну сол ва маълумоти иштирокчиёнро дарбар гирифт ва суоли панҷуми пурсишнома, ки андешаи пурсишшавандагонро роҷеъ ба мутолиаи китоб муайян мекард, чунин натиҷа дод: аз шумораи умумии ширкаткунандаҳо 83,53% доир ба масъалаи мутолиаи китоб андешаи худро баён намуданд ва 16,46% ба суол ҷавоб надоданд. Метавон гуфт, ки андешаҳои иштирокчиён дар мавриди мутолиаи китоб гуногун ва қобили мулоҳиза мебошад. Ба андешаи ширкаткунандагони пурсишнома:

– китоб дар ташаккули маънавӣ ва маърифатии инсон нақши ниҳоят бузург дорад;

­­­–­ мутолиаи китоб ҳамеша ва дар ҳама давру замон воситаи беҳтар намудани сатҳи дониш буда, китоб ҳамроҳи беминнат, дўсти бекина, раҳнамои ростин ва равшангари роҳи зиндагӣ мебошад;

– мутолиаи китоб бояд ҷузъи корҳои ҳаррўзаи шахс ва фарҳанги мутолиаи китоб аз амалҳои пайвастаи ҳар як хонавода бошад;

– гузаштагони фарҳехтаи мо китобро ҷузъи модомулумри худ дониста, оромиши хотир ва лаззати зиндагии худро дар мутолиаи пайвастаи китоб медиданд;

– китоб роҳнамои инсон, воситаи танвири афкор, сарчашмаи такмили маърифат, барангезандаи ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстиву меҳанпарастӣ мебошад;

– миллате, ки мутолиаи китоб кори ҳаррўзааш набошад, бақову пойдорӣ ва рушду инкишофи бахшҳои гуногуни ҳаёти халқаш мустаҳкам нест ва ояндаи он миллат дар хатар аст;

– кишварҳое, ки бештарин рушду тараққиётро доранд мутолиаи китоб ва касби дониш ҳадафи асосӣ ва мақсади ниҳоияшон мебошад;

– пешрафту шукуфоӣ ва амнияту пойдории халқу миллатро бидуни маърифатнокии халқ, сатҳи баланди дониш ва ҷомеаи китобхон тасаввур кардан  гайриимкон аст. Махсусан дар шароити имрўз, ки замони мутолиа ва донишу маърифат аст;

– дар Тоҷикистон тамоми шароит барои баланд бардоштани сатҳи дониши насли ҷавон фароҳам оварда шудааст. Эълон гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат” ва ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” маҳз ба хотири рушди анъанаи китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши мардум, шинохти таърихи миллат ва сохтани имрўзу фардои ватан равона гардидааст;

– гузаштагони мо омўхтани илм ва мутолиаи китобро ҳам фарзу ҳам суннат медонистанд. Маҳз ба воситаи мутолиа метавон ояндаи дурахшони миллатро кафолат дод, пас бояд мутолиа суннати ҳаррўзаи ҳар як оилаи тоҷик бошад”, – ҳамин гуна андешаҳои ҷолиб ва суханҳои арзишманд дар мавриди мутолиаи китоб аз ҷониби ширкаткунандагони пурсишнома иброз карда шудааст.

гузориш-2Пурсишшудагон дар мавриди ин ки китобро барои мутолиа мустақилона интихоб менамоянд ё бо тавсияи дигарон, андешаҳои худро чунин баён намуданд: 79,01%-и иштирокчиён дар интихоби китоб мустақил буда, бо хости худашон китоби мавриди писандашонро интихоб ва мутолиа менамоянд. Дар ин баробар 20,16%-и дигар дар интихоби китоб аз тавсия ва роҳнамоиҳои устодон, волидайн, дўстон, ҳамкорон ва дигар афрод истифода мебаранд, аммо 1,64%-и пурсишшудагон гуфтаанд, ки китобро худашон мустақилона интихоб наменамоянд, ки ин шумора низ мантиқан ба гурўҳи шахсоне, ки аз тавсияҳо истифода мебаранд, шомил мешавад.

Натиҷа: яъне иштирокчиёни пурсишнома фарҳанги интихоби китоб ва мутолиа доранд ва ин ки чиро бояд хондро медонанд. Ин нишондоди бисёр хуб аст. Масалан 10 сол қабл соли 2014 шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ таҳқиқоти сотсиологиро таҳти унвони “Китобхонаи миллӣ аз нигоҳи донишҷў” баргузор намуда буд, ки иштирокчиёни он дар мавриди сарчашмаҳои интихоби адабиёт андешаҳои худро баён дошта буданд. Аз натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур маълум гардид, ки “34,2%-и иштирокчиён аз феҳрист ва картотекаи анъанавӣ, 30,4% аз феҳристи электронӣ, 29,7% аз фонди нашрҳои маълумотдиҳанда ва библиографӣ (донишномаҳо, луғатҳо, дастурҳои библиографӣ) ва 3,8% аз дигар сарчашмаҳо истифода мебаранд. Мутаассифона, то кунун на ҳамаи иштирокчиён аз феҳристи электронӣ мустақилона истифода карда метавонанд. Масалан, аз ҳисоби умумии посухдиҳандагон 45,5%-и онҳо аз феҳристи электронӣ мустақилона истифода карда наметавонанд ва 41,8%-и дигар ба ёрии библиограф-навбатдор ниёз доранд”. Натиҷа нишон медиҳад, ки соли 2014 41,8%-и ширкаткунандаҳо дар интихоби адабиёт мустақил нестанд ва аз тавсияҳои мутахассисон ва дигар афрод истифода мебаранд, ин дар ҳолест, ки бо гузашти 10 сол, яъне соли 2023 алакай 79,01%-и иштирокчиён дар интихоби адабиёт мустақиланд ва асари мавриди писандашонро аз сарчашмаҳои гуногун дастрас менамоянд. Ин воқеан натиҷаи баланд аст, зеро ин маънои онро дорад, ки дар 10 сол сатҳи мутолиа дар кишвар ба куллӣ тағйир ёфта, як баробар беҳтар шудааст. Бе шак метавон дар ин раванд таъсири тадбирҳои саривақтӣ ва муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили сохта ба истифода додани бинои нави Китобхонаи миллӣ бо тамоми шароити замони муосир, давоми панҷ соли охир баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва нашри адабиёти соҳаҳои гуногуни илмро ёдоварӣ намуд.

Вақте аз иштирокчиёни пурсишнома пурсида шуд, ки роҷеъ ба омилҳои таъсиррасон ҳангоми мутолиа андешаҳои худро баён намоянд,                                                                                                                                                                                               25,51% посух доданд, ки қабл аз мутолиаи китоб барномарезӣ мекунанд, ки китобро то охир мутолиа намоянд. 42,38%-и ширкаткунандаҳо шарти асосӣ ва мақсади муҳимми худ пеш аз мутолиаи китоб интихоби макони муносиб ва оромро донистанд. Ба андешаи онҳо қарор гирифтан дар макони ором ва дур аз сару садо барои мутолиаи самарабахши китоб ниҳоят муҳим мебошад. Дар ин баробар 21,81%-и дигар ҳангоми мутолиа дурӣ аз телевизион, радио, телефонҳои мобилӣ ва дигар воситаҳое, ки хотири одамро парешон мекунандро, мақсади аввалин пеш аз мутолиа донистанд. 10,28%-и иштирокчиён андешаҳои худро чунин баён намуданд: “Ҳангоме, ки китобро мутолиа кардам ба хоҳару бародарам тавсия медиҳам, ки онро мутолиа кунанд. Мехоҳам, ки мавзуъ ва мантиқи китобро беҳтар дарк кунам. Пеш аз мутолиа ба худ мақсад мегузорам, ки лаҳзаҳои ҷолиби асарро қайд кунам”.

Натиҷа: иштирокчиёни пурсишнома барои мутолиаи китоб мақсад ва ҳадафи муайян доранд ва аз ин ки китобро кай? дар куҷо? ва барои чӣ?  Бояд хонд, хуб огоҳ буда, омилҳои таъсиррасон бар раванди мутолиаро дарк менамоянд.

Иштирокчиёни пурсишнома дар мавриди ин ки барои дарки бештари мавзуи китоб аз кадом равишҳои мутолиа истифода мебаранд, андешаҳои худро ба таври зайл баён доштанд. Бештари пурсишшудагон 44,03% аз равиши диққатнокӣ ва тамаркуз рўйи мавзуи асар истифода мебаранд ва 34,15% аз ёддоштнависӣ, яъне лаҳзаҳои ҷолиби асарро барои дар хотира нақш бастан дар дафтар ё компютер ёддошт кардан, истифода мебаранд. Дар ин баробар 12,75% барои дарки бештари мавзуи асар онро такроран мутолиа менамоянд. Ҳамчунин, 9,05% андешаҳои худро дар мавриди равишҳои мутолиа барои дарки бештари моҳияти асар чунин баён намуданд: “Барои дарки муҳтавои асар оид ба мазмуни он пурсишнома тартиб медиҳам. Дар лаҳзаҳои муносиб қисматҳои ҷолиби онро такрор мекунам. Барои дар хотир нақш бастани лаҳзаҳои асар бо дигарон муколама мекунам. Ҳангоми мутолиаи асар худамро дар мавқеи қаҳрамони асар тасаввур мекунам. Зери порчаи лозима хат мекашам. Лаҳзаҳои ҷолиби асарро барои фарзандон ва хонавода нақл менамоям”.

Натиҷа: баррасии андешаҳои иштирокчиёни пурсишнома ва интихоби гузинаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби онҳо моро ба чунин хулоса меорад, ки 83,02%-и пурсишшудагон аз равишҳои дурусти мутолиа огоҳанд ва барои дарки бештари муҳтавои асар аз услуб ва усулҳои таъсирбахшу санҷидашуда ҳамчун, равиши диққатнокӣ ва тамаркуз рўйи мавзуи асар, ёддоштнависӣ, тартиб додани суолнома оид ба мавзуи асар, муколамаи муҳтавои асар бо атрофиён ва нақл кардани мазмуни асар барои фарзандон, хонавода ва атрофиён истифода мебаранд.

 Дар ин баробар 16,96%-и иштирокчиёни пурсишнома аз равишҳои мутолиа огоҳ нестанд. Онҳо барои дарки бештари мазмуни асар маҷбур мешаванд, ки онро такроран мутолиа кунанд, ки ин омил боиси сарфаи зиёди вақт ва парешонии тамаркуз мегардад. Инчунин, қисме аз онҳо бахши муҳим ва лаҳзаи ҷолиби асарро бо кашидани хат зери сатрҳои китоб барои худ нишона мекунанд, ки ин равиш низ равиши дурусти мутолиа нест ва ба этикаи китобхонӣ мувофиқат намекунад. Аслан хат кашидани китоб аз фарҳанги китобхонӣ намебошад.

Парвизи-МаҳмадаминИнтихоби макони китобхонӣ низ ҷузъи равишҳо ва усулҳои мутолиаи самарабахш ба шумор меравад. Аз ин рў, аз ширкаткунандагони пурсишномаи болозикр дар мавриди макони мутолиа низ суол пурсида шуд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки 46,91%-и пурсишшудагон китобхонаро макони муносиби мутолиа медонанд. Дар ин росто 44,85%-и дигар барои мутолиа хонаро интихоб намуданд. Танҳо 1,64%-и иштирокчиёни пурсишнома мактаб ва мутолиаи дастаҷамъӣ бо дўстонро барои мутолиаи самаранок муҳим донистанд. Инчунин, 2,05%-и ширкаткунандаҳо андеша доранд, ки макон ва маҳалли корашон барои мутолиа мувофиқ аст. Барои мутолиаи асар 4,52%-и ширкаткунандгон хобгоҳ, табиати ором ва боғҳои истироҳатиро муносиб донистанд.

Натиҷа: гузинаҳои интихобшуда аз тарафи пурсишшудагон ва пешниҳоди андешаҳои онҳо моро ба чунин натиҷа мутақоид месозад, ки ширкаткунандгони пурсишнома нақши маконро дар мутолиаи самаранок муҳим ва муфид медонанд. Бештари онҳо макони мутолиа китобхона, мактаб, боғҳои истироҳатӣ, табиати ором ва ғайраро интихоб намудаанд, ки воқеан барои мутолиа ин маконҳо мувофиқ мебошанд. Яъне иштирокчиёни пурсишнома дар интихоби макони мутолиа андешаи солим доранд.

Албатта, маҳалли кор ва ҷараёни кор барои мутолиа макону замони хуб нест, зеро дар маҳалли кор фикри инсон мутамарказ набуда, бо гиру дори кору коргоҳ фикр парешон аст.

Барои доштани мутолиаи самарбахшу мудовим дастрасӣ ба адабиёти лозима ва асарҳои арзишманду тозанашр ниҳоят муҳим мебошад. Дастрасии сокинони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ба адабиёти илмӣ, дарсӣ, бадеӣ ва соҳаҳои гуногун аз масъалаҳои марказии мутолиаи бардавом ва натиҷабахш мебошад. Вобаста ба ин иштирокчиёни пурсишнома дар мавриди сарчашмаҳои дастрасии адабиёт низ пурсида шуданд. Дар иртибот ба ин ки ширкаткунандагони пурсишнома адабиёти мавриди ниёзи худро аз куҷо пайдо мекунанд, натиҷаҳои гуногун ба даст омад.

Натиҷаҳо нишон доданд, ки 51,02%-и иштирокчиёни пурсишнома адабиёти заруриашонро аз китобхонаҳои маҳалли зисташон дастрас менамоянд ва 28,80%-и иштирокчиён адабиёти мавриди ниёзашонро аз дуконҳои китобфурўшӣ дастрас менамоянд, яъне ба воситаи харидорӣ. Дар ин баробар 13,16%-и дигар иброз намуданд, ки китобхонаи шахсӣ доранд ва адабиёти заруриро метавонанд аз онҷо пайдо кунанд ва 4,93% адабиёти мавриди ниёзашонро аз дўстон, устодон, муаллимҳо ва дигар афрод ба орият мегиранд ва пас аз мутолиа бармегардонанд. Дар ин баробар 2,05%-и ширкаткунандагон ба суол ҷавоб надоданд.

Натиҷа: аз натиҷаҳои интихоби гузинаҳои суоли болозикр маълум мегардад, ки мизони дастрасӣ ба адабиёти илмӣ-бадеӣ дар саросари кишвар байни 35 то 45% мебошад. Агарчӣ 51,02%-и иштирокчиён иброз намудаанд, ки адабиёти заруриашонро аз китобхонаҳои маҳалли зисташон дастрас менамоянд, аммо бо дарназардошти он ки 45,26%-и ширкаткунандагони пурсишномаи мавриди назар сокинони шаҳри Душанбе – пойтахти кишвар мебошанд, метавон гуфт, ки сатҳи дастрасӣ ба адабиёт дар қаламрави кишвар 35 то 45% мебошад, ки ин мизон кифояткунанда намебошад. Дар ин баробар 28,80%-и дигар адабиёти лозимаашонро аз дуконҳои китобфурўшӣ харидорӣ мекунанд, ки ин низ баёнгари набуд ё камбуди адабиёти зарурӣ дар манотиқи дурдаст мебошад ва 4,93%-и ширкаткунандагон, ки адабиётро аз ёру дўстон ба орият мегиранд мантиқан ба ҳамин бахш дохил аст, яъне ба орият гирифтани адабиёт ва даст ба даст гаштани он нишони камбуду нарасидани адабиёт мебошад.

Масъалаи хушнудкунанда ва боиси мулоҳиза дар ин бахш ин аст, ки 13,16%-и иштирокчиён китобхонаи шахсӣ доранд ва то андозае ниёзи маънавии худро бароварда мекунанд. Дар ин замина ҳамчунин ҳидоятҳои Пешвои миллат дар робита ба ташкили китобхонаҳои шахсӣ давра ба давра аз ҷониби аҳолӣ ҳамовозӣ меёбад.

Албатта, барои хониши пайваста ва натиҷабахш навъи китоб ё асари мутолиашаванда низ муҳим мебошад. Бинобар ин дар пурсишномаи мавриди назар андешаи иштирокчиён роҷеъ ба ин ки чӣ гуна китобро мутолиа менамоянд, пурсида шуд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки 34,97%-и ширкаткунандагон адабиёти бадеӣ мутолиа менамоянд ва 32,92%-и дигар адабиёти илмиро барои мутолиа интихоб намудаанд. Дар ин росто 11,11%-и пурсишшудагон мутолиаи адабиёти ҷаҳонро интихоб намуданд. Мутолиаи қиссаву афсона низ дар миёни сокинон маъруфияти хос дорад маҳз ба ин хотир 7,81%-и иштирокчиёни пурсишнома алоқаи худро ба хондани қиссаву афсона иброз намуданд. Ҳамчунин, 10,28%-и иштирокчиён изҳор намуданд, ки бештар китобҳои соҳаҳои таърих, сиёсат, тиб, иқтисод, тиҷорат, шеъру достон ва адабиёти дарсиро мутолиа менамоянд. Аз шумораи умумии ширкаткунандаҳо 2,88% ба суоли зикршуда ҷавоб надоданд.

Натиҷа: назари ширкаткунандагон чунин андешаро собит месозад, ки бештари мардум адабиёти бадеӣ ва илмиро мутолиа менамоянд. Албатта, алоқаи онҳо ба қиссаву афсона ва адабиёти соҳавӣ низ қобили мулоҳиза мебошад.

Интихоби замони мутолиа ва ҷудо намудани вақти муайян барои хондани китоб аз масъалаҳои муҳимми равишҳои дурусти мутолиа мебошад. Вобаста ба ин аз пурсишшавандагони пурсишнома дар мавриди вақт ва замони мутолиа пурсиш анҷом дода шуд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки 15,63%-и ширкаткунандаҳо шабро замони мувофиқи мутолиа медонанд ва бештари авқот шабҳо китоб мехонанд. Дар ин баробар 16,87%-и дигар субҳро барои мутолиа мувофиқ меҳисобанд, зеро ба андешаҳои онҳо майнаи сари одам ҳангоми субҳ тозаву ором аст ва барои қабули маълумот замони мувофиқ аст. Мутолиаи китоб дар давоми рўз новобаста аз ҷараёни кор ё машғулияти дигар барои 21,39%-и иштирокчиёни пурсишнома замони мутолиа интихоб шудааст ва 43,20%-и дигар низ новобаста аз вақту соат вақтҳои холии худро замони мувофиқи мутолиа гуфтаанд. Ба суоли мавриди баҳс 2,88%-и ширкаткунандаҳо ҷавоб надоданд.

Натиҷа: баррасии масъалаи вақту замони мутолиа дар миёни иштирокчиёни пурсишнома нишон медиҳад, ки ҳамаи пурсишшудагон барои мутолиаи самарабахш замони муайяни мутолиа доранд, ки ин албатта аз унсурҳои муҳимми хониши натиҷабахш мебошад, аммо мутолиаи субҳгоҳӣ ва шабонгоҳ аз авқоти самарабахши мутолиа мебошад.

Суоли 13-уми пурсишномаи мо мантиқан идомаи суоли 10-уми пурсишнома мебошад. Агар суоли 10 масъалаи аз куҷо дастрас кардани адабиётро дар миёни пурсишшавандагон матраҳ намояд, суоли 13 бошад ин масъаларо мушаххастар ва ҷиддитар баррасӣ мекунад. Яъне аз иштирокчиёни пурсишнома пурсида шуд, ки масъалаи дастрасии адабиёт дар маҳалли зисти онҳо чӣ гуна аст? Натиҷаҳо нишон доданд, ки 20,98%-и ширкаткунандаҳо дастрасии адабиётро дар маҳалли зисташон хеле кам ва нигаронкунанда унвон кардаанд. Қисми бештари иштирокчиён 59,25%-и онҳо гуфтаанд, ки дар масъалаи дастрасии адабиёт дар маҳалли зисташон мушкилӣ надоранд. Дар ин баробар 9,46%-и пурсишшудагон гуфтанд, ки дар маҳалли зисташон китобхона нест ва дастрасӣ ба адабиёт барояшон мушкил аст ва 2,46%-и дигар низ иброз намуданд, ки фонди китобхонаи мактаби маҳалли зисташон ба талабот ҷавобгў намебошад. Гузинаи интихобнамудаи 4,11%-и дигари иштирокчиён низ аз рўйи андешаҳои онҳо бар набудани китобхонаи ҷавобгў ба талабот ва дастрасии мушкили адабиёт далолат мекунад. Илова бар ин, 0,37%-и пурсишшудагон ба суоли мавриди баҳс ҷавоб надоданд.

Натиҷа: гузинаҳои интихобнамудаи иштирокчиёни пурсишнома ва баёни андешаи онҳо оид ба масъалаи дастрасии адабиёт дар маҳалли зисти онҳо моро ба чунин хулоса мерасонад, ки дар бештар аз 50% ҳолатҳо тибқи андешаи онҳо дар маҳалли зисти онҳо, ки нуқоти гуногуни кишварро дар бар мегирад, ё китобхона нест ё ҳаст, аммо ба талабот ҷавобгў нест, яъне адабиёти соҳаҳои гуногуни илм, бадеӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, дарсӣ ва адабиёти тозанашр хеле кам аст. Зеро аксари онҳо аз нарасидани адабиёти мавриди ниёз дар маҳалли зисташон мушкилӣ мекашанд. Албатта, 59,25%-и иштирокчиён, ки гуфтаанд дар масъалаи дастарсӣ ба адабиёт дар маҳалли зисташон мушкил надоранд, вобаста ба он, ки 45,26%-и кулли ширкаткунандагони моро сокинони шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд ва дар пойтахт ин масъала мушкилӣ надорад, бинобар ин сатҳи дастрасӣ ба адабиёт дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар камтар аз 50% унвон мешавад.

Дар бахши дигар аз пурсишнома андешаи пурсишшудагон дар мавриди он ки чӣ бояд кард то бештар китоб хонд, пурсида шуд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки 27,57%-и ширкаткунандагон андеша доранд, ки барои боло бурдани сатҳи мутолиа падару модар бояд бо фарзандон хониши оилавӣ гузаронанд ва 22,22%-и иштирокчиён дастуру роҳнамоӣ аз ҷониби омўзгорон ва бузургсолонро муҳим мешуморанд. Ба андешаи 36,21%-и пурсишшудагон баргузории маҳфилу чорабиниҳо ва озмунҳои гуногун барои баланд бардоштани сатҳи мутолиа аз аҳаммияти болое бархурдор хоҳад буд. Ҳамин тавр 9,05%-и дигар дар ин маврид андешаи худро чунин баён карданд: “Ташкили хониши оилавӣ бо фарзандон бояд ба роҳ монда шавад. Китобхонаҳо барои тарғиби китобхонӣ бояд фаъол бошанд. Ҳамчунин, ҳавасмандсозb барои мутолиаи китоб бояд ҷорӣ карда шавад”. Дар ин баробар 4,93%-и иштирокчиён ба суол посух надоданд.

Натиҷа: аз баррасии андешаҳои ширкаткунандагон ва интихоби гузинаҳо аз ҷониби онҳо маълум мегардад, ки 27,57%-и ширкаткунандагон барои боло бурдани шавқи китобхонӣ дар насли наврас нақши падару модарро аввалдараҷа медонанд. Ба фикри онҳо волидайн муҳаррики асосии бедор намудани шавқи китобхонӣ барои фарзандон мебошанд. Дар ин росто 22,22%-и иштирокчиён масъулияти омўзгор ва мактабу маорифро барои китобхон гардидани ҷавонон бештар медонанд. Ба ақидаи 36,21%-и пурсишшудагон баргузории маҳфилу чорабиниҳо ва озмунҳои китобхонӣ воситаи асосии китобхон гардонидани насли наврас мебошад.

Яке аз масъалаи муҳим дар пурсишномаи мавриди назар фаҳмидани андешаи иштирокчиён дар мавриди аҳаммияти мутолиа буд, ки ба ин суол пурсишшудагон ақидаҳои худро чунин баён намуданд:

– шахси китобхону китобдўст ҳамеша сарбаланду обрўманд аст ва дар ҷомеа мақому манзалати худро дорад;

– китоб хондан мафкураи инсонро васеъ ва нутқи инсонро бурро мегардонад;

– маҳз китобу китобхона ва илму дониш метавонад мушкилиҳо мавxуд дар зиндагиро бартараф карда , боиси пешравӣ ва муваффақиятҳо шавад;

– шахсе, ки китоб мутолиа мекунад ба  ҳеҷ кас эҳтиёҷ надорад;

– китобхонӣ ақлу заковати инсонҳоро беҳ гардонида, барои аз мушкилиҳои сангини зиндагӣ ва аз ғаму андўҳ баровардани онҳо кумаки бениҳоят калон мерасонад;

– китоб шахсро бо таърих ошно карда, ба ў илму дониш медиҳад, ўро аз гузаштаву имрўзаи миллати худ огоҳ сохта, бомаърифату боодоб дар ҷамъият муаррафb менамояд;

– китобхонӣ беҳтарин шуғл дар ҳама синну сол буда, инсон ба воситаи китобхонӣ рушд меёбад тафаккур, андеша, суханронӣ, рафтору одоб ва ҷаҳонбинии ў инкишоф меёбад;

– маҳз тавассути китобхонӣ одамон қуллаҳои баланди донишро фатҳ мекунанд;

– мутолиаи китоб инсонро аз корҳои носазо боз медорад ва ўро ба роҳи нуру зиё ҳидоят менамояд;

– мо халқи тоҷик халқи тамаддунсоз ва соҳибкитоб мебошем;

– барои ташаккули мафкураи хонанда аҳаммияти китоб хеле бузург аст….”

Хулоса: натиҷаҳои бадастомада, ки тавассути пурсишнома баргузор карда шуд, нишон дод, ки мутолиа дар Тоҷикистон суннати дерина ва густурда мебошад. Иштирокчиёни пурсишнома аз 7-сола то 70-80-соларо дарбар гирифт, ки ин баёнгари анъанаи ривоҷёфтаи сартосарӣ дар миёни мардуми тоҷик мебошад.

 

1аҲамзамон таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари пурсишшудагон аз усулҳо ва равишҳои дурусти интихоб ва мутолиаи китоб огоҳанд ва онҳоро метавон афроде донист, ки аз фарҳанги мутолиа бархурдоранд.

Албатта, кам будани китобхонаҳо ва нуктаҳои китобдиҳӣ дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат, нарасидани адабиёти илмӣ, бадеӣ, соҳавӣ ва адабиёти тозанашр аз мушкилоте ҳаст, ки бештари ширкаткунандагон оид ба ин масъала ибрози андеша намуданд.

Бинобар ин, ба андешаи мо, зиёд намудани шумораҳои китобхонаҳо дар маҳалҳои аҳолинишин ва такмили фонди онҳо бо адабиёти ниёзи хониш метавонад талаботи ба китобдоштаи аҳолиро қонеъ гардонад ва дастрасии иштирокдорони озмуну фестивалҳои соҳаи китобдориро таъмин намояд.

 

Адабиёт

 

  1. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 07.07.2022, №АП-227, шаҳри Душанбе [Манобеи электронӣ]. – низоми дастрасӣ: http://www.prezident.tj /node/28663
  2. Комилзода, Ш. Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирўз ва имрўз. Дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ / Ш. Комилзода. – Душанбе: Ирфон, 2015. – 196 с.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.12.2019, шаҳри Душанбе [Манобеи электронӣ]. – Низоми дастрасӣ: http://www.prezident.tj/node/21975
  4. Шарифзода, Ф. Социально-культурная деятельность музеев Таджикистана в период независимости / Ф. Шарифзода. – Душанбе: Истеъдод, 2014. – С.39.

    Ҳ
    адиятуллоҳи АМРИДДИН
    сардори шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ.