«Пайдо»-т муборак бод!!! ё чанд сухан дар шинохти шоири соҳибмактаб, устод Хайрандеш

 

hamashabahorАҳли илму адаб барои ҳар ҷомеа амсоли маъдан мебошанд ва истифодаи оқилона аз ганҷинаи ботинии онҳо ба ҳар сурате метавонад дар пешрафти зеҳнии миллат мусоидат намояд. Зеро ҳар як шахсияти маънавӣ барои кишвари худ бо ҳар василае хидмат мекунад. Дар ин нигошта талош намудаем, ки доир ба шахсияти яке аз шоирони шаҳири миллат, инсони хайрхоҳу хайргустар, самимию фарзона ва мураббии роҳи сухану шеър, устод Хайрандеш шинохти худро манзури хонанда намоем. Табиист, ки сарнавишти ҳар як инсони муваффақ метавонад дар роҳи тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар мусоидат кунад ва рӯзгору осори устод Хайрандеш низ аминем, ки барои тарбияи маънавии ҷавонони эҷодкор роҳкори маънавию эҷодӣ бошад.

Устод Хайрандеш аз зумраи он эҷодкороне мебошад, ки фаъолияти адабии ӯ серчанба буда, дар ҳар самте барои тарбияи насли наврас ва шоирони навқалам равзанаи боз дорад. Аз ин ҷиҳат, дар шароити имрӯзаи рушди васоити ахбори омма дар кишвари хуршедии мо касеро пайдо кардан мушкил аст, ки бевосита ва ё ба восита устод Хайрандешро нашиносад, шеърашро нашунида бошад ва ё аз тараннуми сурудҳояш фараҳ набурда бошад. Зеро ашъори ӯро дар маҳофили адабӣ мехонанд, таронаҳояш дар ҳар маврид аз тариқи садову симо пахш мешаванд, таҳлилҳои шеърияшро дар барномаҳои радиоию телевизионӣ шунидаанду тамошо кардаанд ва мақолаҳои публитсистии ин шахсияти сухансозу ҳикматофарро аз тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо хондаанд. Яқин аст, ки ин ҳама ҷабҳаи эҷодию адабии шоир ҳамеша ва ҳамеша бо заҳмат асос ёфтаасту дар ҳар шакли ҳунари бадеъ барои аҳли завқ, барои таъмини маънавиёти ҷомеа устод талоши худро ба субут расонидааст.

РАВЗАНАИ ОШНОӢ

Барои ворид шудан ба дунёи эҷодии шоир нахуст як руҷуъи мухтасар ба зиндагиномаи шоир менамоем: Шоир Хайрандеш (Қурбонов Хайриддин Шарифович) 4 апрели соли 1961 дар деҳаи Чагами Болои ноҳияи Шўрообод дар оилаи омўзгор ба дунё омада, мактаби миёнаро соли 1977 хатм кардааст. То соли 1978 ба ҳайси роҳбари маҳфили хониши адабии Хонаи пионерони шаҳри Қўрғонтеппа кор карда, солҳои 1978-1983 донишҷӯи риштаи филологии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон будааст. Аз соли 1983 то соли 1993 ба ҳайси омўзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик насли наврасро таълим дода, то соли 1999 нозири калони Маркази иттилоотии Раёсати гумруки вилояти Хатлон будааст.

Соли 1997 Гимназияи ибтидоии «Хайрандеш»-ро таъсис дода, то соли 2006 директори ин гимназия буд ва дар тарбияи адабии ҳазорон хонанда нақши калидӣ доштааст. Ҳамзамон, аз соли 2001 то 2006 ба ҳайси котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иҷрои вазифа намуда, аз июли соли 2006 то майи 2007 муовини сармуҳаррири нашрияи «Иқтисод ва ҳаёт» ва аз 10 июни соли 2007 то 2 феврали соли 2009 ба ҳайси роҳбари маҳфили «Оламафрўз»-и Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявии беруназмактабии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2009-2011 корманди Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе ва солҳои 2011-2012 сардабири нашрияи адабии «Шарқи озод» буд. Аз соли 2012 то имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сардори шуъбаи «Таҳрир ва интишорот», сардабири нашрияи «Дунёи китоб» ва дигар вазифаҳои фарҳангӣ кор мекунад.

Ҳамзамон, аз январи соли 2016 то ин дам сармуҳарририи нашрияи «Пайрав»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ  ба уҳда дорад.

ЧОР ҶАНБАИ ЭҶОДИИ ШОИР

Ҷанбаҳои эҷодию корномаи адабии устод Хайрандеш аз лиҳози таҳқиқотӣ ба таври комил таҳлил нашуда, ба шинохти мо агар фаъолияти эҷодию адабии шоирро таҳлили илмӣ – таснифотӣ намоем бевосита метавон фаъолияти шоирро ба чор шохаи асосӣ ҷудо намуд, ки чунин мебошанд:

  • эҷоди шеъру суруд;
  • корҳои адабӣ – ҳунарӣ;
  • корҳои публитсистӣ;
  • фаъолияти омӯзгорӣ.

Ҷиҳати тафсири амиқ ҳар як ҷанбаи фаъолияти шоирро дар алоҳидагӣ табсира кардан ба манфиати кор аст. Зеро шоир дар ҳар ҷанбаи кори худ навоварӣ, дигаргунӣ ва падидаи ҷадиди адабию фарҳангиеро ба бор овардааст, ки дар замону макони муаяни таърихӣ барои ҷомеаи тоҷик хидмати арзишманд маҳсуб мешаванд.

  1. Ба шинохти банда эҷодиёти назмии устод Хайрандешро дар навбати худ ба ду бахши алоҳида ҷудо кардан мумкин аст. Бахши якум фарогири ашъори фаровоне мебошанд, ки то кунун дар 10 китоб ва 14 ҷилд манзури хонандагон шудаанд. Барои тасбити гуфтаи худ номгӯи китобҳои устодро меорем, ки чунин мебошанд: «Зиёратнома», ш.Кўлоб – «Сада», 1993, «Сад қатра ашк», Душанбе – «Адиб», 1994, «Замзама», Душанбе – «Эҷод», 1996, «Хайробод», Душанбе – «Адиб», 2004, «Тоҷикнома», Душанбе – «Эҷод», 2006, «Чархофалак», китобҳои 1, 2, 3, 4, Душанбе – 2006 – 2007, «Ғазалпайванд», китобҳои 1, 2, Душанбе – 2007, «Куллиёт», ҷилди 1, Душанбе, «Адиб» – 2010, «Ҳамешабаҳор», ҷилди 1, Хуҷанд, «Ношир» – 2020, «Ҳамешабаҳор», ҷилди 2, Душанбе, «Истеъдод» – 2021. Илова бар ин дар нашрияҳои даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ашъори наву ноби шоир пайваста нашр мешаванд, ки ҳар кадоме дар худ гавҳари маънӣ дорад.

Бахши дуюми эҷоди назмии шоир сурудҳое мебошанд, ки сарояндагону бастакорони дохил ва хориҷи кишвар ба онҳо оҳанг бастаанду аз тариқи телевизиону радио садо додаанд ва дар маҳфилҳои расмию фарҳангӣ ва шодмонӣ пайваста суруда мешаванд. Ин таронаҳо фарогири мавзуъҳои Ватан, Модар, Истиқлолият, Ваҳдат, ишқу муҳаббат, наврӯзу баҳор, табиат, қонуният, дӯстӣ, ҷавонӣ, оила, дар ситоиши шахсиятҳои таърихию фарҳангии миллат амсоли устодони назми порсӣ Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Мавлонои Балхӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва ғайраҳо мебошанд. Сурудҳое, ки аз ҷониби шоир эҷод шудаанд аз тарафи беш аз 100 ҳунарманди шинохтаи кишвар бо сабкҳои гуногун иҷро шудаанд ва барои ғановати санъати мусиқии тоҷикӣ – форсӣ хидмати шоиста доранд.

 

ТАРОНАҲОИ ХАЙРАНДЕШ

ХайрандешТаронаҳои “Биё бародар шавем”, “Ватан”, “Гӯшаи имон”, “Эй тоҷи баланд”, “Истиқлолият”, “Пандат саропо дур, дуруд, Устод Рӯдакӣ”, “Мавлои Румӣ”, “Ҳазрати Амирҷон”, “Модар”, “Эй очаи ҷон”, “Наргис”, “Сарвиноз”, “Кӯлоби ман”, “Ғарм аст”, “Дарвоз”, “Пистамазор”, “Абру напарон”, “Зираи дандони ёр”, “Гулдухтари Сарчашма”, “Дарвозидухтар”, “Эй Ҳилолӣ”, “Такя ба бед”, “Ҳинобандон”, “Кӯлоб – Зиракӣ” ва садҳо таронаи дигар намунаҳои барҷастаи сурудҳои шоири маҳбуб Хайрандеш мебошанд, ки дар вақту замони худ аз тамоми шабакаҳо садо медоданду садо медиҳанд ва ба дили миллати тоҷик ва ҳаводорони каломи порсӣ нишастаанд. Тибқи ҳисобҳо то имрӯз ба беш аз 400 шеъри шоир оҳанг баста шудааст, ки дар хазинаи тиллоии радиои Тоҷикистон ва махзанҳои авдиовизуалии радиову телевизионҳои минтақавӣ маҳфуз мебошанд.

Назми устод Хайрандеш шеъри равон, мафҳум ва то андозае бар дарки иҷтимоӣ васеъ эҷод шуда, аз лиҳози қолабҳои манзум дар жанрҳои шеърии анъанавӣ ва нав эҷод шудаанд. Аз ҷумла, дар қолабҳои фардбайт, дубайтӣ, рубоӣ, ғазал, қасида, мухаммас, қитъа, назира ва ашъори сафед ё шеъри нимоӣ чакомаҳои илҳоми устод дастраси хонандаи форсизабон мебошанд. Дар баробари ҳунари болои адабӣ, лирикаи зебо, маъниофарӣ, инчунин ашъори устод равонии хосро доро мебошанд, ки сарчашма аз табъи равони шоир ва муҳити зиндагии тифлонаи ӯ доранд.

Ҳунари шеърӣ, заковати калом ва ташхиси балоғати сухани устодро ба муҳаққиқони каломи бадеъ ва шеършиносон вогузор намуда, танҳо ҳарчун муҳаққиқи публитсистика метавонам ду вижагиро дар шеъри устод Хайрандеш, ки мушоҳидаи банда мебошанд зикр намоям: шеъри ӯ дорои мазмуни баланди публитсистӣ мебошад ва метавонам иддао пеш орам, ки дар шеъри Хайрандеш намунаҳои барҷастаи шеъри публитсистии муосири тоҷик ҷой доранд. Ӯ воқеаву рӯйдоди иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва вазъияти геополитикии минтақа ва ҷаҳонро таҳлил намуда, воқеаҳоро аз дидгоҳи худ ба риштаи назми публитсистӣ даровардааст. Аз ҷумла, шеърҳои Истиқлол, ки бо хитобаи “Ист Истиқлол бо мо, бо туем!” ва “Зина”, ки бо ибораи “Солҳое зина будем…” эҷод шудаанд намунаи волои шеъри публитсистӣ мебошанд. Инчунин, дубайтӣ ва рубоиҳои шоир, ки доир ба ҳаводису воқеаҳои иҷтимоию сиёсии давр эҷод шудаанд бар иловаи табъи волои шоирии устод хеле самимӣ, бамаврид ва саривақтӣ эҷод шудаанд. Ба вежа рубоиҳои “Хунбор Фаластин” ва “Чашми камера” аз ин зумра ашъор мебошанд:

 

Хунбор Фаластини ба хун шушташуда,
Бар хуну халаф диёри оғушташуда.
Фардо зи гиребони фалак мегиранд
Ин чанд ҳазор кӯдаки кушташуда.

***
Дар меҳвари “гера” афтӣ, эй вой ба ту,
Дар бовари Вера афтӣ, эй вой ба ту.
Дар чоҳи чуқур афтӣ агар, боке не,
Дар чашми камера афтӣ, эй вой ба ту.

Ҳарчанд доир ба шеъри публитсистӣ дар адабиёти тоҷик таҳқиқотҳои илмӣ анҷом шудааст, вале бо камоли таассуф мегӯям, ки муҳаққиқон ин махзани бузурги шеъри публитсистиро то ҳол кор накардаанд, ки ин халои илмӣ бояд фавран пур карда шавад ва ашъори публитсистии шоир Хайрандеш ба риштаи илми филологияи мо ворид карда шавад.

Ва вижагии дуюм дар ашъори устод Хайрандеш тасвири ҷуғрофиёӣ ё худ сафарномаи манзум мебошад. Устод ҳамчун шоири ватандӯст, миллатпарвар, зебоишинос ва фарҳангсолор ҳар гӯшаву канори кишварашро бо назокату табиати хосаш дӯст медораду дар ситоиши шаҳрҳо, деҳаву русто ва руду чашмаҳои кишвараш ашъори нобу самимӣ месарояд.

Чанд намунаи шеърӣ аз силсилаи сафарномаҳои манзум:

Ин Хуҷанд аст шаҳри ободон,

Шеҳри зебо, худ Тиррози ҷаҳон,

Сир дар қаъри Сир гашта ниҳон,

Бар Хуҷанд ошкору мо ғофил,

Ман ба ақли хуҷандиҳо қоил…

Инчунин:

                           Мулки Кӯлобам, ҳавои кӯҳу саҳроят сара,

                          Дар ҷаҳон мислат надидам мулки зебоманзара.

                          Сарфарозӣ карда яксӯ Ховалингу Даштиҷум,

                          Паҳн доман карда менозад ба яксӯ Данғара.

Ва ё:

                         Ҷилои тоза дорад ахтару моҳу қамар дар Ғарм,

                          Таҷаллои дигар дорад фазои фазлу фар дар Ғарм.

                          Ҳазорон чашмаву рудоба мерезад ба Сурхобаш,

                          Тамошобоб ҳаст, афсонаи кӯҳу камар дар Ғарм.

 

Бо чунин мазмуну муҳтаво ва зебоиофариҳову тасовири фараҳбахш шоир дар ситоиши шаҳрҳои бостонии Панҷакент, Хуҷанд, Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Сарбанд ва ноҳияву минтақаҳои Рашт, Сангвор, Нуробод, Фархор, Шурообод, Камароб,Чилдухтарон, Қалъаи Ҳисор, Зумрат, Хоҷаобигарм, Даштиҷам ва даҳҳо манзараҳои дилорои ватан шеър гуфтааст. Танҳо сислсилаи ашъори ба водии Рашт навиштаи шоир беш аз 10 шеъру ғазал буда, табиат, меҳмондӯстӣ, самимияти аҳолӣ ва ҳолу ҳавоми минтақаро бо назокати лирикӣ тасвир намудааст.

Ашъори ҷуғрофӣ ё сафарномаҳои манзуми устод ба дохили кишварамон маҳдуд нашуда, ин навъи ашъор дар сафарҳои хориҷии устод низ эҷод шудаанд. Аз ҷумла, ашъори гуворое баъд аз зиёрати оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Қунияи Туркия ва минтақаҳои сайёҳии ин кишвар бо номи “Найнома” эҷод шудааст, ки 30 шеъри сараро дар бар мегирад. Ва ё шеъри зебои “Салом афғонзамин”-аш, ки баъд аз як сафари таърихӣ ба шаҳри бостонии Мазори Шарифи вилояти Балхи Афғонистон эҷод шудааст, намунаи волои шеъри ҷуғрофии устод Хайрандеш мебошанд.

Устод Хайрандеш дар адабиёти муосири тоҷик то ин дам бо се тахаллус барои миллати худ шеър гуфтааст, ки “Хайрандеш”, “Худоҷӯ” ва “Пайдо” мебошанд. Ҳарчанд ба шоир тахаллуси Хайрандеш шуҳрати фаровон оварда, ӯро дар миёни мардум бо ин ном муаррифӣ намудааст, вале ашъори сурудааш бо тахаллуси “Худоҷӯ” андешаи ӯро ба каломи волои ирфонӣ васл намуда, то андозае тафаккури шеърии устодро сабз гардонидааст. Вале бе муболиға метавон гуфт, ки интихоби тахаллуси “Пайдо” як даричаи тиллоии ҷадидеро барои шинохти ҳунари волои шоирии ӯ боз намуда, ғазалҳое ба кулвори адабии миллат ворид шудаанд, ки ба куллӣ аз табъи равони шоир, дониши фарохи фалсафию иҷтимоӣ ва камоли баланди инсонӣ дарак медиҳанд. Яъне, шоир бо интихоби тахаллуси “Пайдо” ҳунари шеърии худро инак пайдо намуда, ки бо шаклу равиши ҷадид суханро оғоз кардааст, ки шумораи ин ғазалҳо то охири моҳи марти соли 2024 бештар аз 50 ғазали ноб мебошанд.

 

КОРҲОИ АДАБӢ – ҲУНАРӢ

  1. Тавре дар боло ишора шуд корҳои адабӣ – ҳунарӣ як бахши аъзами фаъолияти устод Хайрандеш буда, дар ин самт аз ҷониби шоир корҳои шоистае дар гӯшаву канори мамлакат иҷро шудааст, ки ҳар кадоме дар вақту замони худ барои ҷомеа шодӣ, сурур, фараҳ, завқ ва маҷмуан маънавият бахшидаанд.

Корҳои адабию ҳунарии шоир ба сурати маҳфилҳои адабӣ, ширу шакар, меҳфилҳои шеъру тарона, театрстудияҳои халқӣ, ҳаҷвӣ ва гурӯҳҳои ҳунарӣ анҷом шудааст, ки аксари онҳо ба таври давомдор ва бунёдӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Душанбе баргузор шудаанд.

Ба ин силсила маҳфилҳои адабии «Хайрандеш», «Оламафрўз», «Ҳамешабаҳор», «Дунёи китоб», «Равшандилон», «Шакарханд» ва театрстудияи фолклорӣ – мардумшиносии «Чордарвеш» (дар шаҳри Кӯлоб), Театрстудияи мазҳакавӣ – ҳаваскории «Ҷоми ханда» (дар шаҳри Бохтар)  ворид мешаванд.

Маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор» аз соли 1981 бо номи Маҳфили «Хайрандеш» ташаккул ёфтаву дар ҳама шароит рисолати адабии худро ифо кардааст. Маҳфили мазкур аз соли 2012 дар назди Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад ва ба шаклҳои гуногун дар минтақаҳои зиёди кишвар баргузор шудаасту машҳур аст. Ин маҳфил ба тарбияи адабӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва шеършиносии наврасону ҷавонон ва аҳли завқ, ки ба эҷоди назму наср тамоюл доранд равона шуда, ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ҳаводорони каломи мавзунро фаро мегирад.

Дар «Китобхонаи миллӣ» маҳфили «Ҳамешабаҳор» ду замимаи дигар аз худ гузоштааст, ки бо номҳои «Дунёи китоб» ва «Равшандилон» амал намудаву амал мекунанд. «Дунёи китоб» барои ҷалби муассисаҳои давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхонаҳои расмӣ амал то соли 2014 амал намуд, ки бо пешниҳоди як асари муҳим тамоми кормандони як вазорат ва ё кумита дар маҳфил иштирок мекарданд ва асарро таҳлилу баррасӣ менамуданд. Маҳфили «Равшандилон» бошад барои хонандагони имконияташон маҳдуд пешбинӣ шуда, ҳар моҳ як маротиба баргузор мешавад ва дар он шахсони дорои имконияти маҳдуд, ки завқи эҷодӣ доранд иштирок мекунанд, шеъру ҳикояву таронаҳояшонро қироат мекунанд ва аз тарафи устод Хайрандеш маслиҳату машваратҳои муфид мегиранд.

Ин маҳфилҳо бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ  гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар таъсис шуда, ин маҳфилҳо бо истифода аз таҷрибаи баланди устод хеле самимӣ ва шавқовар баргузор шуда, иштирокдорон барои худ ғизои маънавӣ мебардоранд.

Театрстудияҳои «Чордарвеш» ва «Ҷоми ханда» бошанд барои таъмини аҳолӣ бо маводи шоистаи адабӣ, шеъру таронаҳои волои тарбиявӣ, ҳунари баланди эҷодӣ, мардумшиносӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ, зарофати ноб ва қиссаҳои шӯху ширин ташкил шуда, дар роҳи густариши маънавиёт хидмати муҳим анҷом додаанд.

Ин бахши фаъолияти адабии шоир Хайрандеш дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, ки кишвар дар гирдоби ҷанги таҳмилӣ қарор дошт ва мардум аз фарҳангу ҳунар то андозае дур шуда буданд, тавонист бо шеъри ноб, суруди хуш, қиссаву ҳикояҳои ҷолиб, ҳазлу зарофат ва шӯхиҳои намакин бар дили мардуми ҷафодида умедро ба фардои дурухшон зинда бидорад. Махсусан маҳфили «Шакарханд», ки дар толори калони театри мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа моҳе як маротиба бо иштироки ҳунармандони як ноҳияи вилоят баргузор мешуд, дар ҳамон лаҳзаҳои мудфиш бар лабони мардум табассуми малеҳро боз гардонид ва дар муҳите, ки дар ҳар як маҳфилу нишаст сухан аз тиру туфангу қатлу куштор буд, Хайрандеш аз тариқи ин маҳфилҳо бар равони мардум каломи ҳунару адабу шеъри волоро ҷой менамуд.

Анъанаи маҳфилороиҳои Хайрандеш қадомати таърихӣ дошта, агар устод ба сини мубораки 63 қадам ниҳода бошанд, пас маҳфилороиҳои устод 45 сол боз ба шаклҳои гуногун ва равишҳои мухталиф идома доранд.

 

ПУБЛИТСИСТИКАИ ХАЙРАНДЕШ

  1. Бахши сеюми фаъолияти мондагори Устод Хайрандеш корҳои публитсистии ӯ мебошанд. Хайрандеш то имрӯз бо таълифи мақолаҳои муҳими публитсистӣ дар самти шинохт ва таблиғи афкори адабӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ нақши сазовор доштааст.

Ӯ муассис ва сардабири маҷаллаи адабии «Субҳ» (1993) буда, дар лаҳзаҳои ҳассоси ҷанги таҳмилии кишвар дар шаҳри бостонии Кӯлоб сухан аз адабу фарҳангу маънавиёт мегуфт. Инчунин, шоир сармуҳарририи нашрияҳои «Хирад», «Шарқи Озод», «Дунёи китоб», «Гулбарг» ва «Пайрав»-ро бар уҳда дошта, беш аз 150 мақолаи публитсистӣ рӯи чоп овардааст. Мақолаҳои ӯ фарогири масълаҳои адабӣ, фарҳангӣ, илмӣ, забоншиносӣ ва муаммову мушкилот дар самти назми адабии тоҷик, нашри китобҳо, адабёти бачагона ва амсоли инҳо мебошанд.

Нашрияи «Пайрав»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хонандагон пешбинӣ шудааст дар шароити имрӯз ягона нашрия барои наврасони кишвар мебошад, ки ба таври фарогир дар саросари ҷумҳурӣ паҳн шуда, дар саҳифаҳояш шавқовартарин маълумот пешкаши хонандагони наврас карда мешавад. Устод Хайрандеш дар саҳифаҳои нашрия шеъру тарона, чистону ҳикоя, тезгӯяк, зарбулмасал, панду андарз ва мақолаҳои кӯтоҳ аз эҷоди хонандагони мактабҳои ҷумҳурӣ ба нашр расонида, маводи нашрия дар самти тарбияи равонӣ ва маънавии наврасон нашр мешаванд ва ҳар як мақола бо тасвирҳои мултикатсионӣ зиннат дода мешаванд, ки барои табъи хонандаи наврас ва ҷалби онҳо ба мутолеаи нашрия муфид мебошад.

Ҳамзамон, устод дар самти телевизион ва радио низ, ки як бахши аъзами публитсистика мебошанд фаъолияти арзишманд дошта, дар радиоҳои вилоятии Кӯлоб, радиои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон», телевизионҳои Шабакаи Якуми Телевизиони Тоҷикистон, Сафина ва Душанбе HD фаъолияти пурсамари публитсистӣ доштааст.

Ба маврид аст, ки аз барномаи адабӣ – фарҳангии «Суфраи сухан»-и устод чанд ҷумла бигӯем. Ин барнома дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон дар солҳои 2009 – 2010 нашр шуда, доир ба китобҳои тозанашри шоирону нависандагони кишвар, ашъори шоирони муосир, эҷодиёти ҷавонон ва дигар масъалаҳои марбут ба назму наср сабту пахш мешуд. Устод ба сифати муаллиф ва барандаи барнома мавзуъои ҷолибро матраҳ намуда, меҳмонон ё худ ташхисгарони барнома, масъалаҳоро аз нигоҳи адабӣ, лирикӣ, ғиноӣ, илмӣ – назариявӣ баррасӣ мекарданд.

Инчунин, барномаи радиоии устод дар Радиои Тоҷикистон, ки бо номи «Маҳфили Хайрандеш» ба таври мустақим пахш мешуд, яке аз муҳимтарин ва сершунавандатарин барномаҳо ба ҳисоб рафта, дар барнома ашъори шоирони навроҳ ва навқаламони соҳибзавқ ба тарви мустақим таҳлилу баҳрир карда мешуданд. Ба ин барнома аз саросари кишвар ва ҳатто аз навоҳии наздимарзии Афғонистон ва Ӯзбекистон низ занг мезаданд ва ашъори худро қироат мекарданду аз шоир машварати адабӣ мегирифтанд. Барнома беш аз як сол пахш шуда, дар соли 2011 бо сабабҳои бюрократӣ пахши он қатъ гардид. Зарур аст, ки барои густариши каломи ноб, таълими дарсҳои суханшиносӣ барномаи мазкур бори дигар аз тарафи роҳбарияти радиои кишвар эҳё карда шавад, то инки навқаламоне, ки дар деҳу русто ва музофотҳоии дурдасти кишвар зиндагӣ мекунанд аз сабақҳои шеършиносӣ баҳраманд гарданд.

Яке аз хидматҳои шоиста ва арзишманди устод Хайрандеш, ки дар самти илму фарҳанги миллӣ анҷом шудааст бо пешниҳоди ӯ таъсис ёфтани Маркази «Тоҷикшиносӣ» дар назди собиқ Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки ин Марказ имрӯз низ дар дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад ва дар нашри муҳимтарн сарчашмаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик нақши илмию арзишманд мегузорад.

Дар шароите, ки тамоми санадҳои таърихӣ мавҷуд ҳастанд, иддае аз сабукандешӣ мехоҳанд ҳақиқатҳоро дар самти таъсири Маркази «Тоҷикшиносӣ», ки бо пешниҳоди устод Хайрандеш ва дастгирии бевоситаи шахсияти илмию фарҳангӣ, собиқ директори Китобхона Шарифҷон Комилзода рӯӣ кор омадааст нодида бигиранд. Ин дар ҳолест, ки Маркази «Тоҷикшиносӣ», дорои нашрияи хоси худ буд, ки бо номи «Хирад» моҳе як маротиба нашр мешуд ва чанд шумораи он дар махзани матбуоти даврӣ маҳфуз мебошад.

Ба пиндори банда рӯйпӯш кардани ҳақиқати таърихӣ на хидмат ба илми тоҷик ва маънавиёти он, балки теша задан бар решаи фарҳангу ирфону худшиносист.

 

ШОИР – ОМӮЗГОР

  1. Фаъолияти омӯзгории шоир, ки беш аз 15 соли умри ӯро фаро мегирад, низ дар ду шакл сурат гирифтааст. Нахуст ба сифати омӯзгор – мураббӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ба хонандагон дарс гуфтааст ва дуюм ба сифати роҳбар ва роҳнамо.

Омӯзгории шоири ҷавон баъд аз хатми мактаби миёна ба сифати роҳбари маҳфили хониши адабии Хонаи пионерони шаҳри Қўрғонтеппа дар соли 1978 оғоз шуда, баъд аз хатми донишгоҳ ва корҳои рӯзноманигорӣ дар солҳои 1985-1986 омӯзгориро дар деҳаҳои Тегермӣ ва Сариқоши ноҳияи Нуробод (собиқ Комсомолобод) идома додааст. Дар ин муддат таҷрибаи омӯзгории худро такмил намуда, дар миёни мардуми бумӣ ба ҳайси шоири дарёдил муаррифӣ гардидааст. Зеро Хайрандеш, ки зодаи диёри кӯҳӣ ва парвардаи дашту даманҳои сабзпӯшу дилорои кӯҳистон аст, дар ноҳияи Нуробод, ки ба зодгоҳи шоир – деҳаи Чагам шабоҳатҳои табиӣ дорад фараҳбахш буд.

Шоир фаъолияти омӯзгорияшро бо фаъолияти адабӣ-фарҳангӣ яксон анҷом дода, дар ҳеҷ маврид як корашро бар дигарӣ тарҷеҳ надодааст. Аммо дар ҳама ҳолат рисолаи аслии худ – шоириро тарк ҳам накардааст. Маҳс ҳамин аст, ки доираи дӯстону ҳаводорони шоир паҳновар буда, яке ба ӯ аз равзанаи омӯзгорӣ, дигаре ҳамчун рӯзноманигор, ҷамъе ҳамчун роҳбари маҳфилу шоири дарёнафас бо ӯ иртибот мегиранду самимият меварзанд. Яъне, ҳар чор бахши фаъолияти шоир барои ӯ вазифаҳои муқаддас дар самти хидматгузорӣ ба миллату мардуми хеш буда, шоир ҳамчун фарзанди диёри худ ҳамеша бо мардум будаасту бо ормонҳои миллӣ, арзишҳои давлатӣ ва қонунмандии кишвар садоқат доштааст.

Хидматҳои шоир то имрӯз бо нишонҳои Аълочии  матбуот, Аълочии фарҳанг ва Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст. Вале ба пиндорӣ банда шоире бо ин паҳноии фаъолият ва ин қаробати самимӣ бо миллат шоистаи унвони Шоири халқии Тоҷикистон дорад. Ҳарчанд ба қавли устоди адаб Алимуҳаммади Муродӣ “Хайрандеш шоири аз халқӣ ҳам халқитар аст”.

Тавре дар боло зикр шуд шоир чанд вақти охир бо тахаллуси адабии “Пайдо” ашъори худро эҷод мекунаду сурудаҳои хешро манзури аҳли завқ мегардонад. Агар имрӯз ба устод Хайрандеш тааллуқ доштани ин тахаллусро таъкидан зикр накунем шояд бо дигаргунӣ ва навоварие, ки дар шеъри ҷадиди устод бо ин тахаллус дида мешавад барои муҳаққиқон номафҳумӣ пеш ояд. Зеро “Пайдо” барои мо ҳунару санъати волоеро пайдо менамояду муаррифӣ месозад. Ҳамчун як муҳаққиқи навроҳ ба инбоварам, ки эҷод бо чунин сабк, чунин мазмун ва муҳтаво ғановати каломи шоирро ба маротиб боло бурда, назми муосири моро боз ҳам қавитар мегардонад. Чун дар арафаи мелоди устод ҳастем дар баробари таманниёти саодатмандии комил ба устод бо самимияти том мегӯям, ки “Пайдо”-т муборак бод”!!!

Муҳаммадиқбол АТОЗОДА,
номзади илми филология,
сардори Маркази таҳсилот  ва
инноватсияҳои
китобдорӣ