Нақши ҷавонон дар паёми пешвои миллат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёму суханрониҳои хеш ба насли ҷавони кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пеш аз ҳама таъкид менамоянд, ки «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо дар бунёди иншооти азими мамлакат то хидмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Инчунин бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонон неруи пешбаранда ва созандаи имрўзу ояндаи ватани азизамон мебошанд. Ҷавонони соҳибистеъдод ва ҳушёру зирак ифтихор ва сармояи хушбахтиву саъодатмандии ҷомеа ба ҳисоб рафта, бояд фаромӯш насозанд, ки масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакат ба зимаи онҳо вогузор шудааст. Воқеъан ҳам, пешрафти имрўзаи ҷамъият ҳар чи бештар ба илму фарҳанг ва қувваи бунёдкори эҷодӣ, ба ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷ дорад.
Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон корҳои зиёдеро ба анҷом расонида аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Стипендияҳои Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин аз санаи 20 – уми марти соли 1998 таҳти № 967 дар бораи таъсис ёфтани «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ» барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоёнро анҷом додаанд ва таъсиси фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардид. Чуноне, ки ин нуктаро Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад». Барои самаранок истифода бурдани ин имконияту шароити муҳайёгардида ҳар як ҷавони ватандӯсту хештаншиносро мебояд, ки бо дарки масъулияти баланд баҳри омӯзиши ҳамаҷонибаи илмҳои замони муосир ва аз бар намудани касбу ҳунар, инчунин аз худ кардани техника ва технологияи иттилоотию телекомуникатсионӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.
Ҳамаи ин муваффақияту комёбӣ ва шуҷоату мардонагии сарвари хирадманду доно ва саховатпешаи диёри маҳбубамон буд, ки дар зарфи 31 – соли Истиқлолияти давлатӣ бо иқдомҳои наҷибу боварибахши хеш, дар роҳи фардои дурахшони Тоҷикистон ҳамаро муттаҳид намуда, барои бунёди як ҷомеаи комилан озоду адолатпарвар ва сарсабзу хуррам гардонидани ин сарзамини муқаддас, саҳми бениҳоят бузург гузоштанд.
Месазад, ки бо ин ҳама ғамхорӣ ва фарзонагии ин абармарди ҷоннисори миллат, таҳсину офарин хонд ва барои устувории пойдевори Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пайгиронаву ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолияти худро ба роҳ монда, барои боз ҳам шукуфону гулафшон гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо иродаи қавӣ ва аз сидқи дил хидмат намуд. Аз ҷумла, мо ҷавонони хушбахту саодатманд чун пайравони асилу ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, барои ҳифзи якпорчагӣ ва устувор нигоҳ доштани истиқлолияти давлатии ин сарзамини зархези бузургон саъю талош менамоем. Зеро Пешвои миллат ба нерӯю тавонии мо ҷавонон эътимоди комил дошта, ин нуктаро дар Паёми имсолаи хеш зикр намудаанд, ки: «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».
Ман ҳамчун мутахассиси соҳаи китобдорӣ боварии комил дорам, ки баъд аз ҳазорсолаҳо он иқдому ташаббусҳои Сарвари давлатамон, ки барои мо ҷавонон пешниҳод кардаанд, ҳамчун асноди муҳими таърихӣ, дар бойгониҳо нигоҳдорӣ ва аз тарафи муҳаққиқон истифода мегардад ва наслҳои ояндаи миллат аз ин иқдомоти судманд ва беназири Пешвои миллат бархурдор хоҳанд шуд.
Бигзор Истиқлолияти давлатӣ, дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо ҳукмфармо бошад ва халқи фарҳангсолору хирадпешааш дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари маҳбуби он баҳри фардои дурахшон қадамҳои устувор гузоранд.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»