Намоиши китоб бахшида ба рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Абӯабдуллоҳи РӯдакӣБо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба расмият даромадани “Рӯзи Рӯдакӣ” имкон дод, ки мо ба рӯзгору осор ва мақому мартабаи адабию фарҳангӣ ва маънавии устод назари тоза андозем. Натиҷаи ин ибтикорот ҳамин аст, ки тайи чанд сол рўзи 22- сентябр ҳамчун рўзи бузургдошти Одамушуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар саросари кишварамон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва илмию фарҳангӣ ба таври васеъ таҷлил карда мешавад.

Шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯшаи намоиши китоб доир намуд.

Дар гӯшаи мазкур нодиртарин мероси пурарзиш бо қалами Маликушуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамасрони ӯ, асарҳои пажӯҳишӣ дар бораи осор ва аҳволи усто ба намоиш гузошта шудааст.

Хоҳишмандон метавонанд ин намоиши китобро дар ошёнаи панҷуми Китобхонаи миллӣ, шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ тамошо кунанд.

Абдуғаюр САЛОМОВ,
сардори шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ