Намоиши китоб бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар Китобхонаи миллӣ
Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намуда, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасу биҳиштосоямон бошанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24 январи соли 2016) вобаста ба масъалаи ҷавонон гуфта шудааст: “Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд. Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолиии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хидмат мекунанд.”
Бо мақсади таҷлили “Рӯри ҷавонони Тоҷикистон” шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ намоиши китоб баргузор кардааст ва як силсила китобҳое, ки ба фаъолияти ҷавонон бахшида шудаанд, гирд овардааст.
Неъматова Дилноза, мутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ