Намоиши китоб бахшида ба Рӯзи Президент

Намоиши-китобҲамасола рӯзи 16-уми ноябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гифта мешавад. Ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ин махсус қйд шудааст.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябр соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ бо заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва президенти мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.

Шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон бахшида ба ин рӯз намоиши китоб ташкил намуд.

Дар намоиш китобҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китобҳо бахшида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд.

Азиза НИЁЗОВА,
м
утахассиси шуъбаи
тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ